Бо ҳимояти молии Tcell дар Душанбе мусобиқаи варзишии сайберӣ (киберӣ) баргузор шуд.

Оператори пешсаф ва навовари кишвар -ширкати Tcell бузургтарин мусобиқаи варзишии сайберӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ кард. Ғолибон, барандагони мақомҳои ифтихорӣ, инчунин  MVP (бозигари аз ҳама арзишманд) -и мусобиқа соҳиби ҷоизаҳои молиявӣ гардиданд.

Мусобиқа аз рӯи меъёр ва низоми PUBG Mobile гузаронида шуд ва дар он зиёда аз 60 бозигар   маҳорати сайберии худро дар сатҳи касбӣ пешниҳод намуданд.

Ғолибони даври ниҳоӣ (финал), ки се даста буданд, аз тарафи намояндагони Tcell қадрдонӣ шуданд: барои ҷои 1-ум 12000 сомонӣ, барои ҷои 2-юм 5000 сомонӣ ва барои ҷои 3-юм 3000 сомонӣ тақдим гардид. Инчунин, MVP (Most Valuable Player -пурарзиштарин бозигар) -и мусобиқа бо роҳхат ба Дубай мукофотонида шуд.
Иштирокчиёни боқимондаи ин мусобиқа низ бенасиб намонданд: Tcell озмуни иловагиро баргузор намуд, ки дар он ба 3 ғолиб 3 симкорт бо трафики интернети мобилӣ тақдим карда шуд. Мухлисону ҳаводорони дастаҳо низ имкони ширкат дар бурди “рақамҳои зебо”-ро доштанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар тамоми ҷаҳон варзиши сайберӣ бемайлон рушд карда, миёни мухлисон маҳбубияти бештар пайдо менамояд. Tcell ба унвони оператори пешсаф ва навовари кишвар,   рушди муҳити рақамӣ (диҷитол)-ро дар Тоҷикистон пуштибонӣ карда, талош менамояд, ки барои сокинони ҷумҳурӣ роҳҳалҳои муосири навоваронаро пешниҳод созад.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1238

Бозгашт ба рӯйхат