Кешбек дар ҳаҷми 50% аз арзиши хизматрасониҳои Tcell-ро дар корти муштараки Tcell ва Dushanbe City дарёфт намоед!

Пешниҳоди беназири оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ва Dushanbe City ба муштариён: пардохти муштариро барои тарофа пардохта, 50% аз арзиши хизматрасониҳоро дар корти муштарак(кобрендингӣ)-и  Tcell ва  Dushanbe City, ки ҳамин ҳоло истифода мебаред, ҳамчун тӯҳфа бигиред!

Ҳангоми харидории SIM-кортҳо ва пайвастсозии тарофаҳои нақшавӣ аз Tcell «Даркор 30», «Алло 30» ва аз он боло, ба муштарӣ корти  Dushanbe City ройгон пешниҳод гардида, ҳамчунин 50% аз арзиши пардохти муштарӣ ба корт дар намуди пулҳои маҷозӣ (имтиёзҳо) бозпас баргардонида мешавад.

То 50% аз ин имтиёзҳоро барои пайваст кардани хизматрасонӣ ва опсияҳои ҷадиди Tcell тавассути фармонҳои оддӣ сарф кардан мумкин аст! Имтиёзҳоро барои пайваст намудани хизматрасониҳои зер:  «Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд», «YouTube-и бемаҳдуд», «Бемаҳдуди шабона» ва  «Паёмрасонҳои бемаҳдуд» истифода бурдан имкон дорад.

Барои тафтиши имтиёзҳои ҷамъшуда ва боқимондаи он фармони  *120*99# -ро анҷом диҳед. Истифодаи хол (имтиёз)-ҳо дар муддати 3 моҳ, аз рӯзи гузаштанашон ба ҳисоби корти муштараки Tcell ва Dushanbe City мумкин аст.

Кортҳои кобрендингии Tcell ва Dushanbe City як қатор бартарияти олиро барои дорандагони ин намуд кортҳо фароҳам меоранд: пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти ҳисоб дар ҳама нуқтаҳои фурӯш, гирифтани пули нақд аз корт дар ҳамаи банкоматҳои кишвар. Афзалияти асосии ин корт интиқол ва қабули бе фоизи маблағ аз Федератсияи Русия мебошад!

Имконияти худро барои пайваст шудан ба оилаи бузурги Tcell ва гирифтани пешниҳодоти муфид,, кешбэкҳо ва тахфифҳо аз даст надиҳед!
1261

Бозгашт ба рӯйхат