Tcell татбиқи барномаи «Эко»-ро дар минтақаҳои Тоҷикистон идома медиҳад!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell ғамхорӣ дар бораи муҳити бехатар ва зистмущити кишварамонро давом медиҳад. Қадами навбатӣ дар татбиқи Эко-барномаи Tcell    шинондани ниҳолҳо дар Бохтар ва Ҳисор буд.

Дар Бохтар иқдоми ниҳолшинонӣ муштаракан бо Раёсати маорифи шаҳр баргузор гардида, дар 6 муассисаи таълимии ноҳия беш аз 200 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда (себ, шафтолу, олу, зардолу, хурмо ва бодом) шинонданд.

Аснои дарахтшинонӣ хонандагон ва муаллимони ин мактабҳо ширкат варзиданд. Дар оянда меваи дарахтони мазкурро талабаҳои муассисаҳои таълимӣ истифода мебаранд.

Дар масири шоҳроҳи Турсунзода- Душанбе бошад, 50 дарахти арча қомат афрохт, ки онҳоро кормандони ширкати Tcell шинонданд.

Як моҳ қабл аз ин, кормандони Tcell ҳамроҳ бо Директори генералии ширкат Озодхон Давлатшоев дар боғи “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе 200 ниҳоли ақоқиё (акатсия) ва дар боғҳои “Наврӯзгоҳ”-у “Хайём”-и пойтахт 200 ниҳоли тӯси сафедпӯст ва арча шинонданд. Ниҳолҳо аз ҳисоби бунёди экологии тарҳи “Эко” харидорӣ мешаванд.   

Барои оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell, ғамхорӣ ба муҳити зист ва муносибати бомасъулият ба масоили марбути экология аз ҷумлаи арзишҳои фаъолияти ҳаррӯза маҳсуб меёбад. Ширкати Тсеll барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба масоили ҳифзи муҳити зист, дар моҳи апрели соли гузашта ҷадвали тарофаҳо ва бастаҳои “Эко”-ро роҳандозӣ кард.

Тавассути иштирок дар барномаи “Эко” ҳар як муштари метавонад саҳми худро дар беҳбудсозии вазъи муҳити зист гузорад. Иштирок дар барномаи “Эко” аз Tcell ихтиёрӣ мебошад, яъне муштариён маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳа барои тарофа ё бастаи Интернет анҷом мешавад. Сандуқ (фонд)-и ҷамъшудаи маболиғ барои рушди тарҳҳои экологии пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон ироа мегардад.

Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Алло Эко»: https://www.tcell.tj/tj/tarofahoi-nav/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/tj/tarofahoi-nav/new-darkor.php

1.jpg

2.jpg

3.jpg


1288

Бозгашт ба рӯйхат