Tcell ва Федератсияи футболи Тоҷикистон аз оғози бозиҳои Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон “Футбол ба назди шумо меояд” хабар медиҳанд!

25.01.2021

Лигаи футболи кӯдаконаи маҳаллаҳо «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2021 ба 30- солагии таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси ширкати Tcell бахшида мешавад.

Имсол лоиҳаи "Футбол ба назди шумо меояд" дар ду марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мешавад. Имкон дорад, дар давраи муқаддамотӣ шумораи зиёди дастаҳо барои иштирок дар мусобиқа дархост диҳанд. 16 дастаи беҳтарин дар чор категорияи синну сол ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои ниҳоӣ (финалӣ) мутаносибан дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва инчунин дар майдони тамрини Академияи футболи ФФТ дар Алмосӣ баргузор мешаванд.

Солҳои охир бо дастгирии Tcell Лигаи футболи кӯдакон шумораи зиёди наврасону ҷавононро дар саросари кишвар ба ин намуди варзиш ҷалб намуд. Дар лоиҳа кӯдакони аз 6 то 12-сола ширкат варзиданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур дар ниҳоди кӯдакону наврасон бедор кардани ҳисси шавқу муҳаббат ба футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Tcell бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд», дар бораи насли ҷавон ғамхорӣ мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.

Барои Tcell пуштибонӣ аз тарҳи “Футбол ба назди шумо меояд” ҷузъи муҳими масъулияти иҷтимоии ширкат маҳсуб меёбад. Чунин лоиҳаҳо дар кӯдакон рӯҳияи рақобатпазирӣ, саъйу кӯшиш, эътимоду боварӣ ба пирӯзиро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба роҳи дуруст равона менамояд.

soccer_kids-03.png

Возврат к списку