Tcell оиди таъини Директори Генералии нав хабар медиҳад

новый_ген_дир_2.png

Мансур Ҳомидов, Директори Генералии ҳозираи ширкати Tcell, ки дар ин вазифа беш аз 4 сол кор менамояд, Вице-президент оид ба фаъолияти тиҷоратии ширкати TeliaSonera дар минтақаи Аврупою Осиё таъин шудааст. Ба ҷои ӯ ба Tcell Миндаугас Убартас меояд. Таъиншавӣ бояд моҳи августи соли ҷорӣ эътибор пайдо намояд.

"Ман аз самими дил ба Мансур барои саҳму кӯшиши ӯ дар фаъолияти ширкат, барои комёбиҳо дар созмон додани дастаи пуриқтидори Tcell ва нигоҳ доштани мавқеи баланди ширкат дар бозори телекоммуикатсионӣ дар шароити сахти рақобат миннатдорӣ баён менамоям. Омади Миндаугасро ба Tcell хайрамақдам мегӯям. Таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти ӯ дар вазифаҳои менеҷерӣ дар соҳаи телекоммуникатсионӣ дар бозорҳои гуногун барои ширкат хеле лозим меояд" – гуфт Эрик Холберг, Вице-президент Иҷрокунандаи TeliaSonera ва роҳбари ширкат дар минтақаи Аврупоб Осиё.

Миндаугас Убартас аз соли 1999 вазифаҳои роҳбариро дар ширкатҳои Bite GSM ва Lietuvos Telekomas дар Литва, Tele2 дар Литва, Эстония ва Қазоқистон иҷро менамуд. Ба ғайр аз ин, аз соли 2012 то соли 2014 ӯ Раиси Шӯрои парасторони Televork, провайдери магистралии Tele2 дар Эстония, буд.

Миндаугас Убартас Доишгоҳи Витовти Бузургро дар Литва хатм намудааст ва магистр дар самти «Менеҷмент» аст.




4002

Бозгашт ба рӯйхат