Нашр
Хабарҳо

Tcell дар вилояти Суғд боз 4 маркази хизматрасонии муштариёнро ифтитоҳ кард

11.07.2019

Марказҳои ҷадиди хизматрасонии Tcell дар ҷамоатҳои Сурх (Исфара), Пунук (ноҳияи Ашт), Ворӯ ва назди гузаргоҳи марзии “Саразм”-и Панҷакенти вилояти Суғд дарҳои худро ба рӯи муштариён боз намуданд.

Акнун сокинони ин манотиқ бо осонӣ аз мутахассисони ҳирфаии ширкати Tcell дар ҳама ҳолат ва дар мавриди ҳама мушкилоташон машварат гирифта метавонанд: интихоби тарофаи зарурӣ ва намуди хизматрасонӣ, пайвастшавӣ ва бақайдгирии SIM-кортҳои Tcell, пур кардани тавозун, боргирӣ ва насби барномаҳо, аз ҷумла «ТезСум» ва «Чӣ Гап» дар ин дафтарҳо имконпазир аст.

Ҳамин тавр, гирифтани машварати мутахассисон, пайваст шудан бо тарофаи дилхоҳи интернет ва соири дигар хизматрасониҳо барои муштариён қулайтару осонтар шуд. Вобаста ба ҷои ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ онҳо барои муштариён манфиатоваранд.

Боз гардидани марказҳои хидматрасонии Tcell дар мавзеҳои номбурда кори муштариёнро осон намуда, шароити мусоидро барои бақайдгирии симкортҳо фароҳам меорад. То ин замон барои анҷоми чунин корҳо муштариён ба марказҳои ноҳия ва ё ба он ҷое мерафтанд, ки аз маҳалли зисташон хеле дур ҷойгир шуда буданд.

Маврид ба ёдоварист, ки маркази ифтитоҳшуда дар Саразм дар наздикии гузаргоҳи марзӣ воқеъ аст. Ин барои беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани хидматрасонӣ барои меҳмонону сайёҳон аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон мусоидат мекунад. Дар ин ҷо ҷаҳонгардон на фақат бо шабакаи Тсеll пайваст мешаванд, балки метавонанд тарофаи мақбулашонро интихоб намоянд, SIM-корташонро иваз намоянд ва ҳисоби мобилиашонро пурра кунанд.

То охири соли равон ширкати Tcell тасмим дорад дар цисмати шимолии Тоыикистон 15 маркази ҷадиди хизматраниро ба иловаи дигар марказҳо, аз ҷумла дар манотиқи наздимарзсӣ фаъол созад.   

IMG_7427.JPG  

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Возврат к списку