Tcell ҳамшарики навоваронаи низоми нави «Ёрии таъҷилӣ»

12 августи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд лоиҳаи автоматикунонии хизматрасонии ёрии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди амал қарор гирифт. Ин низом зангҳоро дар маркази ягонаи комутатсионӣ қабул карда, ба наздиктарин гуруҳи ёрии "таъҷилӣ" бе таъхир мерасонад. Кормандони хадамоти диспетчерӣ дар реҷаи воқеъӣ мавзеъи будубоши нақлиёти ёрии тиббиро муайян намуда, ба назди бемор мефиристанд.

 Хадамоти ёрии таъҷилӣ ҳоло ҳам яке аз асоситарин низоми тандурустӣ маҳсуб ёфта, барои наҷоти ҳаёти одамон дар ҳама гуна ҳолати изтирорӣ омода мебошад. Вазифаи аслии хадамоти ёрии таъҷилӣ дар он аст, ки ҳар чӣ зудтар ба ҷои зарурӣ расида, ташхис гузорад ва қарори фаврӣ қабул намояд. Аз ин рӯ, нишондиҳандаи асосии фаъолияти ёрии таъҷилӣ - вақт мебошад.

Барои Tcell муҳим аст, ки низоми автоматии воридгардида куллан ба талаботи барномаи ҷадид ҷавобгӯ бошад. Новый подход Муносибат ва бархӯрди нав имконият медиҳад, ки мушкилоти роҳ зуд муайян карда шавад ва бо суръати сареъ ба назди бемор расида, ёрии тиббӣ саривақт ироа гардад.

Фанновариҳои ҷадид дар миёни аҳолӣ интизороти навро шакл медиҳад. Дар зимн талаботи мардум низ ба тандурустӣ тағйир меёбад. Беморони феълӣ(муосир) аз таҷҳизоти мобилӣ фаъолона истифода мебаранд. Ин омил масъулини бемористону марказҳои тиббӣ, клиника ва дигар ташкилотҳои марбутаро водор месозад, ки роҳу усулҳои нави иртиботро бо аҳолӣ ҷустуҷӯ намоянд. Қадами нав дар ростои рушди бахши ҳифзи саломатӣ истифодаи унсурҳои автоматикунонии марказҳои тамосу иттилоъ ва воридсозии чат-ботҳо барои роҳандозии иртиботи фаврӣ маҳсуб мешавад.

Оператор дастрасии бемаҳдудро ба Zoom-зангҳо барои табибони шӯъбаи эҳёгариии бемористони №1 шаҳри Хуҷанд барқарору таъмин намуд. Тавассути ин, духтурон имкон доранд бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳо машварат карда, таҷриба иваз намоянд ва аз ҳама асоси барои наҷоти ҳаёти одамон талоши бештар кунанд. Машварати маҷозӣ (ё консилиуми маҷозӣ)  — қадами нав дар ҷараёни ҷарроҳӣ ва ё гуфтумони беморон бо мутахассисони хориҷӣ дар реҷаи воқеъӣ  барои муайян кардани роҳи муолиҷаи бемориҳои музмин мебошад.


1427

Бозгашт ба рӯйхат