Tcell Қаҳрамони ҷудо (дзюдо)-и Тоҷикистон Шакармамад Мирмамадовро дастгирӣ кард!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар, ширкати Tcell Қаҳрамони риштаи ҷудои Тоҷикистон Шакармамад Мирмамадовро барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаи байналмилалии варзишӣ пуштибонӣ менамояд. Директори генералӣ - Озодхон Давлатшоев бо варзишгар вохӯрда, ба ӯ дар сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ пирӯзӣ таманно кард.

Шакармамад Мирмамадов ду дафъа Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон (дар вазни беш аз 100 кило) шудааст. Вай дар мусобиқаҳои гӯштини ҷудо дар сатҳи олӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол кардааст. Мирмамадов барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта (Индонезия) дар соли 2018 мебошад.

Дар ҳоли ҳозир, варзишгар аз мусобиқаи “Тоскулоҳи Бузурги Тошканд-2021”- и Ӯзбекистон (Тashkent Grand Slam 2021) баргашта, ба мусобиқаи навбатӣ дар Тифлис (Гурҷистон) омодагӣ мебинад.

«Мо кормандони ширкати мухобиротии  Tcell аз чунин варзишгарони маъруфу шинохта, ки ватани моро дар хориҷа муаррифӣ мекунанд, ифтихор менамоем. Маҳз, чунин варзишгарон барои тамоми Тоҷикистон ифтихор меоранд ва бо дастгирии онҳо барои иштирокашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мо мекӯшем, ки дар рушди варзиши тоҷик саҳмгузор бошем ”, - гуфт Озодхон Давлатшоев.

Дар айни замон, ширкати Tcell фаъолияти олиро дар бахши иҷтимоӣ ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи муҳитит зистро васеъ тарғиб менамояд. Tcell мунтазам чорабиниҳои мухталифи варзиширо сарапарсстӣ карда, ба варзишгарон кӯмаки молӣ мерасонад ва ба ин васила талош меварзад, ки арзишҳои дуруст ва тарзи ҳаёти солимро дар байни насли наврас ташвиқ намояд.

158939853_3778307752205842_652240489729250736_o.jpg

1256

Бозгашт ба рӯйхат