Пас аз ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва фурӯшгоҳи вижа дар Душанбе, оператори пешсафу навовари кишвар- ширкати Tcell як чунин дафтарро дар Хуҷанд низ боз кард.

Дар маросими ба кор оғоз намудани он, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, мири шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев ширкат варзиданд.

Дар ин фурӯшгоҳ-маркази иноватсионӣ тамоми шароити зарурӣ барои хизматрасонии босифату саривақтӣ ба муштариён фароҳам гардида, фурӯши таҷҳизоти муосири алоқа ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин, имкони санҷишу тафтиши сифати маҳсулоти ҷадиди ширкат- Интернети босуръати хонагии "TezNet" вуҷуд дорад. Маркази хизматрасонии инноватсионӣ дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Ифтитоҳи фурӯшгоҳ-дафтари мазкур ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ширкати Tcell сурат гирифт.

1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg

4.jpeg

5.jpeg

6.jpeg

7.jpeg

8.jpeg

9.jpeg

10.jpeg

1344

Бозгашт ба рӯйхат