Tcell шарики расмии Лигаи Роботҳо дар Тоҷикистон гардид!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар - ширкати Tcell бо «Лигаи роботҳо» - Маркази омӯзиши техникаи роботҳо ва барномасозӣ барои кӯдакону наврасон ҳамкории стратегиро ба роҳ мемонад.  

Лигаи Роботҳо барои кӯдакон давраҳои онлайнии барномасозиро оғоз мекунад. Таълимгирандагони Лига ба таври фосилавӣ метавонанд барномасозиро дар Scratch, Python, HTML CSS омӯзанд. Барои номнавис шудан дар ин давраҳои таълимӣ аз пайванди зер истифода баред: https://taplink.cc/ligarobotovdushanbe

Tcell лоиҳаи мазкурро дар тамоми давраи омӯзишӣ барои дастрасии ройгони хонандагон ба Интернети баландсуръат дастгирӣ менамояд!   

Дар айни замон, зарурати омӯзиши малакаҳои фанновариҳои нав афзоиш меёбад. Лигаи Роботҳо ва Tcell дар давраҳои омӯзиши онлайнии барномасозӣ барои кашфи истеъдодҳои ҷавон кӯмак карда, таваҷҷӯҳи насли наврасро ба технологияҳои иттилоотӣ бештар менамоянд.  

Дар доираи масъулияти иҷтимоӣ, Tcell ҳамвора бахши маорифи кишварро дастгирӣ менамояд. Дар ширкат ба ин боваранд, ки роҳи мустақими кашфу татбиқи нерӯи ҳар як фард- таъмини дастрасии номаҳдуд ба захираҳои иттилоотӣ ва таълимӣ мебошад.
1312

Бозгашт ба рӯйхат