Tcell ба олами абарқаҳрамонҳо даъват менамояд!

Портали мултимедиавии Tcell, ки барои тамошои навору филмҳо дар дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ шудааст, бо бахши нав - "Силсилафилмҳои MARVEL" пур карда шуд! Дар ин ҷо беҳтарин ва сермухлистарин силсилафилмҳои Marvel, аз қабили “Интиқомгирандагон” , “Бузургтарин қаҳрамонони давр”, “Ҷосусҳои СИПАР”, “Одамони фавқулодда” ва даҳҳо филм гирд оварда шудаанд.

Барои пайваст шудан ба бахши "Силсилаи MARVEL" шумо бояд фармони * 1191 * 5 # -ро иҷро намоед ва пас аз гирифтани паёмак (SMS) ба пайванди ирсолшуда гузаред. Арзиши истифодаи портал дар як рӯз 80 дирам аст.

Портали мултимедиавии Tcell дорои хабарҳои ҷолибтарин аз филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ, филмҳои тасвирӣ, барномаҳои телевизионӣ, филмҳои таълимӣ ва ҳатто маҷаллаҳо мебошад.

Бахшҳои портал:

  • Силсилафилмҳои телевизионӣ
  • Дарсҳои таълимӣ бо навор
  • Маҷаллаҳо
  • Филмҳои тасвирии Disney
  • Силсилафилмҳои MARVEL

Портал ба шумо имкон медиҳад, ки навору видеоҳоро дар интернет тамошо кунед ва ба дастгоҳи худ боргирӣ кунед. Тавассути обуна низ имкони идора кардан ва роҳандозии утоқи шахсӣ имконпазир аст.

Дар портали мултимедиаи Tcell бо нишонии https://tcell.a1-systems.com филмҳои дӯстдоштаи худро тамошо кунед, маҷалла бихонед ва аз навгониҳо бохабар шавед.


1528

Бозгашт ба рӯйхат