Биёед, якҷоя рӯҳияву фазои идона эҷод намоем!

Tcell озмуни "Соли нави бунафшранги ман"-ро эълон мекунад, ки зимни иштирок дар он Шумо метавонед, интернетро барои тамоми соли 2022 бурд кунед!

Барои ширкат дар озмун Шумо бояд хонаи худро ба навор гиред, ки чӣ тавр онро ба муносибати Соли нав оро додаед ва ҳамаро бо Соли нави 2022 табрик гӯед! 5 ғолиб - бо ороишоти аз ҳама беҳтару эҷодкорона, зебо ва идона соҳиби "Бастаи солона 2022” - 85 000 МБ аз Tcell - алоқаи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет дар давоми соли 2022 мегарданд!

Дар навор имкон дорад, арчаи солинавӣ, бозичаву ороишоти дигар ва ҳама он чизҳое мавҷуд бошанд, ки барои эҷоди фазо ва рӯҳияи идона дар хона ба истиқболи Соли нав мусоидат менамоянд. Ва дар навор метавонед ҳар касеро табрик кунед: волидайн, фарзандон, дӯстон, ҳамкорон ва ё ҳамаи тоҷикистониёнро! Формати видео пурра аз тахайюли эҷодии муаллиф вобаста аст. Агар видео дорои ороишот ва ашёҳо бо ранги БУНАФШ бошад- албатта ин бартарӣ маҳсуб хоҳад ёфт!

Навор бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • Давомнокӣ- на бештар аз 1 дақиқа;
  • Видео набояд таблиғи ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар гирад;
  • Наворҳо набояд амали ғайриқонунӣ, ҳарфи ноҷо ва маводҳои барои 18+ дошта бошанд;
  • Меъёри асосӣ –асолат ва эҷодкорист! Маҳз худи Шумо бояд муаллифи видео бошеду макони наворгирӣ Тоҷикистон бошад. Ҳар гуна навори плагиат (дуздӣ), ки ба иштирокчӣ тааллуқ надорад, манъ ва аз озмун хориҷ карда мешавад;

Видеоро ба Telegram ба рақами +992938860008 ирсол намуда, 5 "Бастаи солонаи 2022"-ро бурд кунед! Аз рӯи натиҷаҳои озмун комиссия аз ҳисоби кормандони ширкат беҳтарин наворҳоро интихоб намуда, муаллифон соҳиби ҷоиза мешаванд.

Tcell ҳуқуқи истифодаи наворҳои ирсолшударо дошта, онҳоро дар шабакаҳои Тсеll ва YouTube, инчунин дар саҳифаҳои расмии Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад. Бо пешниҳоди видеоҳои худ ба озмун, Шумо розӣ буданатонро бо шартҳои озмун тасдиқ менамоед.

Давраи баргузории озмун: аз 13 то 29 декабр (рӯзи охирини қабул)

Мо мунтазири наворҳои аслӣ, ҷолиб ва эҷодкоронаи Шумо ҳастем!


2306

Бозгашт ба рӯйхат