Tcell пешниҳод мекунад, ки роутерҳоро аз марказҳои хизматрасонӣ дастрас намоед!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell барои муштариён имконияти харидории роутерҳои 4G ва Mi-Fi -ро дар куллияи марказҳои хизматрасонӣ фароҳам овардааст!

Арзиши 4G роутер аз трафики Интернети пайвастшуда вобаста аст. Ҳамин тавр, бо харидории роутери 4G бо нархи 900 сомонӣ, ба муштарӣ тарофаи «Бемаҳдуд L» бо трафики 30 Гб ба муддати 1 моҳ пайваст карда мешавад.

4G роутерҳое, ки аз марокизи хизматрасонии Tcell дастрас карда мешаванд, қуввадиҳанда (аккумулятор)-еро доро мебошанд, ки аз 2 то 3 соат бе барқ кор мекунанд.

Ҳамчунин, ба корбарон пешниҳод мегардад, Mi-Fi роутерҳо (кисагӣ) -ро, ки бо тарофаи «Бемаҳдуд M» бо трафики 10 Гб муҷаҳҳаз мебошанд, харидорӣ намоянд. Mi-Fi Router- ҳои мазкур дорои манбаъи тавлиди қувва (power bank) буда, ба муштарӣ имкон медиҳанд, ки телефони худро қувва дода, ҳамзамон аз шабакаи Интернет истифода баранд.

Ширкати Tcell барои пайваст кардан ва истифодаи роутерҳо, шумораи бузурги тарофаҳои  «Бемаҳдуд 4G»-ро пешниҳод менамояд. Ин тарофаҳо барои корбарони фаъол ва доимии Интернет мусоид мебошанд.

Бо пайваст кардани тарофаи нақшавии «Бемаҳдуд 4G», Шумо роҳат дар давоми 24/7 онлайн хоҳед буд! Бартарияти бастаҳои бемаҳдуд дар ин аст, ки пас аз ба итмом расидани ҳаҷми асосии трафики Интернети баста мутобиқи опсия имконияти истифодаи Интернет боқӣ мемонад!

Вобаста ба талаботи инфиродӣ ва истифодабарии Интернет, ҳар як муштарӣ метавонад ҳамон бастаеро интихоб кунад, кил барояш аз нигоҳи ҳаҷм ва арзиш қонеъкунанда аст.

Муфассал дар бораи тарофаи «Бемаҳдуд 4G»: https://www.tcell.tj/tj/internet/4g/tarofaho/tarofai-belimit-4g.php
1232

Бозгашт ба рӯйхат