Tcell барои ҳаводорони варзиш порталро роҳандозӣ кард!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell портали "Tcell Спорт"- http://sport.tcell.tj -ро барои ҳамаи мухлисон ва дӯстдорони варзиш ба роҳ андохт.

Дар портал тозатарин ва муҳимтарин ахбори варзишӣ ҷамъ оварда шудааст. Дар ин ҷо бо натиҷаи мусобиқаҳо ва ҷадвали бозиҳои варзишӣ шинос шудан мумкин аст. Ҳамчунин, дар ин пойгоҳи хабарӣ бахши "Навор" мавҷуд буда, дар он шавқовартарин  ва беҳтарин шарҳу тавзеҳоти варзишӣ ва таҳлилҳои соҳавӣ ҷо дода мешаванд.

Ҳамаи ин бо беҳтарин сифат ва дар ҳама намуди таҷҳизот (гаҷетҳо) дар дилхоҳ лаҳза ва макону минтақае, ки фарогири 3G ва 4G аз Tcell мебошанд, дастрас хоҳад буд! Ҳамагӣ бо 1 сомонӣ дар 1 рӯз имкон доред, аз ҳама гуна хабарҳои олами варзиш бохабар бошед!

Барои обунашавӣ фармони *1191*7# -ро иҷро намоед ва ё ба худи пойгоҳ (портал) обуна шавед: http://sport.tcell.tj
1152

Бозгашт ба рӯйхат