Tcell Ташаббусҳои бузурги ТДМ-ро дастгирӣ менамояд

Имрӯз, 25 сентябри соли 2015 сарварони 193 давлат дар маросими таърихӣ иштирок менамоянд. Онҳо оиди пешрафти 17 Ҳадафи умумиҷаҳонӣ барои 15 соли минбаъда мулоқот мегузаронанд. Ин ҳадафҳо имкон медиҳанд, ки 3 масъалаи муҳими ҷаҳонӣ ҳалли худро ёбанд: аз байн бурдани қашоқӣ, мубориза бар зидди нобаробарию беадолатӣ ва қатъгардонии дигаргуншавии иқлим. Ҳалли ин ҳадафҳо дунёи моро ба ҷое табдил медиҳад, ки дар он ҳар як мард ва ҳар як зан ҳуқуқ ба ҳаёти солим ва бехатар, ки пур аз имконот ва муҳаббат аст, доранд. Дар ҳамаи давлатҳо. Барои ҳар яки мо. 

Агар одамон ҳуқуқҳои худро надонанд, баҳри онҳо мубориза бурдан наметавонанд. Ин 17 ташаббус имкон медиҳанд, ки одамон ҳуқуқҳои худро донанду сарварони давлатҳо бошанд ҳамаи имконотро барои иҷрои онҳо истифода баранд. 

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ Tcell кӯшиш менамояд, ки Тоҷикистонро ба ҷои беҳтарин барои ҳаёт ва фаъолият табдил диҳад. Ширкати Tcell бо хушнудӣ ин ташаббусҳои ТДМ-ро қабул ва дастгирӣ менамояд. Мо 4 самтро, ки бо фаъолияти худ ба рушди онҳо таъсир расонида метавонем, интихоб намудем: илму маърифати босифат, тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди дигаргуншавии иқлим, инноватсияҳо. 

Дар ҳар яки ин самт Tcell аллакай лоиҳаҳо, ки ба ҳаёти тоҷикистониён дигаргуниҳо меоранд, иҷро намудааст ва ё дар паи иҷроиши он аст. Мо боварӣ дорем, ки лоиҳаҳо ва ташаббусҳои мо дар ҳалли ҳадафаҳои умумиҷаҳонӣ барои ояндаи боадолату зебо ёрӣ мерасонанд. 

Муфассалтар дар бораи Ҳадафҳои бузург дар сомонаи  http://www.globalgoals.org/ru/ ёфтан мумкин аст. 

Муроҷиати  Йохан Деннелинд, Президенти ширкати TeliaSonera: http://globalgoals.teliasonera.com/

global goals.jpg
3730

Бозгашт ба рӯйхат