Нашр
Хабарҳо

ШАРТҲОИ НАВИ ГУЗАРОНИДАНИ МУЗОЯДА

10.10.2019


1. Муқарраротҳои умумӣ


1.1. Музояда бо усули англисӣ баргузор мегардад ва шахсе, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст бурдкарда ҳисобида мешавад.
1.2. Иштирок кардан дар музояда ва тамошои рақамҳо ройгон аст.
1.3. Ширкат ҳуқуқ дорад, ки қоидаҳои гузаронидани музоядаро бо огоҳонидани ҳатмии иштирокчиёни музояда бо роҳи ҷойгиронии иттилооти мувофиқ дар сомонаи расмӣ www.tcell.tj, тағӣир диҳад.

 
2. Тартиби гузаронидани музояда:
2.1. Нархи ибтидоии рақам ва ставкаи навбати аз тарафи ширкат муқаррар карда мешавад.
2.2. Ҳади ақалли ставкаи гузоштаи муштарӣ барои рақами интихобшуда зиёда аз 10% (даҳ) аз ставкаи муқарраршуда, ташкил медиҳад.
2.3. Вақти бозгашт пас аз гузоштани ставка 5 соат.
2.4. Барои иштирок намудани дар музоядаи ҳар як рақам пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ муқаррар гардидааст.
2.5. Миқдори ставкаҳо бе маҳдуд мебашанд.


3. Иштирок намудан:
3.1. Барои иштирок кардан дар музояда ва ба даст овардани рақами муайян, муштарӣ бояд тавассути хусусияти ҷудошуда «Иштирок намудан», ки дар қисми поёни ҳар як рақам қарор дорад, худро ба қайд гузорад ва ставкаи пешниҳодшударо барои рақами муайян, тасдиқ намояд.
3.2. Барои иштирок кардан дар музоядаи рақами муайян, лозим меояд пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ пардохт шавад. Ҳангоми бурд накардани ставкаи гузошташуда пардохти кафолатӣ баргардонида мешавад.
3.3. Дар ҳолате, ки ставкаи гузошташудаи муштарӣ бурдшуда ҳисоб мегардад ва муштарӣ дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат барои пайвасткунии рақам (бо риояи қоидаҳои муқарраргардидаи пайвастшавӣ симкорт ба шабака) муроҷиат накунад, маблағи пардохти кафолатӣ баргардонида намешавад.
3.4. Ҳангоми бурди муштарӣ маблағи пардохти кафолатӣ (5 сомонӣ) ҳамчун пардохти қисми ҳаққи рақам ҳисобида мешавад.
3.5. Баъди аз тарафи мизоҷ муқаррар намудани ставка, бозгашти вақти ҳисоб аз соати 05:00:00 оғоз мегардад ва дар давоми ҳамин вақт агар барои рақами ба музояда гузошташуда ставкаҳои дигар пешниҳод нашаванд, он шахсе, ки ставкаи баландтарро пешниҳод кардааст, имкони гирифтани рақамро пайдо мекунад.
3.6. Агар як муштарӣ ставкаро муқаррар намуда бошад ва то нагузаштани вақти муқарраршуда дигар муштарӣ ставкаи баландатарро пешниҳод намояд, дар ин маврид вақти ҳисоб бекор карда мешавад ва аз лаҳзаи муқаррар шудани ставкаи нав, бозгашти вақти ҳисоб аз 05:00:00 оғоз мегардад.
3.7. Ба муштарие, ки аз рӯи ҷамъбаст ставкаи баландтаринро ба рақами муайян гузоштааст, имконият дода мешавад, ки дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат бо шиносномаи эътибордоштааш ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкат барои ба даст овардан ва пайвасткунии рақам, муроҷиат намояд.
3.8. Маълумот оиди бурди рақам ва ставкаҳои нав тариқи СМС паёмак ба рақамҳои дар музояда бақайдгирифташуда равон мегарданд.
3.9. Ҳангоми дар муҳлати муайяншуда муштарии бурднамуда ба марказҳои хизматрасонии расмии ширкати Tcell барои пайвасткунии рақами бурд шуда муроҷиат накунад, дар ин маврид рақам аз нав ба музояда гузошта мешавад.
3.10. Барои дар музояда иштирок намудани муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, лозим меояд тариқи терминалҳои Qiwi, банди Дигарҳо – “Tcell Аукцион номеров” пардохти кафолатиро пардохт намоянд.

4. Гирифтани рақам
4.1. Муштарӣ ғолиб ҳисобида мешавад, танҳо пас аз муроҷиати ӯ ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкати Tcell ва пайваст намудани рақам.
4.2. Ҷараёни барасмиятдарории рақам аз руи музояда, тибқи қоидаҳои пайвасткунӣ ба шабакаи электронӣ, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №207-7 аз 30.04.2016 сол ва тағйиру иловаҳо ба он аз 09.02.2019 сол №64, анҷом дода мешавад.
4.3. Маблағи ставкаи гузошташудаи муштарӣ, танҳо барои дараҷаи рақам гирифта мешавад, барои пайвастшавӣ, интихоби тарофа ва дигар хизматрасониҳо аз ҳисоби муштарӣ пардохти иловагӣ лозим меояд.
4.4. Бо шартномаи оммавӣ оиди хизматрасониҳои ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” метавонед тариқи саҳифаи расмии ширкат шинос шавед www.tcell.tj.


Возврат к списку