Гузориши мобилии "Чӣ Гап"

Ширкати Tcell бо хушнудӣ эълон мекунад, ки гузориши «Чӣ Гап»-ро ба кор даровардааст 

«Чӣ Гап» чист?
«Чӣ Гап» - гузоришест, ки дар платформаҳои Android, iOS ва Windows PC кор мекунад. Ба воситаи «Чӣ Гап» ирсоли зангҳои овозӣ ва видеоӣ, мубодилаи хабарҳо дар дохили гузориш дар ҳар ҷое, ки бошед – РОЙГОН!. Ҳама чизе, ки зарур аст - пайвастшавӣ ба шабакаҳои 3G,4G ва ё Wi-Fi. Бар ивази логин дар «Чӣ Гап» рақами Tcell 992 хх ххх хххх, ки бо авторизатсия гузаронида шудааст, гузоштан мумкин аст. «Чӣ Гап» на фақат барои мушатриёни шабакаи Tcell, балки барои ҳар муштарие, ки рақами Tcell-ро гирифта, онро дар гузориш ба қайд мегирад, дастрас аст

Чаро «Чӣ Гап»?

  • Зангҳои овозӣ/видеоӣ дар дохили «Чӣ Гап» РОЙГОН!
  • «Чӣ Гап» - гузоришест, ки барои ҳамаи муштариёни Тоҷикистон ва тамоми дунё дастрас аст
  • Зангҳои муфид ба ҳамаи рақамҳо дар Тоҷикистон аз Росия ва аз ҳар нуқтаи дунё
  • «Чӣ Гап» - гузориши қуллай бо забони тоҷикӣ
  • Як рақам ва як ҳисоб барои зангҳои мобилӣ ва «Чӣ Гап»
  • Имкони доим ва дар ҳар ҷо дар алоқа будан
  • Бепул сабт кардан ва соҳиби рақам шудан
  • Надоштани пардохти абонентӣ
  • Хабарҳои РОЙГОН дар дохили «Чӣ Гап»
  • Усулҳои қуллай ва стандартии пур кардани ҳисоб дар Русия ба воситаи терминалҳои Qiwi


Чӣ тавр ройгон аз Тоҷикистон ба Русия занг задан мумкин аст?
Ба телефон ё компютератон “Чи гап”-ро созиш дода, шумо метавонед аз зангҳои овозӣ ва видеозангҳо истифода баред ва аз Русия ба Точикистон ба ҳар як истифодабарандаи “Чи гап” ройгон занг бизанед. Инчунин Шумо метавонед бо истифода аз “Чи гап” хабарҳои кӯтоҳ (чат) ба дӯстонатон дар “Чи гап” дар тамоми дунё равон намоед.
Бо истифода аз “Чӣ гап” Шумо инчунин метавонед ба рақамҳои операторони Тоҷикистон аз тамоми дунё бо тарифҳои муфид занг занед. Ин хеле оддӣ аст: рақами муштариро дар намуди +992 ХХХХХХХ гиред ва тугмачаи зангро пахш кунед.

СНархи зангҳо бо «Чӣ гап» ба муштариёни операторони Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Операторон Тарофаҳо бо назардошти андоз
Tcell 0,03 сомонӣ/дақиқа*
Мегафон Тоҷикистон, Билайн Тоҷикистон, Вавилон-М ва ператорони алоқаи симии Тоҷикисто 0,12 сомонӣ/дақиқа

*нархҳо барои муддати амали иқдом нишон дода шудаанд

Гузоришро барои платформаи iOS дар AppStore ва дар Google Play барои платформаи Android сабт кардан мумкин аст. 


4340

Бозгашт ба рӯйхат