Бо "Tcell Эҳсосот" эҳсосоти Шумо "зинда" мешаванд!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар - ширкати Tcell эҳсосот ва табрикоти Шуморо ба ҷашнҳо дар замимаи "Tmotion - Tcell Эҳсосот" “зинда” мегардонад!

Замимаи "Tmotion - Tcell Эҳсосот" -ро боргирӣ кунед, таманниёту табрикоти беназири худро ба хонаводаву наздиконатон эҷод кунед ва мо онҳоро бевосита ба дасти онҳо мерасонем!

Замимаи "Tmotion – Tcell Эҳсосот" ба муштариёни Tcell имкон медиҳад, ки аксҳоро боргирӣ ва таҳрир намуда, табрикномаи инфиродии худро тартиб диҳанд. "Tmotion - Tcell Эҳсосот" қоб (чаҳорчӯба)-ҳо, стикерҳо ва тарҳҳои мунҳасир ба фардро пешниҳод мекунад, ки бо истифода аз онҳо Шумо метавонед табрикномаҳои худиро офаред. Ин хеле содда аст: аксеро интихоб кунед, мувофиқи завқи худ табрикнома тартиб диҳед, ном ва суроғаи қабулкунандаро нишон диҳед.
Зимнан, Tcell табрикномаро "зинда” мекунад, нро дар лифофаи табрикотӣ мегузорад ва ба соҳиби аслиаш мерасонад!

Бо "Tcell Эҳсосот" оила ва наздикони худро бо зодрӯзашон, Наврӯз, бо рӯйдодҳои муҳими ҳаёташон табрик кунед!

Дар ҳоли ҳозир ин хизматрасонӣ дар Душанбе ва Хуҷанд фаъолият дорад. Боргирии замима:

1296

Бозгашт ба рӯйхат