Мо аз тақдими ҳадяҳо барои Шумо хушҳолем – аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки иқдоми "Бурди Шумо" аз Тсеll-ро то 30 ноябр тамдид намоем!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар Тсеll иқдоми "Бурди Шумо"-ро идома медиҳад, ки дар он то 30 ноябр 10 ғолиби иқдом ҳар кадоме 1000 сомонӣ дар тавозуни худ дарёфт мекунад. Барои иштирок дар иқдом SIM-корти нав аз Тсеll-ро бо тарофаи пардохти муштарии моҳонаи беш аз 50 сомонӣ, ё болотар пайваст намоед.

Ҳамин тавр, Шумо ба таври худкор иштирокчии иқдом мешавед. Қуръакашӣ 2 маротиба: 16 ноябр ва 1 декабр дар саҳифаҳои иҷтимоии ширкат бо истифода аз генератори рақамҳои тасодуфӣ гузаронида мешавад. Дар ҳар як қуръакашӣ 5 ғолиб интихоб карда мешавад.

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ Tcell саъй мекунад, ки барои бароҳатии муштариён фанноварӣ ва хизматрасониҳоро такмил диҳад. Ҳамзамон, Tcell муштариёнеро, ки ба ширкат ҳавасмандӣ ва шароити рушдро фароҳам меоранд, фаромӯш насохта, ҳамвора аз онҳо қадрдонӣ менамояд.

bakhti_tu2_sm_tj.jpg


2130

Бозгашт ба рӯйхат