Хабарҳо

Tcell ба машваратдиҳии муштариёни худ дар WhatsApp оғоз кард

Ширкат дар Тоҷикистон аввалин шуда, ҳисоб(аккаунт)-и расмии тиҷоратии WhatsApp-ро роҳандозӣ намуд.

 Ҳисоби расмии тиҷоратӣ бо аломати сабз дар намоя (профил) ва дар паёмрасон(чат), дар паҳлӯи номи ширкат қайд карда мешавад.

Ҳисоби WhatsApp Business API барои тиҷорати бузург пешниҳод шудааст. Чунин ҳисоб ба муштариёни Tcell имкон медиҳад, ки дар вақти зарурӣ ва саривақт машаварат гирифта, дар реҷаи онлайн мушкилоти пайдошударо ҳал намоянд.

Акнун муштариёни ширкат метавонанд бо ҳама гуна саволу дархостҳои худ мустақиман ба мессенҷери ширкат муроҷиат кунанд ва чатбот муколамаро фавран ба мушовири маркази тамос ироа менамояд. Бояд гуфт, суолҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ додан мумкин аст.

Муколамаро бо Tcell дар WhatsApp тавассути рақами +992 92 777 7777 оғоз кардан мумкин аст. Рақамро бояд ба рӯйхати тамосҳо қаблан илова намоед ва ё ба пайванд ворид шавед.   

 Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки дар WhatsApp чат-боти ҳушманд роҳандозӣ гардад ва он мушкилоти муштариёнро бидуни ҷалби операторҳо ҳал намояд. Ин вақти ироаи посухро тақрибан ба сифр баробар месозад, зеро чат-бот дар як лаҳзаи кӯтоҳ садҳо дархостро метавонад коркард кунад.    

 «Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои аз ҷониби муштариёни ширкати мо сол то сол афзоиш ёфта, имрӯз нисбат ба алоқаи овозӣ талабот ба мессенҷерҳо бештар мегардад. Мо WhatsApp Business-ро фаъол кардем, ки барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвар ва берун аз он дастрас бошем. Мо пайваста дар самти хизматрасонӣ ба мизоҷон кор мекунем, то ба муштариёни худ наздиктар бошем», - иброз дошт, директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

 Пайвастшавӣ ба WhatsApp Business API тавассути ширкати TWIN амалӣ карда шуд.

 TWIN -  таҳиягари байналмилалии маҳсулот барои автоматикунонии муоширати тиҷоратӣ бо муштариён дар асоси зеҳни маснӯъӣ мебошад.

“Мо итминони комил дорем, ки истифодаи WhatsApp Business, ҳамчун як шабакаи муосир ва маъмули иртиботӣ хизматрасонӣ ба муштариёни Tcell-ро беҳтару роҳаттар карда, барои шаҳрвандони ҳамаи Тоҷикистон дастрастар менамояд”,- қайд кард Фаррух Авезов, директори рушди соҳибкории ширкати TWIN дар минтақаи АвруОсиё.


1210

Возврат к списку