Хабарҳо

Tcell: акнун дар осмон низ муошират имконпазир аст!

Tcell нахустин ва ягона оператор дар Тоҷикистон аст, ки дар ҳавопаймоҳо роумингро роҳандозӣ кард. Ҳамакнун, аз ин хизматрасонӣ муштариёни ширкат ҳангоми парвоз тавассути 19 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон истифода бурда метавонанд.

Дар ҳамкорӣ бо оператори алоқаи "Aeromobile", ширкати Tcell имконият фароҳам меорад, ки ҳатто ҳангоми парвоз дар тамос бошед. Акнун, муштариён метавонанд, бевосита дар ҳавопаймо ва ҳангоми парвоз занг зананд, паёмак фиристанд, ё аз интернет истифода баранд.

«Ҳоло муштариёни мо ҳам дар замин ва ҳам дар осмон бо алоқаи баландсифат таъминанд! Дархосту андешаҳои муштариёни мо барои беҳтар кардани хизматрасониҳо тавассути татбиқи роҳҳалҳои тамоюли глобалӣ доштабарои онҳо кӯмак мекунанд. Муошират имрӯз як ниёзмандиест, ки бидуни он инсон ҳатто дар осмон ҳам буда наметавонад”, - иброз дошт, директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Тарзи истифода аз роуминг дар дохили ҳавопаймо:

- Пеш аз сафар, Шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки дар рақами мобилиатон хизматрасонии "Роуминги воқеӣ ё осон" («Реальный или Легкий роуминг») фаъол аст.

1. Хомӯш кардани Реҷаи парвоз / Реҷаи ҳавопаймо

2. Аз феҳрасти шабакаҳои дастрас шабакаи “Aeromobile” -ро интихоб намоед.

3. Барои истифодаи Интернет, бояд "Додаҳо(маълумот) дар роуминг" -ро фаъол созед.


Муҳим аст!

Шабака танҳо пас аз боло рафтани ҳавопаймо ба баландии зарурӣ дастрас мешавад.

Ҳангоми фуруд омадан ба ҷои таъиншуда, бояд шабакаи мобилиро ба шабакаи зарурӣ дар кишвари қабулкунанда(воридшаванда) иваз намоед.

Маълумоти муфассалро дар бораи тарофаҳо, номгӯи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва тартиби истифода аз ин хизматрасонӣ дар сомонаи расмии ширкати Tcell дастрас аст: www.tcell.tj


874

Возврат к списку