«Бурд намо 2023»
Иқдоми мардумӣ ва дӯстдошта аз Tcell бармегардад! Мо боз аз сари нав «Бурд намо»-ро оғоз менамоем!
Иқдом аз 1 октябри соли 2023 сол то 1 январи соли 2024 (рӯзи охирин) идома ёфта, қуръакашии ниҳоӣ рӯзи 4 январи соли 2024 тавассути рақамҳои тасодуфӣ (лототрон) баргузор шуда, мустақиман тариқи телевизион пахш мегардад.
Барои иштирок дар иқдом, муштариён бояд ба рақами кӯтоҳи 707 занг зананд ё фармони *707#-ро иҷро намоянд. Баъд аз ин, ба муштарӣ ID-рақами мунҳасир ба фард (беназир) дода мешавад, ки дар қуръакашӣ иштирок мекунад.
Бонус барои ID-рақами аввалини харидашуда 500 Мб мебошад, сипас барои ҳар як ID-рамз, муштарӣ соҳиби 30 Мб трафики интернет мегардад.

· Миқдори ID-рамзҳо барои муштариён маҳдуд нест, арзиши як ID-рақам ҳамагӣ 3 сомонӣ аст. Фармон барои тафтиши шумораи ID-рақамҳо ва бастаи МБ – *707*07#.
· Имкони дарёфти якбораи якчанд ID-рамз мавҷуд аст, барои ин фармони *707*миқдори ID#.· Ҳамчунин, ID-рамзҳро бо фармони зерин тӯҳфа кардан мумкин аст: *707*миқдори ID*рақами муштарӣ#
Бозиҳои миёнадаврӣ

Барои иштирок дар иқдом шитоб намоед, шонси худро аз даст надиҳед ва тӯҳфаи фаромӯшнашавандаро барои Соли нави 2024 ба даст оред!
-
Шартҳои баргузории иқдом
1. Шумораи ҷоизаҳо байни вилояти Суғд ва дигар минтақаҳо (вилояти Хатлон, ВМКБ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) баробар тақсим карда шудаанд. Барои муштариёни вилояти Суғд, рамзи ID: "N1234567", барои муштариёни дигар минтақаҳо ва Душанбе - "S1234567".
2. Ҷоизаҳоро бо пули нақд ва ё бо дигар намуди тӯҳфа иваз кардан ғайримумкин аст.
3. Як муштарӣ имкон дорад барандаи чанд ҷоизаи иқдом шавад, ба ғайр аз ҷоизаи асосӣ- автомобил.
4. Кормандони ширкат, инчунин дилерҳои расмӣ ҳуқуқи дар иқдом ширкат карданро надоранд.
5. Барои роҳ надодан ба ихтилофҳо ҳангоми муайян кардани ғолибони тӯҳфаҳо, дар давраи маърака (иқдом) барои иштирокчиён тавсия дода мешавад, ки симкорташонро ба номи дигар кас сабт накунанд, дар акси ҳол ширкат ҳуқуқи бекор кардани пирӯзӣ (ғолибият)-ро дорад.
6. Мӯҳлати амали бастаи МБ аз рӯзи хариди ID-рамз 7 мебошад. Ба муштариёни тарофаҳои «Бемаҳдуд 4G», «Интернет 4G» ва «+Бемаҳдуд» барои хариди ҳар як ID-рақам 30 дақиқа дар дохили шабака дода мешавад.
7. Агар муштарӣ хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» фаъол карда бошад, харидорӣ ID дастнорас мебошад.
8. Ба муштарӣ ID-рамз тӯҳфа кардан мумкин аст, агар ID-рамзи тӯҳфакардашуда ғолиб шавад, онгоҳ ғолиб муштарие, ки ID-рамз тӯҳфаро қабул кардааст, ҳисобида мешавад. Ширкат барои ID-рамзе, ки ба рақами нодуруст тӯҳфа шудааст, масъул нест.
9. Ҳангоми тақдими ҷоиза (тӯҳфа) ҳузури муштарӣ (ғолиб) бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) зарур аст.
10. Агар муштарӣ (ғолиб) ба зангҳо посух надиҳад ва пас аз соҳиби ҷоиза шуданаш тамос нагирад, ширкат ғолибро дар тӯли 30 рӯз аз таърихи баргузории бозии ниҳоӣ (қуръакашиии ниҳоӣ) мунтазир мешавад. Агар муштарӣ пас аз 30 рӯз барои гирифтани ҷоиза ҳозир нашавад, мукофот лағв (бекор) карда мешавад.
11. Ғолиб аз тарафи ширкат тавассути рақамҳои расмии 7070 ё 8080 огоҳ карда мешавад.
12. Ҳангоми занг задан аз рақами расмии ширкат 7070 ё 8080 ба муштарӣ иттилоъ дода мешавад, ки барои гирифтани ҷоиза ба куҷо ва дар кадом соат омаданаш зарур аст, аз муштарӣ ҳеч гуна маблағ ва пардохтҳои иловагӣ талаб карда намешавад.
13. Ғолиб (муштарӣ - соҳиби SIM-корт), ки бевосита дар иқдом иштирок кардааст, ӯҳдадор мешавад, ки шахсан бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ғолиби иқдом барои гирифтани ҷоиза ҳозир шавад. Агар баранда (ғолиб) бо ягон сабаб барои дарёфти ҷоиза ҳозир шуда натавонад (дар хориҷ аз кишвар қарор доштан, беморӣ, дар сафари хизматӣ будан ва ғ.), дар ин ҳолат,имкон дорад, ҷоиза ба шахси ваколатдор дар асоси ваколатномаи нотариалӣ бо пешниҳоди санадҳои дар боло зикршуда дода шавад.
14. IVR-иттилоотӣ — 257.