Википедия ройгон!

Tcell дар якҷоягӣ бо Wikimedia Group истифодабарии ройгонро аз намуди мобилии Интернет-энсиклопедияи машҳури «Wikipedia» барои ҳамаи муштариён дастрас мекунанд.

Wikipedia 29 млн. матнҳоро дар 276 забони дунё дар бар мегирад. Бо ҳаҷми ахборот ва паҳншавии мавзӯӣ Wikipedia энсиклопедияи пуртарин аз ҷумлаи ҳамаи энсиклопедияҳое, ки дар таърихи одамият кашф шуда буданд, ба ҳисоб меравад. Яке аз хусусиятҳои асосии Wikipedia дар он аст, ки он пешниходи маълумотро бо забони худи истифодабаранда имкон медиҳад ва бо ҳамин арзиши ахборотро аз ҷиҳати мансибуяти маданӣ баланд мебардорад.

Барои истифодабарии ройгони сомонаи Wikipedia, шумо бояд дар сатри нишонии браузери телефони мобилиатон нишонаҳои зеринро нависед:

m.wikipedia.org
zero.wikipedia.org

  • Дохилшавии ройгон ба сомонаи Wikipedia танҳо дар сурати пур будани ҳисоби муштарӣ кафолат дода мешавад
  • Дохилшавии ройгон танҳо ба намудҳои мобилии сомонаи Wikipedia, ки дар боло зикр шудаанд, мумкин аст. Ҳангоми гузариш ба сомонаҳои дигар, ки истинодашон дар Wikipedia оварда шудаанд, нархбандӣ тибқи тарофаи ҷории муштарӣ карда мешавад.
  • Ҳангоми истифодабарии браузери Opera Mini – хизматрасонӣ пулакӣ аст.