Шаҳодатномаи тӯҳфаҳо аз Tcell

Вақти ид наздик мешавад! Ҳар кадоме аз мо бешубҳа, дар бораи он фикр мекунем, ки ба азизону пайвандон чӣ ҳадя кунем- зеро онҳо сазовори беҳтарин тӯҳфаанд!

Ба дӯстону наздикони худ чизи аз ҳама заруриро ҳадя кунед, он чӣ ки иртиботи Шуморо ҳамеша таъмин менамояд, яъне алоқаи мобилӣ!


Дар марказҳои хизматрасонии Tcell дар Душанбе метавонед шаҳодатномаҳои тӯҳфаи идонаро барои пайваст кардани рақами “зебо” ва тарофаи нақшавии “Дар плюс бо шабакаҳои иҷтимоӣ” барои 3 ё 6 моҳ харидорӣ намоед! Ин на фақат як тӯҳфаи оддӣ, балки тӯҳфаи хеле муҳим аст: Шумо бо харидани ин шаҳодатнома ба одами наздики худ алоқаи мобилии бемаҳдуд ҳадя мекунед: шабакаҳои иҷтимоӣ бемаҳдуд, паёмрасон(мессенҷер)-ҳои бемаҳдуд, YouTube-и бемаҳдуд, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, TV дар смартфони худ ва бисёр чизҳои дигар!

Инчунин, ҳангоми пайваст шудан бо шаҳодатномаи тӯҳфа, аз ҷониби мо ба одами наздики Шумо супер-бонус пешниҳод мегардад : холҳо дар барномаи садоқат (вафодорӣ) ва паймоиши ройгон дар Чархи тӯҳфаҳо! Бо истифода аз ин холҳо ва паймоишҳо тӯҳфаҳои хуб гирифтан мумкин аст: дақиқаҳо, SMS ва мегабайтҳои трафик.

Шаҳодатнома барои 3 моҳ 615 сомонӣ
Шаҳодатнома барои 6 моҳ 1230 сомонӣ


Ҳамеша аз дидори Шумо дар марказҳои хизматрасонӣ хушҳолем