Дар бораи хизматрасонӣ

Чи тавр хизматрасонии роуминги худро тафтиш намоям?

Барои санҷиши хизматрасонии роуминг амалӽои зеринро анҷом додан лозим аст:

  • USSD-фармони *601# ро барои тафтиши хизматрасонӣ пахш кардан лозим аст. Баъд аз пахш намудани фармон, шумо бояд тавассути паёми SMS, дар бораи кадом аз хизматрасонии роуминг пайваст будаатон маълумот гиред: Роуминги осон, Роуминги воқеӣ ё Роуминги байналмилалӣ.
  • бо тарофаӽо ва шартӽои рақамчинӣ ӽангоми дар хориҷа қарор доштан шинос шудан лозим аст.

«Роуминги воқеӣ» – хизматрасонии мазкур, барои истифода бурдани рақами телефони худ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди зарурат мустақилона пайваст ва хомуш кардани хизматрасониӽо тавассути USSD-фармонӽо ва ё ба воситаи барномаи My Tcell имкон медиӽад.

«Роуминги осон» – хизматрасонии мазкур барои истифода бурдани рақами телефони худ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз кишварҳои наздисарҳадии зерин: Қиргизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ба муштарӣ имконияти мустақилона пайваст ва хомуш намудани хизматрасонӣ тавассути USSD фармонӽо ё ба воситаи барнома My Tcell дода мешавад.

Нарх ва дастрасии хизматрасониӽо барои «Роуминги воқеӣ» ва «Роуминги осон» дар кишварҳои интихобшуда айнан якхела мебошанд.

Бартарии истифодабарӣ аз хизматрасонии «Роуминги осон» дар истиснои ӽолатӽои бақайдгирии автоматӣ дар шабакаӽои роуминг шарикони кишварӽои ҳамсоя ҳангоми қарор доштани мизоҷ (муштарӣ) дар марзи Тоҷикистон ва минтақаӽои назди сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Ӯзбекистон ё Афғонистон ва ба ин васила роӽ надодани ӽисобида шудани маблағӽои номатлуб барои хизматрасониӽои роуминг мебошад.