Ҷузъиёти зангҳо

Ҷузъиёти тамос ва ё ба истилоҳи маъмул “детализатсия”- нашри хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар давраи муайян мебошад. Яъне, тавассути ҷузъиёти зангҳои мобилӣ метавон муайян кард, ки кай ва аз кадом шумора ба шумо занг задаанд, ё ба кадом рақами мобил тамос гирифтаед, арзиши ин зангҳо чӣ қадар аст, ба кадом шумора пайёмак ирсол шудааст, аз кадом рақам пайёмак гирифтаед, инчунин масрафи трафики интернет дар ин муддат чӣ қадар аст. Дар детализатсияи тамос маълумот дар бораи пардохти моҳонаи муштарӣ, пардохти якдафъаина ва пардохти таҷҳизот шомил намешавад. Аз ин сабаб, маблағи дар детализатсия пешниҳодшаванда шояд аз нархи дар суратҳисоб дарҷгардида тафовут дошта бошад. Ҳамзамон, детализатсия метавонад дар рӯзи нашр нопурра бошад, он бо иловаи хидматрасонии роуминг ва муҳлатҳои баъдӣ комил шуда метавонад. Ҷузъиёти ҷамъбастии зангҳои мобилӣ дар муддати 30 рӯз таҳия ва дастрас мегардад.

Ҷузъиёти тамосро бо шеваи зайл дастрас кардан мумкин аст:
  • Барои гирифтани ҷузъиёти зангҳои баромад ва воридотӣ муштариро зарур аст, ки шахсан ба Маркази хизматрасонӣ ҳозир шуда, шиносномаи дохилиашро пешниҳод намояд. Детализатсия фақат ба соҳиби рақами телефон дода мешавад. Ин хизматрасонӣ пулакӣ буда, нархи он дар шакли чопӣ барои як моҳ 10 сомониро ташкил медиҳад.
  • Дар утоқи шахсӣ. Ҷузъиёти зангҳо дар утоқи инфиродӣ ройгон пешниҳод гардида, он барои муддати муайян ва моҳҳои қаблӣ дар шакли PDF ирсол мешавад.
Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд.