Ирсоли SMS бо ёрии Mail.ru Aгент

Ба воситаи Mail.Ru Агент ирсоли SMS комилан ройгон аст!

Барои ирсоли SMS тоқчаи муоширати ҳамсӯҳбататонро кушоед ва ба замимаи SMS гузаред. 
Дар ҳолате ки ҳамсӯҳбат рақами телефон нанавишта бошад, ба шумо «Рақами телефонро нависед» пешниход карда мешавад. Рақамҳои телефонро дар анкетаи ҳамсӯҳбат навиштан лозим аст. Дар хотир доред, ки рақамҳоро пурра навиштан лозим аст – бо рамзи мамлакат ва рамзи оператори мобилӣ.

Масалан, барои ирсоли SMS ба рақами муштарии Tcell рақами телефонро чунин навиштан зарур аст: +99293 ХХХ ХХХХ.

Рақами гирифтаи шумо фақат дар компютери шумо сабт мегардад ва дигарон онро намебинанд.
Пас аз илова намудани рақами телефон, дар тоқчаи муошират, дар замимаи SMS хабарро нависед. Ба SMS инчунин «смайл»-ҳоро ба воситаи тугмачаи image194.gif дохил карда метавонед.

Ба байрақчаи «Автотранслит» диққат намоед. Агар байрақча гузошта шуда набошад, хабари шумо дар ҳамон намуде, ки гирифта шудааст (аз ҷумла, ба забони русӣ) ирсол мешавад. Агар байрақча гузошта шуда бошад, ҳарфҳои кирилликӣ ба таври автоматикӣ ба ҳарфҳои лотинӣ мубаддал мешаванд ва шумо метавонед дарозии хабари худро тақрибан то 3,5 бор зиёдтар гардонед.

Бо инобати маҳдудият ба дарозии SMS, шумо метавонед ҳамагӣ ё 142 рамзи лотинӣ ё 42 рамзи кирилликӣ нависед. Миқдори рамзҳое, ки «бақия мондаанд», дар болои майдончаи воридкунӣ нишон дода мешавад.

image240.gif

Пас аз ворид намудани матни SMS рақами телефонеро, ки ба он хабар фиристодан мехоҳед, аз рӯйхат интихоб намоед. Тугмачаи «Ирсол»-ро зер кунед.

Шумо доимо метавонед хабарҳои қабулу ирсолкардаи худро бинед, чунки онҳо дар архив ҷой мешаванд. Ҳамсӯҳбати шумо дар телефонии худ матни зеринро мебинад:

«e-mail-и шумо»: «матни хабар»

Масалан: helpagent@mail.ru: Ба Агент баро!! T_T

Ҳамсӯҳбати шумо ба ин хабар чун ба SMS-хабарҳои оддӣ ҷавоб дода метавонад. Матни ҷавоб дар тоқчаи муоширатии Mail.Ru Агенти шумо пайдо мешавад.

Нархи SMS-хабари ҷавобӣ 0,70 сом. бо назардошти ААИ ва аксиз.

Нархҳо аз 01.06.2013 эътибор доранд

Ба хотири он ки аз ирсоли бепули SMS ба воситаи Mail.Ru Агент барои интиқоли sms-спам истифода набаранд, ба барнома баъзе маҳдудиятҳо дароварда шудаанд – фосила байни ирсоли SMS-хабарҳо – на кам аз 1 дақиқа аст.

Амният

То он даме, ки маълумот оиди лотерея ё викторина дар портали Mail.Ru чоп нашуда бошад, ҳама гуна хабарҳое, ки дар онҳо маълумот дар бораи бурду бохти тӯҳфаҳо овада шудаанд ва ба муштарӣ ирсол намудани хабарро ба рақами кӯтоҳ пешниҳод менамояд, интиқолоти ғайриқонуниянд. 

Аккаунти истифодабарандае, ки чунин хабарҳоро интиқол медиҳад, хориҷ карда мешавад. 

Ҳамаи рақамҳои кӯтоҳ, ки дар SMS-Агент амалӣ мегарданад, ба портал тааллуқ доранд. Маълумот дар бораи гузаронидани викторина аз номи ширкатҳои дигар (аз ҷумла, операторони алоқаи мобилӣ), ки ба воситаи sms дар барномаи SMS-Агент ирсол шудаанд, дурӯғанд. 

Дар мавриди аз тарафи истифодабаранда дар боби «Маълумот барои алоқа/телефонҳо» фаъол намудани режими «Рақамҳои телефон барои ҳама намоён» барои гирифтани SMS-хабарҳо портал масъулиятро ба гардан намегирад.


printer.png

Чопи саҳифа