SMS-сервисҳои шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте»

SMS-огоҳӣ

Барои истифодабарандагони ВКонтакте хизматрасонии ройгони SMS-огоҳӣ дастрас аст, ки имкон медиҳад, ки муштарӣ оиди хабарҳои шахсӣ ва ахбороти гурӯҳҳо забар медиҳад.

Чӣ тавр пайваст кардан лозим аст

1. Ба аккаунти шумо дар ВКонтакте рақами телефонии шуморо илова намудан лозим аст. 
Барои ин ба сомонаи ВКонтакте: http://vk.com бо ному рамзи худ ворид шуда, ба боби «Созишҳои ман» дароед ва дар замимаи «Умумӣ» банди «Рақами телефонии шумо» пахш кунед. 
Баъди ворид намудани рақам ба он SMS-хабар бо рамзи тасдиқ меояд, ки онро ба тоқчаи махсус дар сомона ворид намудан лозим аст. 
2. Дар боби «Созишҳои ман» ба замимаи «Огоҳӣ» гузаред ва банди «Огоҳикунӣ ба воситаи SMS» дароед. 
Банди «Гирифтани SMS-огоҳӣ»-ро қайд намоед ва хусусиятҳои барои худ муфиди гирифтани огоҳиҳоро созиш диҳед. Шумо метавонед даврият ва шахсоне, ки оиди хабарҳои онҳо огоҳӣ гирифтан мехоҳед, интихоб намоед. 
3. Барои гирифтани огоҳӣ оиди ахбороти гурӯҳҳо, бояд чунин кунед: 
- ба ахбороти гурӯҳе, ки барои шумо шақовар аст, дар шабакаи ВКонтакте обуна шавед; 
- ба сомонаи расмии гурӯҳ дар Интернет дароед; 
-дар сомона виджети ВКонтакте-ро ёфта, «Обуна ба SMS»-ро қайд кунед. 
Диққат кунед, ки ин функсия танҳо барои гурӯҳҳое дастрас аст, ки дар сомонаи расмии худ виджети ВКонтакте-ро мондаанд.

Чӣ тавр хомӯш кардан лозим аст

Дар боби «Созишзои ман» ба замимаи «Огоҳӣ» даромада, банди «Огоҳӣ ба воситаи SMS»-ро ёбед. Баъд:ӣ 
1. Барои хомӯш кардани огоҳиҳо оиди хабарҳои шахсии воридотӣ, дар банди «Хабарҳои шахсӣ» замимаи «Ҳеҷ гоҳ огоҳӣ накардан»-ро интихоб намоед. 
2. . Барои хомӯш кардани огоҳиҳо оиди хабарҳои гурӯҳҳо, рӯ ба рӯи банди «Ахбороти гурӯҳ» дар номи гурӯҳе, ки хабарҳояшро гирифтан намехоҳед, зер кунед ва қатъкунии SMS-огоҳиро тасдиқ намоед. 
3. Барои тамоман хомӯш намудани хизматрасонии SMS-огоҳӣ, аз банди «Гирифтани SMS-огоҳӣ» қайдро гиред.

Нарх ва шартҳои дигар 

Хизматрасонии «SMS-огоҳӣ» барои ҳамаи муштариён ройгон пешниҳод мешавад. 
Огоҳиҳо оиди хабарҳои шахсии воридотӣ аз яке аз ин рақамҳои кӯтоҳи хизматӣ ворид мешаванд: 3001, 3002, 3003, 3004. 
Огоҳиҳо оиди хабарҳои гурӯҳҳо аз рақами кӯтоҳи хизматии 3005 ворид мешаванд.

SMS-ҷавобҳо

Баъди гирифтани огоҳӣ оиди хабари шахсӣ, Шумо метавонед ба он ҷавоб нависед ва онро ба рақаме, ки аз он огоҳӣ омада буд, фиристонед. Матни ҷавоб ба хабари шахсӣ дар мусоҳибаи мувофиқи банди «Хабарҳои ман» пайдо мешавад.

Пайвасткунӣ/Хомӯшкунӣ 
Имконият/қатъгардонии имконияти ирсоли «SMS-ҷавобҳо» якбора бо пайвасткунӣ/хомӯшкунии хизматрасонии «SMS-огоҳӣ» пешниҳод мешавад.

Нарх 
Нархи як хабари содиротӣ ба ҳар як рақами кӯтоҳи хизматӣ 3001, 3002, 3003, 3004 баробари хабари содиротӣ тибқи тарофаи шумо аст.

Ҷойгиркунии сабтҳо дар девори худ 
Шумо метавонед матнҳоро дар девори худ дар ВКонтакте ба воситаи ирсоли SMS ба рақами кӯтоҳи хизматии 3005 ҷойгир намоед.

Пайвасткунӣ/Хомӯшкунӣ 
Хизматрасонӣ барои ҳамаи муштариён дастрас аст ва пайвасткуниро талаб намекунад.

Нарх 
Нархи ҳар як хабари содиротӣ ба рақами кӯтоҳи 3005 баробари нархи хабари содиротии тарофаи шумо ҳисоб карда мешавад.


printer.png

Чопи саҳифа