Алоқа+
«Алоқа+» – хизматрасонии қулай аст, ки Шумо метавонед онро мустақилона фаъол созед, то ҳамеша дар тамос бошед. Агар ҳангоми ситонидани пардохт аз рӯи тарофа дар ҳисоби Шумо маблағ кофӣ набошад, «Алоқа+» ба Шумо имкон медиҳад, ки истифодаи алоқаро бе танаффус идома диҳед.
Хизматрасониро метавонед бо фармони – *257*7# фаъол намоед.
Шартҳои хизматрасонӣ
Арзиш – ҳамагӣ 1 сомонӣ дар як рӯз.
Ба хизматрасонӣ дохил мешаванд:
- Зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака;
- 50 Мб интернет дар як рӯз, пас аз он, трафик мувофиқи шартҳои тарофаи ҷорӣ пардохт карда мешаванд;
- Зангҳо ба шабакаҳои мобилии дигар ва SMS – мувофиқи шартҳои тарофаи ҷорӣ алоҳида пардохт карда мешаванд.
Чӣ гуна кор мекунад?
• Хизматрасонӣ ба таври худкор рӯзи оянда пас аз анҷоми давраи пардохтшуда, фаъол мешавад, агар дар тавозун бештар аз 1 сомонӣ бошад, вале барои пардохти пурраи тарофа маблағ кофӣ набошад. Агар дар тавозун камтар аз 1 сомонӣ бошад, хизматрасонӣ фаъол намегардад.
• Агар шумо тавозунро пур кунед, лекин маблағ ҳанӯз барои пардохти пурраи муштарипулӣ кофӣ набошад, аммо бештар аз 1 сомонӣ бошад, хизматрасонӣ фаъол хоҳад шуд.
• Ҳамаи бастаҳои асосӣ ва иловагӣ мувофиқи тарофа барои истифода дастнорас мебошанд. Дар давоми амали «Алоқа+» фақат дастрас мебошанд: зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 Мб интернет, инчунин тарофабандии зангҳо ба дигар шабакаҳои мобилӣ ва статсионарӣ дар дохили ҶТ ва SMS дар дохили ҶТ мувофиқи шартҳои нақшаи тарофавии шумо. Нақшаҳои тарофавии «Сипос» ва «Муошират+» нархҳои алоҳида доранд: зангҳо ба дигар шабакаҳои мобилӣ ва статсионарӣ дар дохили ҶТ 0.25 сомонӣ ва SMS дар дохили ҶТ 0.10 сомонӣ мебошанд.
Донистан муҳим аст!
• Хизматрасонӣ метавонад то 10 маротиба дар давоми 30 рӯз фаъол шавад.
• Агар тавозун дар давоми 5 рӯз то маблағи лозима пур нашуд, «Алоқа+» фаъол намешавад. Пайвастшавии дубораи танҳо пас аз пардохти пурраи муштарипулии тарофаи ҷорӣ имконпазир аст.
• Ҳангоми пур кардани тавозун бо маблағи кофӣ барои пардохти муштарипулӣ, афзалият ба тарофа дода мешавад – хизматрасонии «Алоқа+» ба таври худкор хомӯш карда мешавад.
• Барои қатъ кардани хизматрасонии «Алоқа+» *257*8#-ро занг занед. Пас аз иҷрои фармон, хизматрасонӣ ғайрифаъол мешавад ва дар оянда агар маблағ барои пардохти тарофа кофӣ набошад, ба таври худкор дубора фаъол намешавад.