Хабарҳо

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо камоли мамнуният ба муносибати рӯзи 9-май, ки ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯем! Сипоси беандоза ба онҳое, ки имрӯзу ояндаи моро рӯшан кардаанд ва дар таъмини музаффарият дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳм доранд. Ҳамватанони мо дар солҳои мудҳиши 1941-1945 озмоишҳои бузургро пушти сар карда,  аз худ шикастнопазирӣ ва иродаи қавӣ ба намоиш гузоштанд. 

Бигзор, насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба якояки Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва баракати хонаводагиро таманно дорем.

май.png


89

Возврат к списку