Хабарҳо

Cоли нави чинӣ бо Tcell – боз ҳам наздиктар!


Соли нави чинӣ – барои сокинони Чин ва бархе аз кишварҳои осиёӣ иди асосӣ, муҳим ва беҳтарин маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти ин ид, ширкати Tcell барои намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва муштарии ширкат мебошанд, ҷашни иди Соли нави чиниро баргузор кард.

Соли нави чинӣ бузургтарин иди мардуми он кишвар маҳсуб ёфта, ҳудуди 14 рӯз онро таҷлил менамоянд! Худи чиниҳо онро Соли нав- Иди Баҳор меноманд ва аммо таърихи ин ид ба 4000 соли қабл иртибот мегирад. Дар рӯзҳои таҷлил аз он ҳама хонавода гирди ҳам меояд ва хонаро бо чароғу лентаҳои сурх оро медиҳанд. Дар арафа ва рӯзҳои ид дар Чин оташбозӣ, таркондани маводҳои пиротехникӣ зиёд сурат мегирад. Ба қавли чиниҳо, ин барои тарсонидани қувваҳои бадӣ ва истиқболи нав омили аз ҳама асосист.  

Таҷлил аз Иди Соли нави чинӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дар ин ҷо ба сар бурдани теъдоди зиёди сокинони Чин ва фаъолияти корхонаҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Зимнан, ширкати Tcell низ ин анъанаро нигоҳ дошта, барои муштариёни корпоративии ширкат чанд сол боз таҷлили соли нави чиниро баргузор менамояд. Соли нави чинӣ – беҳтарин баҳонаест барои ошно шудан ба фарҳанг, тамаддун ва таърихи ин халқ. Аснои ҷашнгирии соли нави чинӣ, ки ширкати Тсеll онро баргузор кард, рақси “Аждаҳо”-и чинӣ, тарона ва оҳангҳои тоҷикӣ, сурудҳои миллии чинӣ, расмкашӣ ва бисёр лаҳзаҳои тафреҳии муштаракро дидан мумкин буд.    

«Барои мо, махсус барои ширкати Tcell ташкил ва баргузории чунин мулоқотҳо бо доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ аз манфиат холӣ нест. Дар баробари саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, чиниҳое, ба ҷумҳурии мо меоянд, дар ғанигардонии фарҳангу русму русуми мо саҳм мегиранд. Бо мусоидати онҳо, санъати таббохӣ (таҳияи ғизо), анъана ва фарҳанги мо боз ҳам рушд хоҳад ёфт”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои муштариёни корпоративиаш иртиботи боэътимодро бо сифати олӣ таъмин намуда, ҳамарӯза ҷиҳати тақвияти алоқа саъю кӯшиш менамояд. Ҳар як муштарӣ дар ширкат ба таври алоҳида хидмат мегирад ва барояш беҳтарин хизматгузорӣ ва роҳи қулайи он пешниҳод мегардад. Аз оддитарин навъи хизматрасонӣ то интихоби забони муошират дар ширкат барои муштарин муҳайё аст. Ҳангоми таҷлили Соли нави чинӣ муаррифии хидматрасониҳо, маҳсулот ва навгониҳои ширкати Tcell пурра бо забони чинӣ барои меҳмонон ироа гардид.
Чунин муносибат ба ҳар як муштарии корпоративӣ фазои эътимоду ҳамкориро тақвият дода, барои боз ҳам рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад. 

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg
319A8841.jpg
319A8898.jpg
319A8920.jpg
319A8953.jpg
319A8974.jpg
1453

Бо дастгирии Tcell маҷмӯаи мусиқии кӯҳистони Тоҷикистон ба нашр расид.


Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ-    «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд.


«Зебоипарастӣ» - ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма дошт. Овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон: Далер  Назаров, Иқбол  Завқибеков, Улфатмо Мамадамбарова, Бахтибегим Орифова ва Мародбахт Файзова зимни муаррифии албом ширкат ва ҳунарнамоӣ доштанд.

Ширкати Tcell дар чаҳорчӯби масъулияти иҷтимоиаш аз тарҳи мусиқии “Зебоипарастӣ” пуштибонӣ кард. Ба унвони як ширкати масъулияти иҷтимоидошта, Tcell барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша талош меварзад. 

 «Tcell бо хушнудӣ шарики ҳамкор дар татбиқи лоиҳаи мазкур гардид. Ширкати Tcell тарҳҳои фарҳангиро ҷонибдорӣ менамояд, зеро тарғибу ташвиқ, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ як бахши муҳими зиндагии инсонҳо аст. Маҳз чунин иқдому тарҳҳо миёни ҷавонон шавқу рағбатро бедор карда, онҳоро барои эҳтироми суннату фарҳанги қадимӣ таҳрик медиҳад ва ин дастовард ҳамин тавр аз насл ба насл мегузарад”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Вижагӣ (махсусият)-и албоми «Зебоипарастӣ» дар он аст, ки ҳунармандон оҳангҳои худро худашон иҷро менамоянд. Ба синну солашон нигоҳ накарда, бештари иштирокчиёни лоиҳа оҳангу таронаҳои беҳтаринашонро дар назди ҳозирин бо санъати баланду олӣ пешниҳод сохта, маҷмӯаи нодиреро аз фарҳанги кӯҳистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд. Сабту банду басти маҷмӯа (албом)-и мусиқӣ дар Помир, Душанбе, дараи Варзоб, Маскав ва Алма –ато анҷом ёфтааст.

Аснои муаррифии албоми мазкур ҳунармандони хушсалиқаву нотакрор Самандар Пӯлодов, Иқбол Завқибеков, Мародбахт Файзова ва гуруҳи созию овозии «Шамс» баромад намуданд. Дар оғоз Далер Назаров бо сухани ифтитоҳӣ маъракаро ифтитоҳ ва албоми навашро таҳти унвони «Орифона» манзури тамошобинон кард.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A7691.JPG

319A7713.JPG

319A7745.JPG

319A7783.JPG

319A7829.JPG

319A7834.JPG

1576

Tcell барои 9 муассисаи кӯдакона дар саросари Тоҷикистон ҷашни солинавӣ орост


Бобои барфии бунафшранги Tcell.



Дар чаҳорчӯби масъулиятҳои иҷтимоӣ ширкати Tcell дар мавриди бахши осебпазири аҳолии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар остонаи Соли нави 2019 масъулини ширкат бо тӯҳфаҳои идона ба 9 маркази парвариши атфол рафта, барои онҳо фазои идона тӯҳфа намуданд: хонаи бачагон, интернатҳо, марказҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ин бахш шомиланд.  

Бобои барфии бунафшранги Tcell ба беш аз 600 кӯдак аз хонаи бачагону парваришгоҳҳо бозичаҳо ва шириниҳо ҳадя кард. Илова бар ин, ҳар як муассисаи бачагона кӯмакҳоеро дастарас кард, ки дар айни замон тарбиятгирандагон ба он ниёз доранд: либоси зимистона, пойафзол, бухории барқӣ ва катҳои хоб.

Парваришгоҳи №1 дар маҳаллаи Чорбоғ ҳамчун ҳадя маҳсулоти беҳдоштӣ (гигиенӣ) гирифт, зеро дар ин ҷо кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҳсил ва зиндагӣ менамоянд. Бобои барфии бунафшранг ҳамчунин меҳмони марказҳои тарбияи атфол дар Файзобод ва Шаҳринав гардида, барои онҳо тӯҳфаҳои хоса: бозичаҳо, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва либосу пойафзол тақдим сохт.

Бачагони интернати ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ зимистони имсоларо бо либосҳои гарму пойафзолҳои зимистона пушти сар хоҳанд кард. Дар минтақаи Шӯроби ноҳияи Исфара бошад, ширкати Tcell тирезаҳои хонаи бачагонро иваз карда, ба ҷои тирезаҳои кӯҳна- тирезаҳои нави пластикӣ насб кард.   

Тарбиягирандагони парваришгоҳи бачагонаи ноҳияи Қабодиён соҳиби костюмҳои нав гардида, ҳамроҳ бо Tcell иди Соли навро хурсандона таҷлил намуданд. Дар мактаб-интернати Кӯлоб бошад, ширкати Tcell барои кӯдакони ин даргоҳ мизи идона ороста, барои дар сатҳи хотирмон гузаронидани ҷашн маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим кард. Маркази кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуди ноҳияи Рашт аз ҷониби ширкати Tcell катҳои хоб ва ҷиҳози онро ҳамчун тӯҳфа қабул намуд.   

Муштаракан бо Клуби миллии Федератсияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ширкати Tcell барои атфоли имконияти ҷисмониашон маҳдуд дар шаҳри Душанбе иди арчаро баргузор намуд, ки зимни он беш аз 100 кӯдак иштирок дошт.   

Дар ҷараёни иқдомҳои хайру эҳсонкорӣ, ки дар саросари ҷумҳурӣ идома дошт, ширкати Tcell ба ҳама минтақаҳо- НТМ, Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ кӯмакҳои худро ироа намуд. Теъдоди кӯдаконе, ки аз ширкат ҳадяву кӯмак гирифтанд беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад. 

Хандаи беғаши кӯдакон, интизорӣ ва боварӣ ба амалишавии орзуҳо, рухдоди мӯъҷизаҳои сеҳрнок дар арафаи ид ва рӯзҳои Соли нав барои атфол амри маъмул ва табиӣ аст. Аз ин рӯ, ширкати Tcell ҳамасола барои онҳое, ки ин ид ва маросимро бесаброна интизор мешаванд, фазои вижаи идона муҳайё месозад. Ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта Tcell ҳамеша лоиҳаҳои хайриявиро баргузор ва сарпарастӣ менамояд. Бо ироаи кӯмак ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеъа, ширкати Тсеll вазифаи иҷтимоиашро анҷом медиҳад.

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A9132.JPG

319A91556.JPG

IMG_0671.JPG

2.jpg

IMG_0681.JPG

3.jpg  319A9155.JPG

1566

Ширкати Tcell «Беҳтарин соҳибкори соли 2018» эълон шуд!


Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд идома дошт, сурат гирифт. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овардl

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа озмуни вилоятии “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то моҳи декабр идома кард. Ин иқдом бо ҳадафи беҳбудсозӣ ва мусоидат дар тақвияти фазои иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳандозӣ шуда буд.

Озмун аз рӯи 42 номгӯй ва 8 бахши соҳибкорӣ ҷараён гирифта, дар он теъдоди зиёди соҳибкорон, ширкатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Ширкати Tcell  «Беҳтарин соҳибкори сол» дар бахши “Беҳтарин соҳибкори вилоят дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” эътироф гардид.

Барои Tcell як чунин шинохту қадрдонӣ аҳамияти бузург дорад: ширкати Tcell ҳамарӯза шабакаашро тақвият медиҳад, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат ба унвони яке аз сохторҳои марбути Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад. 

«Ин мукофот қабл аз ҳама ба муштариёни мо таалуқ дорад. Маҳз онҳо ҳастанд, ки моро интихоб мекунанд, бо мо мемонанд ва барои мо имконияти рушдро фароҳам меоранд, ин омил ба мо такон мебахшад, моро рӯҳбаланд месозад”, мегӯяд Фирдавс Махсумов, Директори бахши Тсеll дар вилояти Суғд. 

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лучший предприниматель.png

1625

Тағийрот дар хизматрасонии «Роуминги Муфид дар Русия»

Муштариёни мӯҳтарам!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба тарофагузории хизматрасонии  «Роуминги Муфид дар Русия» аз 3 январи соли 2019 тағийротхо ворид карда мешаванд. Арзиши 1 мегабайт Интернет - 0,90 дирам, смс – 0,50 дирам ташкил медихад.
1564

Fолибони викторинаи “Билофосила” 2 ва 3 давр.


Викторинаи “Билофосила”



ТОП 6 аз даври 2 (18 октябр – 18 ноябр).

xxxxx 82 - 21979 имтиёз 
xxxxx 00 - 20817 имтиёз 
xxxxx 20 - 6583 имтиёз 
xxxxx 00 - 4447 имтиёз 
xxxxx 33 - 1990 имтиёз 
xxxxx 14 - 1842 имтиёз 

 

ТОП 6 аз даври 3 (19 ноябр – 19 декабр).

xxxxx 00 - 38217 имтиёз 
xxxxx 82 - 38056 имтиёз 
xxxxx 14 - 10143 имтиёз 
xxxxx 75 - 3147 имтиёз 
xxxxx 29 - 1954 имтиёз 
xxxxx 40 - 1234 имтиёз

1572

Tcell Тоҷикистонро ба муҳити рақамӣ (диҷитол) ворид месозад


Диҷитол



Интернет ба бахши ҷудонашавандаи зиндагии ҳар яки мо табдил шудааст. Фазо ва ё муҳити digital сония ба сония рушд карда, шароити беҳтареро барои ҳар як корбар фароҳам меорад.   Tcell- ҳамчун як ширкати навовар (иноватсионӣ) дар кори ҳар рӯзааш кӯшиш мекунад, ки аз дастовардҳои навини технологӣ самаранок истифода барад ва барои муштариён маҳсулоти наву хидматрасониҳои ҷадидро пешниҳод намояд. Яке аз роҳбурдҳои калидии ширкат – рушди муҳити диҷитол (рақамӣ) дар Тоҷикистон ва татбиқи муҳтавои он дар шабакаи ҷаҳонӣ мебошад.   

Дар аввали соли 2019 ширкати Tcell татбиқи тарҳ (лоиҳа)-и бузурги навоваронаро оғоз менамояд, ки ҳадафи он рушди фазои диҷитол дар Тоҷикистон аст. Аснои амалишавии лоиҳа иштирокдорони он 4 ҳадафи бузурги диҷитол, барнома (замима)-ҳои муфиди иҷтимоиро бояд роҳандозӣ намоянд. Тамоми ин барномаҳо бо муҳтавои маҳаллӣ комил гардида, холигоҳи иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳонӣ дар бораи Тоҷикистон пур хоҳанд кард. 

Яке аз барномаҳо, ки аллакай коркарди он шурӯъ гардидааст, бо номи «Tajik attractions» (аз забони англисӣ – «Манзараҳои тоҷикӣ») мебошад. Дар барнома феҳрасти калони мавзеҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва табиӣ ҷо хоҳанд ёфт ва дар мавриди ҳар кадоме аз онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод мешавад. Замима барои меҳмонон ва ҳамаи ҳамватанон, ки аз як гӯша ба минтақаи дигари кишвар сафар менамоянд ва бо манзараҳои зебои Тоҷикистон, осорхона, қалъа ва ҷойҳои таърихӣ шинос шудан мехоҳанд, дастури беминнат хоҳад шуд. Бо таҳия ва омода кардани замима (барнома)-и  «Tajik attractions», Tcell саҳми худро дар рушду тақвияти бахши сайру саёҳат (ҷаҳонгардӣ)-ӣ дар Тоҷикистон мегузорад ва кишварро дар ҷаҳон аз паҳлӯи мусбат муаррифӣ менамояд.

Дар соли 2018 ширкати чанд тарҳ-барномаи диҷитолро коркард ва мавриди татбиқ қарор дод. Роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram барои корбарон аз василаи беҳтарини иртиботу маълумотгирӣ маҳсуб меёбад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии истифодабарандаро анҷом медиҳад! Чат-бот аллакай ба муштариёни зиёде барои дастрас кардани маълумот оиди хидматрасониҳо, тарофа ва ҳатто ҷойи кор дар ширкати Tcell иттилоъ пешниҳод кардааст. Паёмрасон (мессенҷер)-иTelegram рӯз аз рӯз доираи бештари корбаронро фаро мегирад.    Ҳамаи ин бо шарофати каналҳои ҷолиб ва ироаи боэътимоди паёмҳо, инчунин чатбот фароҳам омадааст. Telegram-бот — барномаи вижаест, ки ба таври худкор ва фармони додашуда фаъолият мекунад: иттилоъ пешниҳод месозад, ба пайванду нишониҳои интернетӣ роҳнамойӣ мекунад ва амалҳои дигарро ба сомон мерасонад. Tcell Чат-бот дар асос ва пояи ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардида, на ба таври радду бадал (мукотиба), балки бо шеваи интихоби иқдом кор мекунад. Дар менюи асосӣ барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарофаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «Маълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.  

Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад ва онро тариқи суроғаи зер насб кардан мумкин аст: https://t.me/tcellchat_bot  

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Facebook, VK ва Одноклассники дар соли 2018 дар замима-барномаи Tcell Games бозиҳои зиёдеро дарёфт карда аз он истифода бурданд. Бо ин барнома аз дастовардҳои таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва технологии кишвар ошно гардида, корбарон мукофоти худро бо бастаҳои интернетӣ, дақиқаҳо ва дигар намуди ҳадяҳо иваз карда метавонанд.

Ҳамчунин, дар соли 2018 году, Tcell аз миёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нахустин шуда ба иқдом (аксия)-и «Black Friday» («Ҷумъаи сиёҳ») пайваст ва барои муштариёнаш эълони тахфифи қобили мулоҳизаро ҷиҳати харидории молу ашё бо тахфифи то 50% эълон кард!

Ширкати Tcell аз рӯи шохиси обуначиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешоҳанг буда, мақоми аввалро ишғол менамояд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабару навгониҳо, пешрафтҳои иноватсионӣ, тавсеаи шабака ва тақвияти бозори мобилӣ таблиғ мешавад.   

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифаи Tcell мавҷуд аст ва тавассути он корбарон метавонанд аз хизматрасонии вижа - хариди рақам ва хидматрасониҳо истифода намоянд. Барои анҷоми ин кор зарурати рафтан ба марказҳои хизматрасонии ширкат нест. Дар бузургтарин фурӯшгоҳи онлайнӣ – интернетии Тоҷикистон - https://somon.tj/, ки он ҷо «Мағозаи Tcell» низ аз ин хизматрасонӣ барои дастрасӣ ба тарофаҳо ва хизматрасониҳо истифода кардан мумкин аст.

Рушди муҳити digital аз бахшҳои муҳими фаъолияти ширкат маҳсуб меёбад. Бо тақвияти ин ҷанбаъ, Тсеll cаҳми худро дар инкишофу пешрафти шабакаи ҷаҳонии интернет ва дастовардҳои ҷадиди он дар Тоҷикистон хоҳад гузошт.     

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

digital.jpg


1591

Бобои Барфии Ҳақиқии Бунафшранг


Ду ҳафтаи ахири моҳи декабр Бобои барфии Ҳақиқии Бунафшранг хеле серкор мешавад: дар сари чанбарак мошин меронад, дар назди Арчаҳои Марказӣ мизбонӣ аст ва боз ҳам тақдими ҳадяҳои солинавиро фаромӯш намекунад! Ҷадвали барномаҳои Бобои барфии Бунафшрангро пайгирӣ намоед!
1540

Tcell дар ноҳияҳои тобеъи марказ шабакаро тавсеа медиҳад.


Ширкати Tcell ба тақвияти шабака дар навоҳии тобеъи марказ идома медиҳад. Дар натиҷаи амалисозии корҳо дар умури техникии шабака беш аз 17000 нафар дар ноҳияҳои Ҳисор ва Турсунзодаи ҶТ ба интернети Tcell дастрасӣ пайдо намуданд! Дар ин минтақаҳо 4 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид, ки 16 нуқтаи аҳолинишинро фаро мегирад.


Ширкати Tcell  бо насби истгоҳҳои мавҷпарокании стандарти 3G ба 17 000 сокини ин навоҳӣ имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё кард. Онҳо корбари фаъоли Интернет гардида, аз навигариҳои муосир, дастовардҳои технологӣ бохабар мешаванд, ҳамеша бо пайвандону наздиконашон, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар иртибот мебошанд.  

Дастрасӣ ба Интернет ба онҳо имкон медиҳад, ки ба тамоми ҷаҳон дар бораи худ нақл кунанд. Ва онҳо метавонанд дар мавриди: маконҳои истироҳатӣ, таърихӣ, ҷойҳои зебову қадима, ки дар Ҳисору Турсунзода зиёданд, ба дигарон бигӯянд. Дар ҳама давру замон дар ин водӣ ҳаёт ҳамеша дар ҷӯшу хурӯш буд: Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ин ҷо убур мекард, дар ин минтақа бозёфтҳои зиёди антиқа дарёфт шудаанд, маконҳои таърихӣ то ҳанӯз дар ин водӣ побарҷоанд. Таври мисол, Қалъаи таърихии Ҳисор умри беш аз 2500 –cола дорад!

Табиати водии Щисор низ дар навбаи худ дилфиребу такрорнашаванда аст: рӯдҳои тозаи кӯҳӣ, қуллаҳои барфпӯш, олами бойи набототу ҳайвонот ба ҳусни дигари ин минтақа ҳусни нав зам мемкунад. Дар дараи Ширкент, ки дар ноҳияи Турсунзода воқеъ аст, харсангҳои азимҷуссаро дидан мумкин аст, ки осори пойи динозаврҳо аз замонҳои қадим то имрӯз боқӣ мондаанд. Чунин бозёфтҳо дар ҷаҳон хеле кам ба назар мерасанд! 

Ҳамин тавр, сокинони Турсунзодаву Ҳисор ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ пайдо карда, бо ахбору навгониҳои дунё ошно мешаванд, ҳамзамон дар бораи диёри худ, тарзи ҳаёт, дастовардҳои миллӣ ва таърихии хеш ба ҷаҳониён қисса хоҳанд кард. Иртиботи доимиро низ бо наздикону пайвандонашон нигоҳ хоҳанд дошт. 

Ширкати Тcell ба тавсеаи шабака дар манотиқи кишвар идома дода, ҳамвора ба рушди техникии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тақвият ва навсозии шабака дар саросари ҷумҳурӣ: дар пойтахт, НТМ, вилоёти Суғду ВМКБ ва Хатлон давом меёбад. Масъулин ва роҳбарияти ширкати мобилӣ тасмим доранд, ҳар чи бештар муштариёнро бо шабакаи насли 3G ва 4G пайваст намоянд. Дар ҳошияи тақвияти техникӣ ва навсозии шабака дар ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Тоҷикобод чанде қабл 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G ба истифода дода шуд. Тайи моҳҳои ахир шабакаи насли чорум -   4G дар қаламрави шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ насбу васл гардид. 

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

bs_tj.png

1590

Бобои барфии ҳақиқӣ ва бунафшранг дар сари чанбарак!


Аз 15 декабр ширкати Tcell ва «Олу4а Таксӣ» шуморо ба мулоқоти Бобои барфии бунафшранг, ки ронандаи боэътимодатон хоҳад шуд, даъват менамояд!



Тавассути рақами 7000  «Олу4а Такси» -ро фармоиш дода, хоҳиш намоед, ки ронандаи Шумо Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад! Бобои барфӣ аснои сайругашт ба шумо табъи хушу болидаро муҳайё месозад, мусофирони хурдсолро бе тӯҳфа намегузорад. Ҳангоми пайвастшавӣ ба тарофаи “Даркор 59” ва аз он боло бошад, шумо соҳиби сертификат барои дарёфти рақами “Нуқрагӣ” аз Tcell хоҳед шуд!

Теъдоди туҳфаҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ шитобед, то мусофири таксие шавед, ки ронандааш Бобои барфии бунафшранг аст!
1643

Мавсими тақдими тӯҳфаҳо аз Бобои барфии бунафшранги Tcell идома дорад!


Бобои барфии бунафшранг



1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ- гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз намуданд! Иқдом (аксия) то 15 декабр давом меёбад, аммо бо ин ҳама “сюрпризҳо” аз Бобои барфии бунафшранг ба анҷом намерасанд! 

Иштирокчиёни аксия, ки аз ҳама пештар Бобои барфиро дида рамзи “махсус”-ро мегӯянд, соҳиби сертификат барои пайваст шудан ба опсияи “Белимити солона-2019” аз Tcell мешаванд. Ин тарофа- иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет барои тамоми соли 2019-ро дорад. 

Дар ҳама саҳифаҳои Тcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, VK, OK, Viber) ва эфири радиои “Love Radio” дар вақти муайяншуда ҷои Бобои барфии бунафшранг ва “рамзи махсус” эълон мегардад, ки онро ба ба Бобои барфӣ расондан зарур аст. Бобоҳои барфии ҳақиқӣ ва бунафшрангро аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзод ва Хоруғ истиқбол намуданд. Дар саросари кишвар пайдо шудани Бобои барфиро сокинони зиёде интизоранд.

То 15 декабр дар аксия “Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст”-и Тсell ширкат кардан мумкин аст. Имконияти пайваст шуданро ба хизматрасонии солонаи “Белимити солона барои соли 2019” ва ё тӯҳфа намудани он ба дӯстону пайвандонро аз даст надиҳед!  Эълонҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кунед, радиои “Love Radio”-ро гӯш кунед, то аз пайдо шудани Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг дар шаҳру ноҳияаатон бехабар намонед ва соҳиби иртиботи белимити солона аз Тсеll гардед!

Баъди анҷоми аксия Бобои барфии бунафшранг барои сокинони пойтахт “сюрприз” дорад!

Ширкати Tcell ва «Олу4а Такси» аз 15 декабр шуморо ба “вохӯрӣ” бо Бобои барфии бунафшранг даъват менамояд, ки дар ин ҳангом Бобои барфи ронандаи боэътимоди шумо хоҳад буд! Ба замми ин ӯ ба шумо тӯҳфа медиҳад! «Олу4а Такси»-ро бо рақами 7000 даъват намуда, дархост кунед, ки ронандаи мошин Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад!
Аснои сафар Бобои барфӣ ба шумо табъи хушу болидаро фароҳам меорад, мусофирони хурдсол бошанд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд: ҳангоми пайваст шудан бо тарофаи даркории “Даркор 59” ва аз он болотар, шумо соҳиби рақами Нуқрагӣ аз меагардед!   Теъдоди ҳадяҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ талош кунед, ки бо таксии ронандааш Бобои барфии бунафшранг ба сайругашт бароед!

Ширкати Tcell якояки шуморо бо Соли нави 2019 муборакбод гуфта, бароятон куллияи хушиҳои зиндагӣ, табъи хушу болида ва эҳсосоти наҷибро таманно менамояд.

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Timeline 2.jpg
1582

«Тилло» ва «Нуқра»-и лоиҳаҳои Tcell дар озмунҳои Осиёи Марказии ҷоизаи «Event Awards Central Аsia»!


«Event Awards Central Аsia»!



Натоиҷи озмунҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг)-и ҷоизаи «Event Awards Central Аsia» эълон гардиданд. Лоиҳаи Tcell  “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» соҳиби нишони Тиллоӣ шуд! Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷоизаи Нуқра гардид.

Event Awards Central Asia – ин ҷоизаи мустақили касбӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ аснои баргузории чорабиниҳои марбути бозорёбӣ (маркетинг) тақдим мешавад. Тайи солҳои ахир ин мукофот ба тарҳҳои муваффақе, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон татбиқ меёбанд, эҳдо мегардад.

Имсол барои ҷоизаи Тилло дар бахши чорабиниҳои бозорёбӣ беш аз 60 лоиҳа аз бузургтарин ширкатҳои минтақа рақобат доштанд. Озмун аз сӯи доварони мустақил, ки коршиносони шинохтаи соҳоти “event”, HR-у PR (таблиғ ва бозорёбӣ)-и ширкатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия, Словакияву Малдова, инчунин намояндагони ВАО ва ҳунармандони маъруфи ин кишварҳо буданд, ҳакамӣ мешуд.    

 Tcell дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ»-и лоиҳаи “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» соҳиби нишони “Тилло” гардида, онро ба Тоҷикистон овард. Моҳи феврали соли 2018 барои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ки марзҳои муштарак, урфу одат ва фарҳанги ба ҳам наздик доранд, рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Сарҳадоти ин давлат, ки тайи қариб 20 сол барои равуои шаҳрвандон мушкил эҷод менамуданд, боз гардиданд. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ин иқдомро бо хурсандии бузург ва эҳсоси гарму гуворо пазируфтанд.

Ширкати Tcell ба рухдоди фавқ- равуои бештари шаҳрвандон, теъдоди зиёди сайёҳон ва гардишгарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роуминги дастрас дар Ӯзбекистонро роҳандозӣ карда, арзиши Интернетро дар шабакаи роуминг 16 маротиба коҳиш дод. Иқдоми тарғиботии ин лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва пешниҳоди матлабу маводҳои ҷолибу кӯтоҳ оғоз гардид.

Яке аз тарҳҳое, ки барои муаррифии бештар ва ташвиқу тарғиби роуминги дастрас ба кор оғоз намуд, ин “Салом, ҳамсояҳо!” («Салом, соседи!») дар ҳамҷоягӣ бо ширкати “Asia Plus Media Group” буд. Лоиҳа дар бораи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу санъат, дастовардҳо, ҳаёти одамони ҳар ду кишвар нақл карда, наворҳои ҷолибро дар мавриди пайвандҳои таърихии мардуми ҳамсоякишварҳо омода месозад. 

«Тарҳи роуминги дастрас оддӣ ва хеле содда буда, ҳадафи он нишон додани ин ки роуминг барои истифода қулай аст, аз он мешавад аснои иртибот, гуфтугӯ ва табодули навору аксҳои ҷолиб дар ҳангоми сафар дар Ӯзбекистон бо нархзи арзон истифода кард. Охир, тайи ин қадар солҳои ҷудоӣ ва дурии сунъӣ одамон ташнаи дидори якдигар шуданд. Вақте мо аз “Азии Плюс” пешниҳоди ҳамкорӣ дар татбиқи идеяи мазкурро дарёфт кардем, ба чунин хулоса расидем, ки айнан ва воқеан ин ҳамон лоиҳа ҳаст, ки мо онро мехоҳем. Мо онро ҷонибдорӣ карда, таркиби матоолибро бойтару ғанитар сохтем, барои комил шудани маҳсулоти пешниҳодӣ кӯмак расонидем. Ман итминони комил дорам, ки ин тарҳи ҳассосу хушбинона қалби ҳазорон нафарро тасхир кард, ба дилҳои ҳазорон нафар роҳ ёфт. Ин дар айни замон ҳамон ҳадафи аслӣ аст, тарғиби тамға (бренд), ки мо бояд амалӣ намоем”,- мегӯяд директори Департаменти бозорёбӣ ва равобит (маркетинг ва комуникатсия)-и ширкати Tcell Кети Пиртсхалава.    

Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» бошад, сазовори ҷоизаи Нуқраи озмун гардид. Моҳи июни соли 2018 Азия Плюс ва Tcell аз 4 хонаи бачагони шаҳри Душанбе, ки беш аз 350 кӯдак дар онҳо тарбия мегиранд, дидан карданд. Ба назди ин тифлакони масъум, ки аз навозиши волидайн маҳруманд, шахсони маъруф, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта рафта, ҳамроҳ бо онҳо китоб хонданд, шеъру таронахонӣ карданд ва нақлҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд.

Лоиҳа ба кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар ҷомеъа танҳо нестанд, онҳо низ шахсони даркорӣ дар ин кишваранд. Мақсади аслии ин иқдом на фақат ироаи тӯҳфаву ҳадяҳо дар иду маросимҳо, балки фарогирии кӯдакон бо меҳру муҳаббати инсонӣ буд.    

Тафсилоти бештарро дар бораи ҷоизаи EACA тавассути нишонии: https://www.eaca.pro/  ва саҳифаи расмии он дар шабакаи иҷтимоии Facebook: https://www.facebook.com/EventAwardsCA/      дарёфт карда метавонед.

Соли гузашта низ ширкати Tcell дар озмунҳои EACA чанд ҷоизаро ба худ ихтисос дода буд. Якбора се тарҳи Тселл: лоиҳаи «Digital Camp Tcell» дар бахши «Беҳтарин чорабинии омӯзишӣ», тарҳҳои «Табрикоти 8-март» ва  «Эҳсосоти брендӣ барои Viber» дар самти «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» мукофоти баландтаринро соҳиб гаштанд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

EACA.jpg



1557

Tcell тавсеа ва тақвияти шабакаро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад.


Ширкати Tcell ҳамчунон ба беҳбуд ва навсозии шабака идома медиҳад. Навовариҳои ахир ба ноҳияҳои тобеъи марказ рост омаданд: дар Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Лахш 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид!


Бо шарофати пойгоҳҳои нави мавҷрасон дар 37 деҳаи ин навоҳӣ наздик ба 38.000 нафар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро пайдо карданд. Ба воситаи интернети баландсуръати мобилӣ, сокинони ин манотиқ ба манбаъ ва сарчашмаҳои бузурги иттилотӣ даст ёфта, ҳамеша бо хонаводаву наздиконашон дар тамос боқӣ мемонанд,   аз ҷумла тавассути барномаи «Чӣ Гап» аз Tcell.

«Tcell лоиҳаи бозсозӣ ва таҷдиди шабакаашро дар манотиқи кишвар идома мебахшад. Мо талош мекунем, ки ҳама сокинони Тоҷикистонро, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишину камнуфус ҳам бо иртиботи боэътимод таъмин намоем. Пойгоҳҳои нави стандарти 3G дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳудуди бисёр аз рустоҳои водиро бо иртибот таъмин менамоянд. Таври мисол, дар яке аз майдатрин рустоҳои минтақа ҳамагӣ 134 нафар зиндагӣ мекунанд. Пас аз таҷдиду бозсозии шабака онҳо аз дастрасӣ ба иттилоъ камбуд нахоҳанд дошт: ҳамеша бо иртиботи Tcell бо тамоми олам дар тамос хоҳанд буд», - иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell тавсеа ва тақвияти техникии шабакаро боз ҳам идома мебахашад.    Навгонӣ ва навовариҳо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон: дар пойтахт, НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), Суғд, ВМКБ ва Хатлон сурат мегиранд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки қаламрави бештари кишвар бо шабакаи ҷадиди стандарти 3G ва 4G пайваст гардида, алоқа беҳтар шавад.  

Дар чаҳорчӯби тавсеа ва рушди техникии стандарти насли чаҳорум– 4G фақат дар тӯли чанд моҳи ахир шабакаи ширкат дар ҳудуди шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ васеъ гардид. Шабакаи 4G аллакай ба сокинони ин шаҳрҳо имконият дод, ки ба интернети баландсуръати 20 Мбит/с  дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз навгониҳои илму техника, фарҳанг, маориф ва иқтисод бохабар шаванд.   

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

modern_tj.jpeg
1575

Tcell Бобои барфии ҳақиқиро муаррифӣ мекунад – он бунафшранг аст!


Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.


Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад- гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайру гашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа- “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед! Аз эълону навгониҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобои барфии Бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд- иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Violet_Santa_tj.jpg

1788

Дар мавриди "Ҷумъаи сиёҳ", ки имкон дорад дар он беҳтарин молҳоро бо тахфифҳои ҳайратовар харид намуд, оё шунидаед?


"Ҷумъаи сиёҳ"




Шуморо хушҳол кардан мехоҳем: Tcell бо иқдоми "Ҷумъаи сиёҳ" ҳамроҳ мешавад!
Танҳо аз 23 то 25 ноябри соли 2018 бастаи Интернети 1000 мегабайт ва 5000 мегабайтро бо тахфифи 50% харидорӣ кардан мумкин аст!

Фармон барои пайвастшавӣ ба 1000 МБ *870*1000#, барои пайвастшавӣ ба 5000 МБ *870*5000#
1642

Эълон

Аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доштанд. Мутахассисони ширкат барои дар зудтарин фурсат бартараф намудани мушкилӣ саъю кӯшиш намуданд. Ширкати Tcell аз шумо барои нороҳати маъзарат мепурсад. Ташаккур барои дарки шумо!
Барои тамоми муштариёне, ки дар ин муддат мушкилии дастрасӣ ба хизматрасониҳои шабака ва интернетро доштанд, аз тарафи ширкат ҳамчун ҷуброн бастаи 300 мегабайт интернет ва 50 дақиқаҳои иловагӣ дар дохили ЧТ пешниход карда мешавад.

1903

Эълон

Дар ҳоли ҳозир баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доранд. Мутахассисони ширкат кӯшиш доранд, дар зудтарин фурсат мушкилро ҳал намоянд. Ширкати Tcell аз шумо барои ин мушкилот маъзарат мепурсад.   
Ташаккур барои дарки шумо!
1651

Муштариёни Tcell тавозуни худро метавонанд тавассути «Корти миллӣ» пурра намоянд!


«Корти миллӣ»



Ширкати Tcell ва Спитамен Бонк дар мавриди хизматрасонии ҷадид, ки тавассути он имкони пурра кардани ҳисоби телефонҳои мобилӣ аз тариқи кортҳои бонкии “Корти миллӣ” имконпазир мешавад, эълон намуданд! Ин кортҳо дар ҳама бонкҳои кишвар дастрас мебошанд.

Муштариёни Tcell имкон доранд тавозуни телефонҳои ҳамроҳи худро бе пардохти иловапулӣ (комиссия) ва дар реҷаи шабонарӯзӣ пур намоянд, барои ин фақат бо худ доштани корти бонкии “Корти миллӣ” аз бонки дилхоҳ зарур аст

Ин амалро мешавад хеле содда анҷом дод: ба бахши «Хизматрасониҳо» -и сомонаи Tcell ворид гардида, шарти «Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ”-ро интихоб намоед.  

Дар ин қисмат чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст: рақами кортро нишон медиҳед, ному насаби соҳиби кортро менависед, муҳлати анҷоми эътибори корт CVV2 (CVC2)-ро хонапурӣ мекунед. Баъдан, муштарӣ бояд пардохтро тавассути рамзи SMS-паёмак тасдиқ намояд. Маблағ аз ҳисоби корт ба рақами нишондода гузаронида мешавад. Тавозунро тариқи дилхоҳ рақами Тселл пурра кардан мумкин аст. 

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои муштариён беҳтарин ва мақбултарин шароитҳои хизматрасониро роҳандозӣ намоем. Тавозуни телефон метавонад дар вақти барои шумо ноқулай ба охир расад: нисфи шаб, дар роҳ ва ё аснои суҳбати зарурӣ, ки гуфтугӯи мустақим дар ин лаҳза хеле зарур аст. Бо хидматрасонии пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ” муштариёни мо ба ҷустуҷӯи банкомат намепардозанд. Тариқи ин намуд хизматрасонӣ тавозуни худро метавонед пурра намоед, ба ҳисоби рақами дӯстону пайвандон маблағ гузаронед», - қайд карданд дар ширкат.

Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои «Корти миллӣ» бе иловапулӣ, дар пайванди зер дастрас аст: https://pay.spitamen.com/tcell/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_post2.png

1661

Tcell ба кор даромадани НБО-и Роғунро табрик мегӯяд!


Ба кор даромадани НБО-и Роғун



16 ноябри соли 2018 – барои ҳамаи Тоҷикистон рӯзи таърихист! Дар ин рӯз, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад, чархаи нахустини неругоҳи Роғун ба кор даромад ва ин иқдом бозгӯ аз он аст, ки қадами ҷиддӣ ва устувор дар роҳи даст ёфтан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, инчунин иҷро шудани яке аз ҳадафҳои асосии рушди стратегӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шуд! Tcell ҳамаи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба онҳо мегабайтҳои ройгон (бепул)-и интернет ҳадя кард. Ҳамзамон, барои ҳамаи онҳое, ки дар баҳрабардории чархаи аввалини неругоҳ ширкат доранд, иртиботи боэътимодро пешниҳод намуд.
   

Ба кор даромадани НБО-и Роғун, ки аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд,- қадами устувор барои бунёди низоми энергетикии кишвар аст. Зимни ҳар як суханронӣ ва суҳбатҳои телевизиониаш райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи неругоҳи мазкур дахл карда, иброз медорад, ки рушди бонизом ва вусъатноки иқтисоди кишварро бе таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳама бахшҳо тасаввур кардан ғайримкон аст.

Ширкати Tcell, ки ширкати тамоюлаш иҷтимоист ва бахши иқтисодро дастгирӣ менамояд, дар маросими баҳрабардорӣ ва ба кор даровардани бузургтарин тарҳи гидроэнергетикии Тоҷикистон кӯмак расонд. Дар қаламрави иншооти мазкур истгоҳи мавҷпарокании Тcell насб гардида, барои ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ: намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва хабарнигорон иртиботи боэътимодро фароҳам овард.

Ширкати Tcell ба ин муносибат ва иди ҳақиқӣ куллияи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба сифати ҳадя дар рӯзи ба кор даромадани чархаи нахустини НБО ба ҳар як муштарӣ 100 Мб Интернет тӯҳфа кард!  

Чанд моҳ қабл бошад, 15 000 сокини Роғун аз имконияти нави технологӣ аз Tcell баҳраманд гардиданд. Tcell аввалин ширкати телекомуникатсионӣ аст, ки дар шаҳри Хоруғ шабакаи 4G-ро роҳандозӣ кард. Муштариёни ширкат аллакай аз имкониятҳои иртиботи 4G бо суръати то 50Mbit/s истифода мекунанд!

«Рушди бомароми иқтисодии корхонаҳо дар шароити феълӣ бе иртиботи боэътимод ва роҳандозии навгониҳои иноватсионӣ номумкин аст. Интернети босуръат дар вазъияти муосири технологӣ шароит муҳайё мекунад, ки сифати истеҳсолот боло равад ва манфиати иқтисодӣ нигоҳ дошта шавад. Маҳз барои ҳамин ҳам, имрӯз дар шаҳри Роғун 4G аз Tcell фаъол аст. Шабакаи устувори энергетикӣ дар саросари кишвар- яке аз ҳадафҳои асосии тиҷорати мо аст. Мо дар ҳамҷоягӣ бо ҳамаи тоҷикистониён аз ба кор даромадани нахустин чархаи неругоҳи бузургтарини Осиёи Миёна- Роғун изҳори хушҳолӣ карда, ба ин рӯзи таърихӣ ва саҳнаи тақдирсоз ҳамагонро табрику муборакбод мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Кормандони Tcell ҳамчунин Рӯзи Президентро, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр таҷлил мегардад ва имсол он ба санаи ба кор даромадани чархаи аввалин НБО-и Роғун иттифоқ уфтод, ҷашн гирифтанд. Дар ширкат пахши навори мустақими ба фаъолият шурӯъ кардани чархаи неругоҳ намоиш дода шуд. 

Бар пояи тарҳи асосӣ НБО-и Роғун аз 6 чарха (агрегат)-и тавлиди барқ иборат буда, иқтидори истеҳсолии ҳар кадоме аз онҳо ба 600 МВт баробар аст. Тавоноии умумии неругоҳ муодили 3600 МВт буда, ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки НБО-и Роғун дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарин тарҳи гидроэнергетикӣ маҳсуб гардад.   

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_tj.png

1631

Ширкати Tcell шабакаи баландсуръати насли чоруми 4G-ро ба Кӯлоб овард!


Шабакаи 4G Кӯлоб



Ширкати Tcell миёни шабакаҳои мобилии кишвар нахустин шуда барои сокинони шаҳри Кӯлоб иртиботи баландсуръати 4G-ро фароҳам овард! Шабакаи 4G аллакай нисфи зиёди шаҳрро фаро гирифта, беш аз 100 000 нафар сокинон имкони пайваст шудан ва истифода аз интернети балансуръатро пайдо намуданд!

Ширкати Tcell, ки дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва тасмимгириҳои иноватсионӣ пешоҳанги бозори кишвар мебошад, шабакаи худро дар қаламрави Тоҷикистон тавсеа дода, бозсохту тақвияти шабакаро идома медиҳад. Навсозии навбатии иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст- дар ин ҷо пойгоҳи мавҷрасони 4G, ки алоқаи мобилӣ ва трафики интернетро суръат мебахшад, ба фаъолият оғоз кард. Сокинони Кӯлоб аз ин ба баъд метавонанд аз имкониятҳои бузурги шабакаи ҷаҳонӣ: тамошои наворҳои мустақим, филму видеоҳои гуногун, рухдодҳои варзишӣ, бозиҳои онлайн истифода бурда, табодули маводҳои видеоии ҳаҷмашон калонро бо суръати то 50 Мбит/с ба роҳ монанд!

Дар ҳоли ҳозир ширкати Tcell дар аксари манотиқи Тоҷикистон шабакаи ироаи хизматрасонии насли 4G (интернети баландсуръат ва иртибот)-ро роҳандозӣ кардааст.    Шурӯъ аз соли 2014-ум, ки ширкати Tcell ба васли шабакаи 4G дар ҷумҳурӣ оғоз намуд, қариб дар аксари шаҳру манотиқи Тоҷикистон ин намуди хидматрасонии иноватсионӣ дастрас шудааст. Фақат дар чанд моҳи ахир шабакаи 4G дар 3 шаҳр: Данғараи вилояти Хатлон, Роғун (НТМ) ва Хоруғи ВМКБ ба сокинон дастрас шуд. Ба мушкилоти мухталиф нигоҳ накарда, дар манотиқи кӯҳистони кишвар марҳила ба марҳила насбу васли шабакаи 4G аз сӯи ширкати Tcell идома хоҳад ёфт.   

«Агар дар мавриди тавсеаи шабака ҳарф занем, Tcell дар ҳеч шакле пешсафиро аз даст доданӣ нест. Ҳадафи мо- пешниҳод (ироа)-и иртиботи балансифату балансуръат барои тамоми сокинони Тоҷикистон аст. Чанд моҳи ахир мо дар шаҳрҳои Данғараи вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ ва Роғун шабакаи насли нав- 4G-ро фаъол кардем. Айни ҳол ин хизматрасонӣ бо имконоти васеъ ва сифати олӣ ба сокинон дастрас аст. Мо барои рушди бонизоми ҷомеъа аз имконоти технология ва хизматрасониҳои ҷадид истифода мебарем ва онро тавсеа хоҳем бахшид”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои истифодаи 4G интернет тарофаи зарурии «Даркор»-ро бо ҷадвали вижа пешниҳоди муштариён мекунад. Шартҳои тарофаи нақшавии «Даркор» бо ба ҳисоб гирифтани талаботи корбарони фаъоли интернет коркард шудааст. Масалан, тарофаи маъмули “Даркор 59”, ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки бо пардохти ҳамагӣ 59 сомонӣ соҳиби 3000 МБ трафики Интернет, 30 дақиқа занги баромад ба дигар операторон ва иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабакаи Тcell давоми як моҳ шавад.     
Таври мисол, 3000 МБ – барои тамошои бе танафуси шабакаи Youtube тӯли 6 соат, 60 соат бозиҳои онлайнӣ (мустақим) ва 35 соати “сайру саёҳат” дар олами маҷозӣ ва истифодаи шабакоти иҷтимоӣ басанда аст. Интернети баландсуръати шабакаи 4G аз Tcell истифодаи интернету иртиботро барои муштариён бо сифати боло кафолат медиҳад!  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Kulyab_tj.png

1837


Страницы: Пред. 1 ... 16 17 18 19 20 ... 32 След.