Тағйиротҳо дар тарофаҳои «Салом+»

Муштариёни муҳтарам!
Мо бо камоли хушнудӣ дар бораи навсозии тарофаҳои «Салом+ 130», «Салом+ 180» ва «Салом+300» иттилоъ медиҳем!
Бо пардохти абонентии ҷорӣ шумо трафики бештари интернет ба даст меоред. Дар тарофаи «Салом+ 300» - пардохти нави фоидаовар - 240 сомонӣ, бидуни тағйир додани ҳаҷми трафик! Тағйиротҳо чунин хоҳад буд:
Нақшаи тарофавии «Салом+ 130»:
• Бастаи асосии трафики интернет аз 15 Гб ба 20 Гб зиёд мешавад.
• Бастаи трафики интернетии иловагӣ аз 40 Гб то 50 Гб зиёд мешавад.
• Трафики дукарата барои муштариёне, ки дар иқдоми "Трафики интернетии дукарата" иштирок мекунанд, тибқи шартҳои тарофаҳои қаблӣ пешниҳод карда мешавад.
Нақшаи тарофавии «Салом+ 180»:
• Бастаи асосии трафики интернет аз 25 Гб ба 30 Гб зиёд мешавад.
• Бастаи трафики интернетии иловагӣ аз 60 Гб то 75 Гб зиёд мешавад.
• Трафики дукарата барои муштариёне, ки дар иқдоми "Трафики интернетии дукарата" иштирок мекунанд, тибқи шартҳои тарофаҳои қаблӣ пешниҳод карда мешавад.
Нақшаи тарофавии «Салом+ 300»:
• Пардохти абонентӣ аз 300 ба 240 сомонӣ тағйир мегардад;
• Номи тарофа ба «Салом+ 240» иваз карда мешавад;
• Тамоми тахфифҳои ҷорӣ дар тарофаи «Салом 300» то ба анҷом расидани арзиши аслии тарофа эътибор доранд. Пас аз он арзиши пардохти абонентӣ ба 240 сомонӣ иваз карда мешавад.
Тағйиротҳо аз 10 апрели соли ҷорӣ ҳангоми ситонидани пардохти навбатии абонентӣ эътибор пайдо мекунанд.
Ҳамаи шартҳои дигари тарофаҳо бетағйир мемонанд. Маълумоти муфассалро дар бораи нақшаҳои тарофавӣ дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст: tcell.tj
Ташаккур ба Шумо, ки бо мо ҳастед! Итминон дорем, ки шартҳои нави тарофа бароятон мақбул меоянд.