Тағйиротҳо дар интернет-опсияҳо

Мизоҷони муҳтарам! Ба маълумоти шумо мерасонем, ки опсияҳои интернетӣ бо трафики бемаҳдуд ва маҳдудияти суръат ба бастаҳои нави интернетии силсилаи «Ултра», ки бе маҳдудияти суръат пешниҳод мешаванд, иваз мегарданд. Формати нав суръати баландтар ва истифодаи бароҳати интернетро таъмин менамояд. Тағйирот аз 26.04.2025 пас аз анҷоми муҳлати пардохти абонентӣ дар ҷадвали тарофаҳои зерин амалӣ мешавад: Аввалин, «Даркор», «Даркор’», Фасон, «+Интернет», «Солона», «Сӯҳбати бемалол», «Алло».
Шартҳои нав:
• Опсияҳои «Бемаҳдуди секарата» ва «Бемаҳдуди секарата + TikTok» → иваз мешаванд ба «Ултра 40»
• Ҳаҷми трафик: 40 ГБ
• Бе маҳдудияти суръат
• Пардохти абонентӣ: 100 сомонӣ
• Опсияҳои «YouTube/2.0», «TikTok/2.0», «Шабакаҳои иҷтимоӣ/2.0/2.0+», «+50» → иваз мешаванд ба «Ултра 20»
• Ҳаҷми трафик: 20 ГБ
• Бе маҳдудияти суръат
• Пардохти абонентӣ: 60 сомонӣ
• Опсия «+30» → иваз мешавад ба «Ultra 10»
• Ҳаҷми трафик: 10 ГБ
• Бе маҳдудияти суръат
• Пардохти абонентӣ: 35 сомонӣ
• Опсияҳои «+10», «+20», «Мессенҷерҳо/2.0», «Безлимит барои тарофаи Даркор» → иваз мешаванд ба «Ултра 5»
• Ҳаҷми трафик: 10 ГБ
• Бе маҳдудияти суръат
• Пардохти абонентӣ: 20 сомонӣ
Опсияҳое, ки баста мешаванд:
• Опсияи «T Games» — аз 26.04.2025 пас аз анҷоми муҳлати пардохти абонентӣ баста мешавад. Пайваст ва тамдиди он дастрас намешавад.