Хабарҳо

Tcell беш аз 1000 кӯдакро дар рӯзи ҷашнашон табрик кард!

Июн – моҳи дӯстдоштаи бачаҳост: соли таҳсил маҳз дар ин моҳ ба анҷом мерасад, сайру саёҳат ва бозӣ дар ҳавои тоза ва аз ҳама асосиаш дар ин моҳ мо Рӯзи ҳимояи атфолро таҷлил менамоем! Tcell Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро қайд кард: аксияҳо баргузор шуданд, консерт ва ҷамъомадҳои дигар сурат гирифтанд, дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ба тифлакон ҳар гуна ҳадяҳо тақдим гардиданд! Беш аз 1000 нафар тарбиягирандагони хонаи бачагон, мактау боғчаҳо имкон пайдо карданд, ки ин рӯзро хотирмон таҷлил намоянд.

Дар доираи масъулияти иҷтимоии худ, ширкати Tcell ба қишри камбизоати Тоҷикистон дасти кӯмак ва хайрхоҳӣ дароз мекунад. Кормандони Tcell ба парваришгоҳу интернатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактабҳо рафта, тарбиягирандагони ин ҷойҳоро бо тӯҳфаҳои идона хурсанд карданд. 

Дар ноҳияи Вахш Tcell ба хонаводаи Назировҳо, ки 12 сол боз кӯдакони шунавоиашон суст ва гунҳоро дарс медиҳанд, рафт. Дар ин ҷо зану шавҳар ба шогирдони худ бо забони имову ишора ҳарф задан, табиати атрофро шинохтан ва дарки маъниҳоро меомӯзонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин оила 25 кӯдак зиндагӣ карда, тарбияву таълим мегиранд. Tcell ба ҳар кадоме аз хонандагони ин ҷо тӯҳфаҳои вижа ва хотирмон тақдим кард.  

Дар шаҳри Бохтар намоиши саҳначаи ҳаҷвии театри Лӯхтак “Афсона” баргузор гардида, Тcell беш аз 100 кӯдаки имконияташон маҳдудро ба тамошои он овард. Онҳо аз таҳти дил шодиву хурсандӣ карда, пас аз анҷоми намоишнома аз шириниҳои тӯҳфашуда нӯши ҷон карданд. 

Ҳамчунин, дар Бохтар тарбиягирандагони мактаб-интернати махсуси рақами 5 аз Тсell ҷиҳози мактабӣ, аз қабили ҷузвдон, молҳои канселярӣ ва либоси мактабӣ гирифтанд. 

Дар Хуҷанд бошад дари боғи фароғатӣ-фарҳангии маҳалали 18-ум барои кӯдакони имконияташон маҳдуд боз гардида, бо пуштибонии молии Тсеll беш аз 150 тифл дар арғунчаку атраксион ва майдонҳои ин боғ бозӣ карданд.   

Ҷашнвораи бузурги бачагона, ки бо мусоидати Tcell дар Хоруғ, дар боғи марказии вилоят доир шуд, то дер гоҳ аз хотири бачаҳо зудуда нахоҳад шуд. Ид як рӯзи дароз давом кард ва ворид гардидан ба боғ на фақат барои атфол, балки барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон буд.  Дар ҳавои фораму тозаи боғ кӯдакон хушнудӣ карда, ба бозиҳои гуногун машғул шудан. Ба ғайр аз ин, дар боғ озмуни рассомони хурдсол баргузор гардида, ҳамаи кӯдакон асарҳои худро пешниҳод намуданд. Аснои ҷоизагирӣ қариб касе бе насиб намонд!    

Дар Рӯзи кӯдакон Tcell чорабиниҳои омӯзишии бачагонаро низ дастгирӣ кард: пуштибонии барномаҳои омӯзишии насли наврас дар стратегияи иҷтимоии ширкат аҳамияти вижаи худро дорад.

Дар Хоруғ Олимпиадаи риёзии зеҳнӣ дар назди ДОМ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) бо дастгирии Tcell ҷараён гирифта, иштирокчиёни хурдсол қабл аз сафар ба Бишкек барои ширкат дар Олимпиадаи панҷуми Байналмилалии риёзӣ бори дигар дониши худро ба таври амалӣ санҷиданд.   

Дар Душанбе ширкати Tcell ғолибони озмуни рассомони хурдсолро, ки ба «Рӯзи ҳимояи кӯдакон» бахшида шуда, он дар якҷоягӣ бо Федератсияи Клубҳои миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Академияи “Империяи Дониш” баргузор гардида буд, қадрдонӣ кард.   

Ҳамчунин, дар Душанбе ширкати Tcell аз баргузории як мусобиқаи кӯдаконаи варзишӣ оид ба шоҳмот пуштибонӣ кард. Барои иштирок дар ин сабқат беш аз 200 дӯстдори ин навъи варзиш, ки синнашон аз 5 то 12-сола буданд, ҷамъ омаданд. Дар охир ғолибон бо медолу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд!

Tcell ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта ҳамеша чоарбиниҳои хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ доир месозад. Бо ироаи кӯмак ба қишри ниёзманд ва дастнигар, ширкати Тcell саҳми худро дар пешрафти ҷомеъа, ки дар он фаъолият менамояд, мегузорад. Ҳамқадами замон будан, бо марому василаи вақт ҳампо будан ва пештози татбиқи фанноварии ҷадид дар кишвар будан барои ширкати Tcell аз роҳбурҳои усулии фаъолият маҳсуб мегардад. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Конкурс рисунков.JPG

Семья глухонемых.jpg

Фестиваль Хорог (2).JPG

Фестиваль Хорог.JPG

Худжанд (2).JPG

Худжанд.JPG

Шахматы.JPG

школа №5 Бохтар.jpg

ЮНЕСКО.JPG
1447

Тоҷикистон дар остонаи оянда: Tcell дар Осиёи Марказӣ аввалин шабакаи 5G –ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд!


Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар қаламрави Тоҷикистон аввалин шуда, литсензияи 5G-ро соҳиб гардид ва омода аст, то ин технологияи навинро ба ҳамватанон ошно созад!

Tcell, ҳамчун ширкати пешқадам ва инноватсионӣ, ҳамеша ба мутобиқгардонии навовариҳои пешрафтаи технологии ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо барои манфиати сокинон ва бахши тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Қаблан низ ширкати Tcell аз аввалинҳо шуда дар бозори мухобироти Тоҷикистон технологияҳои 3G ва 4G –ро ҷорӣ кард ва ин тамоюлро бо ҷорӣ намудани стандарти насли нави иттилоотии 5G идома медиҳад!

5G (технологияи насли панҷуми мобилӣ) чист?
5G, яъне насли ояндаи технологияи мобилӣ барои таҳкими интернети босуръат, ки суръаташ якчанд гигабит дар як сонияро дар бар мегирад. Тавассути сматфонҳо, планшетҳо ва дигар таҷҳизотҳои 5G ин навгонӣ метавонад сифати хизматрасонии интернетиро ба сатҳи тамоман нав боло барорад. Боиси зикр аст, ки 5G намуди алоқаест, ки аз технологияи мавҷудаи LTE босуръаттар буда, имкон медиҳад, ки филмҳои Full High Definintion (Full HD) -ро ба дастгоҳи мобилии худ дар якчанд сония боргирӣ намоед.

Аммо муҳимтар аз ҳама, 5G дар рушди технологияҳои Интернет (IoT, Internet Things) имкониятҳои бузург дорад. Технологияи “IoT” пайвастшавии дастгоҳҳои мухталиф ба шабака мебошад, ки онҳо бо якдигар бидуни дахолати инсон муошират хоҳад намуд. 5G имкон фароҳам меоварад, то ҷомеа бо технологияи ҷадид муҷаҳҳаз гардида, «smart сity» (шаҳри ҳушманд), «smart  house» (хонаи хонаи ҳушманд), системаҳои таълими фосилавӣ ва системаҳои тиббӣ ва дигар навовариҳое, ки зиндагии моро осон ва шавқовартар мегардонанд, бунёд намояд. 5G метавонад «ҳалли фаврӣ»-ро, хусусан дар ҳолатҳои фавқулодда, масалан, ҳангоми ҷарроҳии фосилавӣ (аз дур бо имкониятҳои муосир), ё идораи автомобилҳо бидуни ронандаро таъмин созад. Баъзе технологияҳое, ки зикр шудаанд, аллакай таҳия шуда, дар амалия мутобиқ карда мешаванд. Tcell, ҳамчун навовари ин соҳа, дар ташаккул ва рушди ин технология саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.

Имрӯз, бисёре аз кишварҳо дар марҳилаи банақшагирӣ ё татбиқи шабакаи 5G қарор доранд, дар замоне, ки баъзе аз кишварҳои пешрафта аллакай онро ҷорӣ карда, аз ин шабака истифода мебаранд.   

Чаро ширкати Tcell?
Ширкати Тсеll дар ҳоли ҳозир ва таърихи то имрӯзинааш дар Тоҷикистон ҳамчун навовари технологияҳои мухталиф ва муосир барои рушди ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, дар анҷом додани ин лоиҳаҳо муваффақ гаштааст. Tcell яке аз аввалин операторони 3G дар Осиёи Марказӣ эътироф гардида, ин намуди алоқа (3G)-ро дар қаламрави ОМ ва Тоҷикистон роҳандозӣ кард ва ин омил дар ибтидои солҳои 2000-ум бозори алоқаи Осиёро ба куллӣ тағйир дод. Дар соли 2014 Tcell яке аз аввалин операторони Тоҷикистон буд, ки пахши тиҷоратии шабакаи 4G LTE – ро амалӣ намуд. Бо мурури замон Tcell рушди шабакаи худии 4G LTE-ро бо васеъ намудани фарогирии шабакаи мазкур, баланд бардоштани иқтидор ва суръати он, барои фароҳам овардани алоқаи баландсуръат ва боэътимод дар саросари ҷумҳурӣ идома дода, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонд.

Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell имкон медиҳад, ки заминаҳои нави технологиро барои ҷомеаи тоҷик фароҳам созад. Ин фанноварии ҷадид имкон медиҳад, ки ширкат дар заминаи он хизматрасонии наву пешрафтаи муосирро ба муштариён пешниҳод намояд. Инчунин ин омил ба рушди дигар провайдерҳои хидматрасонӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд; аз қабили хидматрасониҳои ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои “ҳушманд ва зебо” ва ғайра, ки метавонанд аз имкониятҳои ҷадиде, ки ин технологияи пешбинӣ кардааст, истифода баранд. Метавон бо итминон гуфт, ки 5G барои кушодани уфуқҳои нав дар бахши тиҷорати диҷитол (рақамӣ) дар Тоҷикистон саҳифаҳои нави таърихиро мекушояд ва бо ин васила ба рушди иқтисоди диҷитоли кишвар такони нав хоҳад дод.

5G чӣ гуна ҳаёти моро тағйир хоҳад дод?
Сифати аълои видео ва аудио омили асосии рушди шабакаи 5G ба ҳисоб меравад. Маҳз шабакаи  5G зарур аст, то корбарон (умуман истифодабарандаҳо) аз видеои баландсифат, конфронсҳои видеоӣ, бозиҳои онлайн ва виртуалӣ баҳра баранд. Аммо имкониятҳои зикргардидаи 5G бо ин ҳама маҳдуд намешавад. Бахшҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, сохтмон, тандурустӣ ва маориф - ҳамаи ин соҳаҳо ниёз доранд, ки дорои системаи интиқолдиҳандаи фаврии маълумоти зиёд бошанд, зеро ин дастовард ба онҳо имконият медиҳад, корро бо низоми фаъолияташон роҳату осон ба анҷом расонанд. Истифодаи технологияи 5G ва IoT метавонад ҳамаи инро дар зудтарин фурсат имконпазир гардонад.

“Ҳангоми татбиқи ҳама гуна фанноварии нав мушкилот ва таваккал монеъаи он мешаванд, аммо маҳз ҳамин омилҳо боиси навоварӣ ва пешрафт мегарданд. Бо ворид кардани 5G дар ҳаёти мо, мо имкониятҳои навтарин ва фантастикии технологияҳои муосир ва моделҳои нави бизнесро дар Тоҷикистон шоҳид хоҳем шуд. Мо бошем, ҳамчун ширкати технологӣ боз як бори дигар қавлеро, ки ба муштариён ва ҷомеъа дар мавриди ироаи алоқаи боэътимод ва босуръат  ва дар ин замина ояндаи устувори технологияро месозем, додаем, ба иҷро мегузорем”, - мегӯяд раиси кулли ширкат Озодхон Давлатшоев. “Мо дар Тсеll ба ин бовар ҳастем, ки роҳи аз ҳама асосӣ ва дурусти пешгӯии оянда – оғози бунёди он дар имрӯз аст, чӣ гуна ки фантастикӣ ва ғайириимкон ҳам бошад”.  

Кай бояд 5G-ро дар Тоҷикистон интизор шуд?
Барои татбиқи пурра ва рушди стандартҳои алоқаву хидматҳои 5G дар назди ширкати Tcell корҳои зиёде мавҷуданд, инчунин маблағҳои ҳангуфте даркор аст, ки барои омода сохтани зерсохтор (платформа) гузошт. Тсеll дар ҳоли ҳозир маблағгузориро оғоз кардааст. Муайян кардани басомадҳои нав зарур аст, ки суръати баланд ва фарогирии боэътимодро таъмин намуда, навсозии инфрасохторӣ лозим аст: 5G дар баробари 4G ва 3G фаъолият карда, пайвастшавии смартфонҳо ба ин шабакаҳо (вобаста ба шабакаи дастрас) тағйир хоҳад ёфт. Ҳамчунин, барои истифода дар шабакаи 5G, смартфонҳои махсусе, ки ин шабакаро дастгирӣ менамоянд, лозиманд, ин навъи таҷҳизоти мобилӣ нисбат ба смартфонҳои имрӯза пурқувваттар мебошанд. Бо дарназардошти корҳои зикршуда ва имкониятҳои фаннӣ, Tcell ният дорад, марҳилаи ибтидоии оғози шабакаи 5G-ро ҳамин сол амалӣ намояд. Ҳамчунин, гуфтушунидҳо бо таъминкунандагони татбиқи тарҳҳои “шаҳри ҳушманд”, “хонаи ҳушманд” идома доранд. Ин ҳаҷми хеле бузурги кору фаъолият ва иқдоми ҷиддӣ аст, аммо 5G низ дар пушти кӯҳҳо нест ва Тсеll дар ояндаи наздик ҳадаф дорад, ки муштариён, ҳамаи тоҷикистониён ва меҳмонони кишварро бо имкониятҳои ҳайратовари технологияи нав хушҳол намояд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

5G
1509

Муштарии мухтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки барои баъзе тарофахои Tcell аз 17 июни соли 2019 оиди шартҳои истифодаи хизматрасонии Чи Гап тагйиротхо ворид карда мешаванд.  
1454

Tcell бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистонро дар соли 2019 дастгирӣ мекунад!

Аллакай то имрӯз ҳашт даври қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ таҳти сарпарастии бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар- Тcell баргузор гардидааст. 8 дастаи иштирокчӣ дар сабқати мазкур 32 бозӣ гузаронида, 133 400 мухлис бевосита ин бозиҳоро дар майдон ва бар пояи омори пешниҳодсохтаи шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”  32 миллион онҳоро тавассути телевизион тамошо карданд.

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижаеро ишғол менамояд. Ширкати Тсеll бо тарғибу ташвиқи тарзи ҳёти солим, дастгирии мусобиқаҳои варзишӣ саҳми худро дар тақвияти саломатӣ ва устувории миллат мегузорад.     

«Сарпарасти аслии футболи лигаи олии мамлакат гардида, мо дида истодаем, ки футбол дар Тоҷикистон чӣ тавр рушд меёбад, чӣ гуна мардум ин бозиро дӯст медоранд, он ҳаводори зиёд дорад ва дар ин навъи варзиш чӣ қадар маблағгузорӣ ва хзахираҳои моддӣ сарф мешавад. Мо ҳамчун бренди устувор ва мӯътадили бозори иқтисоди Тоҷикистон сабқатҳои варзишӣ, аз ҷумла чунин мусобиқаҳои сатҳи олиро дастгирӣ карда, ба одамон, махсусан ба ҷавонон аҳамият ва муҳимияти тарзи ҳаёти солимро расонида, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ташвиқ менамоем”,- мегӯяд Раиси кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев – «Миёни ҳамкорони мо низ мухлисони зиёде ҳастанд, мо қариб аз ҳамаи дастаҳо пуштибонӣ мекунем ва ба ҳамаи онҳо барору пирӯзӣ мехоҳем!”

Чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки бо дастгирии ширкати Тсеll ҷараён дорад, аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии кишвар дар соли 2019 маҳсуб меёбад.Дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад, ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад. Мусобиқоти мамлакат дар се давр бургузор гардида, ҳар як даста 21 вохӯрӣ мегузаронад.

Пас аз ҳашт даври бозиҳо дастаи “Истиқлол” дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дошта, бо 22 имтиёз пешсаф аст. Дар бозии марказии даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар тими “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, мавқеъашро дар ҷадвал устувор кард. Бошгоҳи “Кӯктош” бо 14 хол ва дастаи “Регар-ТадАЗ” бо касби 12 имтиёз мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол менамоянд.    

Тибқи натиҷаи бозиҳои моҳи апрел беҳтарин мураббии футболи Тоҷикистон муайян гардид. Бар пояи он,  Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими “Истиқлол” – беҳтарин мураббӣ ва Нозим Бобоҷонов, нимҳимоягари дастаи “Регар-ТадАЗ” – беҳтарин бозигар эътироф гардиданд. 

Даври нӯҳуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16-уми июн сурат пазируфта, дастаҳои «Истиқлол» – ССКА «Помир», «Хуҷанд» – «Панҷшер», «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» – «Кӯктош» байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Tcell мухлисону ҳаводорони футболро ба тамошои бозиҳо даъват карда, ба ҳамаи дастаҳо пирӯзӣ ва дастовард таманно менамояд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg
1428

АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ


FAQ



Саволҳо
Ҷавобҳо
Ба номи як одам чанд SIM-корт пайваст кардан мумкин аст?

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019 с., №64 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016с. таҳти 207-7», Шурўъ аз 15 феврали соли 2019 ба номи як шахс пайваст намудани на зиеда аз 2 SIM корт дар ҳамаи операторони хизматрасонии алоқаи барқии ҶТ муқаррар карда шудааст.

Тағйироти мазкур дар кадом робита, дар асоси кадом қонун  ва  аз тарафи кӣ ворид шудааст?
Тағйироти мазкур ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.  Қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ  ҶТ паҳн мегардад.
Ба кадом шиноснома SIM кортро аз нав ба расмият даровардан ва пайваст кардан мумкин аст?
Азнавбақайдгирӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаи мобилии барқӣ қатъиян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014, яъне ID корт (ID корт – корти плостикии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад. Шиносномаҳои намунаи коғазие, ки дар соли 2014 гирифта шудаанд, ҳамчунин бояд ба намунаи пластикӣ иваз карда шаванд.
То кадом лаҳза аз нав ба қайлгирии sim-корт бо шиносномаи намунаи соли 2014 (шиносномаи пластикӣ) зарур аст?

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати азнавбарасмиятдарории SIM кортҳо аз 15 феврали соли 2019 то 15 августи соли 2019 муайян карда шудааст, аз рӯзи нашри расмии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайвастшавӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 анҷом дода мешавад.

Пайвастшавӣ қатbъян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи аз соли 2014 боло, яъне ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад. Шиносномаҳои намунаи коғазие, ки дар соли 2014 гирифта шудаанд, ҳамчунин бояд ба намунаи пластикӣ иваз карда шаванд.

Оё ҳангоми харидории сим-кортҳо барои истифодабарии интернет маҳдудият мешавад?

Маҳдудият аз рӯи миқдор барои пайвастшавии (тарофаҳои интернет бе алоқаи овозӣ) sim кортҳо барои истифодаи:

  • Модемҳо
  • Роутерҳо
  • Smart соатҳо;
  • ресиверҳо ва ғ.паҳн намегардад.

Ман 3 Sim-корт дорам, дутоаш аз ширкати шумо ва якто аз дигар ширкат. Оё ман метавонам ҳар сеи ин сим-кортоҳоро дар худ монам.

Муштарии муҳтарам, мутассифона, тибқи қарор, ба номи як нафар пайваст намудани танҳо 2 сим-корт дар ҳамаи операторони мобилӣ иҷозат дода шудааст.

Маҳдудият ба пайвастшавии сим-кортҳо барои истифодабарии Модемҳо, роутерҳо, Смарт соатҳо, ресиверҳо паҳн намегардад.

Агар як сим-кортро хомуш кардан зарур бошад, ман бояд чӣ кор кунам, чӣ тавсия медиҳед?
Агар Шумо зиёда аз ду сим-корт дошта бошед, дутои онро метавонед барои овоз истифода баред, сеюмашро барои интернет.
Муштариён чӣ тавр метавонанд муайян кунанд, ки дар номи онҳо чанд SIM-корт ба қайд гирифта шуда аст?
Мутаассифона, мо дар ин бора маълумот надрем, чун ба базаи умумии ҳамаи ширкатҳо дастрасӣ надорем. Аммо агар Шумо миқдори сим-кортҳои ба номи Шумо дар ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба қайд гирифта шударо аниқ кардан хоҳед, лутфан ба марказҳои хизматрасонии ширкат муроҷиат намоед.
Чаро шиносномаҳои қоғазӣ ҳангоми гирифтани қарз дар бонкҳо, фуруши хизматрасониҳо ва дигар намудҳо амал мекунанду ҳангоми азнавбарасмиятдарории SIM-корт ҳамин шиноснома амал намекунад?

Муштарии муҳтарам, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 09.02.2019с. №64 талабот танҳо барои ширкатҳои мобилӣ ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ паҳн мегардад.

Шиносномаи ман бемуҳлат аст, ман бояд онро ҳатман иваз карда рақамамро аз нав ба қайд гирам?

Муштарии муҳтарам, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 09.02.2019с. №64 азнавбақайдгирӣ ва пайвастшавӣ қатъиян бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014, яъне ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) анҷом дода мешавад.

Агар  ман сим-корти худро аз руи шиносномаи намуди нав (корти идентификатсионӣ) аз нав ба расмият даровада бошам, зарурат ҳаст, ки ман расмиёти  азнавбақайдгирии сим-кортро гузарам?

Дар сурате, ки агар Шумо сим-кортро аз руи шиносномаи намунаи нав ID корт (ID корт – корти пластики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба расмият дароварда бошеду ба номи Шумо танҳо ду сим-корт дар ҳамаи операторони  мобилии ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад, аз нав ба расмият дарории рақамҳо зарур нест.

Арзиши аз нав ба расмият даровардани сим-корт чанд сомонӣ мебошад?
Азнавбарасмиятдарорӣ, азнавбақайдгирӣ ройгон (аз 22.02.2019с.)
Нархи пайвастшавии сим-кортҳои нав чӣ қадар мешавад?
Арзиши пайвастшавиҳои нав мутобиқи нақшаи тарофавии интихобшуда мебошад.
Агар сим-кортро аз руи шиносномаҳои намунаи нав то муҳлати муқаррашуда аз нав ба расмият надарорем чӣ мешавад?

Дар сурате, ки агар муштарӣ то охири муҳлати муайяншуда (15 августи соли 2019) рақамҳои худро азнав ба расмият надарорад, рақамҳои вай баста мешаванд.

Пас аз қатъи  рақам дар давоми 6 моҳи баъдӣ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонӣ ва фаъол кардани рақам мавҷуд аст. 

Ба номи манн 2 SIM-корт, ки ман барои тюнер, модем ва ғайра истифода мебарам, ба қайд гирифта шудаанд, ман бояд чӣ кор кунам?
Муштарии муҳтарам, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайват намудани танҳо ду сим-корт ба номи як шахс дар ҳамаи операторони мобилии Ҷумҳури Тоҷикистон иҷозат дода шуда аст, ба истиснои рақамҳои барои истифодабарии таҷҳизотҳо (модемҳо, роутерҳо, смарт-соатҳо ва ғайра).
Фарзандони ноболиғи ман аз SIM-кортҳои ширкати шумо, ки ба номи манн ба расмият дароварда шудаанд истифода мебаранд. Оё имкони ба расмият даровардани онҳо ба номи фарзандони ман ҳаст?
Ба расмиятдарорӣ танҳо ба номи кӯдакони ба синни 16-17 сола расида бо розигии хаттии яке аз волидон ва доштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корт) мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ  ҶТ паҳн мегардад. Шуморо зарур аст, ки ба марказҳои хизматрасонӣ мурочиат намуда, аризаи намунаи муқаррагардидаи ширкатро пур кунед.
Фарзандони ман 16-17 сола мебошанд, оё ман метавонам барои онҳо ба номи худи онҳо Sim-корт харидорӣ кунам /аз нав ба расмият дарорам?
Муштарии муҳтарам, бале ин имконпазир аст, дар ҳолате, ки агар ба номи кудакони Шумо қаблан на зиёда аз 2 рақам, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад, қарори мазкур ба ҳамаи операторони мобилии ҶТ дахл дорад.
Бо SIM-кортҳое, ки аллакай ба номи кӯдакони то 16 сола ба расмият дароварда шуда буданд чӣ бояд кард?
Ҳамаи SIM кортҳои, ки пештар ба номи кӯдакони то сини 16-сола ба расмият дароварда шуда буданд, бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав ва бо доштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корт) ба расмият дароварда мешаванд.
Ман маъюб ҳастам ва шиносномаи ман намунаи куҳна аст аст, пластикӣ нест чӣ бояд кард? Падару модари манн пир астанд.
Муштарии муҳтарам, ба Шумо тавсия медиҳем, ки ба Ҷамоати маҳаллии худ барои мусоидат дар ивази шиносномаи намунаи қуҳна ба шиносномаи плостикӣ (ID-корт) муроҷиат кунед.
Ман истифодабарандаи  «Чӣ Гап» ҳастам ва аз қаламрави Тоҷикистон берун қарор дорам, ба Тоҷикистон баъд аз 1-2 сол бар мегардам, чӣ бояд кард?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
SIM-кортҳо ба номи падару модароне, ки берун аз қаламрави ҶТ қарор доранд, ба расмият дароварда шудаанд,  истифодабарандагони SIM кортҳо кудакон мебошанд.
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
Дар ҳолате, ки муштарӣ дар хориҷи кишвар қарор дораду имкони аз нав ба расмият даовардани SIM кортро надорад, чӣ бояд кард?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, муштарӣ имкон дорад, ки дар муддати 6 моҳ ба марказҳои хизматрасонии Ширкат муроҷиат кунад.
Агар SIM-корти манро то бозгашти ман қатъ намоянд, ман метавонам ҳамон рақами пешинаамро барқарор кунам?
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ то ба охир расидани муҳлати ҷудогардида (15 августи 2019) рақамҳои худро аз нав ба расмият дароварда натавонад, пас аз гузашти ин мӯҳлат, рақам баста мешавад. Баъд аз баста шудани рақамҳо, дар муддати 6 моҳ имконияти муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии Ширкат ҳаст.
Муштарии норизо: Шумо ҳама аз ақл берун шудаед, безор кардаед бо ҳамин аз нав ба расмият дарориҳоятон ва ғйра.
Норозигии Шуморо хуб мефаҳмам, аммо Ширкат субъекти хоҷагидориест, ки дар асоси иҷозатномаи фаъолият ва қонунгузории Тоҷикистон амал менамояд,  мо вазифадор ҳастем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот иҷро намоем. Талаботи мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ дахл дорад. Мо намехоҳем, ки муштарии худро дар шахси Шумо аз даст диҳем ва умедворем, ки моро мефаҳмед.
Ман шиносномаамро иваз намекунам, агар хоҳед Sim-кортҳои худро бигиред/хамуш кунед.
Норозигии Шуморо хуб мефаҳмам, аммо мо вазифадор ҳастем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот иҷро намоем. Талаботи мазкур ба ҳамаи операторони мобилӣ дахл дорад. Мо намехоҳем, ки муштарии худро дар шихсияти Шумо аз даст диҳем ва умедворем, ки моро мефаҳмед.
Арзиши ивази шиноснома чӣ қадар аст?

Мутобиқи тартиби ВКД ҶТ оид ба ивази шиносномаи намунаи соли 2014 ба шиносномаи нав (ID-корд) ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

  • Расиди пардохти муқарраршуда аз  АМОНАТБАНК барои гирифтани шиноснома; 
  • Шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандоне, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд; 
  • Шиносномаҳои волидайн ва нусхаи онҳо (барои касоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд). 
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани никоҳ;
  • Санади муассисаи тиббӣ дар бораи гурӯҳи хун;
  • Маълумотнома аз ҷои зист;
  • РМА
  • Акси 3,5х4,5.
  • Расиди пардохти 10$ бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи пардохт 
Шиносномаи намудани навро ман аз куҷо дастрас карда метавонам?
Барои гирифтани шиносномаи намунаи нав (ID-корти плостикӣ) Шумо бояд ба ШВКД-и ҷои истиқомататон муроҷиат намоед.

1913

Tcell дар водии Зарафшон иртиботро беҳтар кард


Ширкати Тсеll дар ҳошияи барномаи таҷдид ва модернизатсияи шабакаҳои худ дар манотиқ, 6 пойгоҳи мавҷпарокании стандарти 3G-ро дар нуқтаҳои сераҳолии навоҳии Панҷакенут Айнӣ ба истифода дод! 

Сокинони деҳаҳои Хушекат, Рарз, Гузари бод ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ, инчунин ҷамоатҳои Вору ва Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз ин ба баъд имкони истифода аз иртибот (алоқа)-и навъи 3G-ро бо тамомии бартарияташ доранд. 

Ба василаи таҷдиду навсозии шабака, аҳолии ин манотиқ имконияти пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро пайдо карданд. Бо дастрас шудани интернети баландсуръат дар шароити кӯҳистон, сокинон метавонанд аз ҳама манобеъи иттилоотӣ истифода намуда, замима-барномаҳои паёмрасон, аз ҷумла “Чӣ гап” аз Тсеll-ро дар гӯшиҳои ҳушманди худ насб намоянд. Тавсеаи шабака дар ин ҷо бархе мушкилоти мавҷударо дар пойгоҳҳои қаблӣ бартараф карда, ирсоли сигнал ва алоқаро ба маротиб беҳтар месозад. Табиист, ки дар шароити кӯҳистон чунин дастовард хеле муҳим аст. 

Ҳамчунин, дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, аниқтараш дар ҷои баромад аз нақби “Шаҳристон” то маркази ноҳияи Айнӣ насби таҷҳизоти иловагӣ, ки барои мусофирону ҷаҳонгардону сокинони маҳаллӣ имконияти беҳтар гузаронидани вақтро фароҳам меорад, ба анҷом расид.

Дар баробари насби пойгоҳҳои алоқа ва тавсеаи шабака, ширкати Tcell дар шаҳраки Саразми ноҳияи Панҷакент, ки ба феҳрасти иншооти Байналмилалии Мероси ҷаҳонӣ шомил шуда, мавзеъи дӯстдоштаи сайёҳон ба шумор меравад, таҷҳизоти иловагии навъи 3G-ро пайваст кард. Насби ин таҷҳизот ҳам дар хатти марз ва ҳам дар фосилаи бештар аз он сифати Интернетро беҳтар сохта, иртиботро таъмин менамояд. Ҳамроҳ ба ин, рӯзҳои наздик ифтитоҳи чанд маркази хизматрасонии ширкат дар манотиқи наздимарзӣ дар назар аст. Дар ин дафтарҳо сайёҳону меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконияти ба тарзи содда гирифтани SIM-картҳоро хоҳанд дошт.

Ширкати Tcell дар қаламрави вилояти Суғд тавсеаи бузургмиқёси шабакаи худро идома дода, ба одамони дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон низ имкони  истифода аз иртиботу интернетро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар 17 нуқтаи аҳолинишин ва истгоҳи мавҷпарокании ширкат умури техникӣ ва таҷдид ба охир расида, навсозӣ дар пойгоҳҳои базавии Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Истиқлол вазъи фаннӣ ва сифати алоқаро ба куллӣ ба гунаи мусбат тағйир дод. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

3G_Press__.jpg
1438

Иқдоми роумингии «Ҷомадони Бунафшӣ»


Сафар кардан – беҳтарин роҳи тағйири вазъ, табъи худ ва фазои атроф аст. Ва аммо кадом сафар бе ёрдамчии беминнати шумо- ҷомадон анҷом меёбад? Агар он боз бо мӯди нав бошаду фардияти шуморо таҷассум намояд, чӣ?!

Чунин ҷомадонро шумо ҳангоми гирифтани бағоҷ ҳеч гоҳ аз назар гум наменамоед, он ҳамеша аз дигар борхалтаву ҷомадонҳо тафовут дорад!

Ширкати Tcell имконияти бурди чунин ҷомадонҳои зебо, замонавӣ ва аз ҳама асосӣ – бунафшрангро фароҳам меорад! Аз хизматрасонии «Роуминги воқеӣ» ва ё “Роуминги осон” дар роуминг дар моҳҳои май то октябр истифода бурда, давоми як моҳи тақвими ҳамагӣ 100 сомонӣ дар роуминг сарф намо ва иштирокчии озмун шав!

Шурӯъ аз моҳи июн, на дертар аз таърихи 15-уми моҳ (ҳар моҳа) панҷ нафар ғолиби бурди ҷоиза тавассути генератори шумораҳои тасодуфӣ муайян карда мешавад.

Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як армуғони ҷолиб интизор аст! Имконияти бурди роҳхати ҷаҳонгардӣ (сайёҳӣ)! Тафсилоти бештарро бо мутолиаи навгониҳои баъдӣ дарёфт менамоед!

Барои тафтиши пайвастшавӣ ба роуминг фармони *601# -ро анҷом додан зарур аст. Барои фаъолсозии хизматрасониҳои  «Роуминги воқеӣ ва ё Роуминги осон» мутаносибан тугмачаҳои *601*1#  ва ё *607*1# -ро пахш намоед. Пеш аз хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон тавассути замимаи My Tcell ин амалро низ ба анҷом расонидан мумкин аст. Фаъолгардонии хизматрасонӣ ройгон аст,   фақат бояд дар тавозуни телефони Шумо бештар аз 5 сомонӣ вуҷуд дошта бошад. Маълумоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хизматрасониҳои роуминг дар пайванди зер: https://www.tcell.tj/tj/roaming/voqei-va-oson/paivastshavi-va-shartho.php

Vsuitcase_1280x720_tj_site.jpg
1779

Беш аз 170 иштирокчии лоиҳаи муштараки Tcell Parking барои омӯзиш омодаанд!


Дар марҳилаи аввали тарҳи омӯзишӣ барои ҷавонон дар Тcell Parking беш аз 170 нафар ширкат доштанд! Иштирокчиёне, ки бар асоси санҷиши тестӣ натиҷаи беҳтарро ба даст меоранд, давоми 10 ҳафтаи оянда ба омӯзиши ҳаматарафаи забони англисӣ мепардозанд.

Лоиҳаи Tcell Parking – ин тарҳи вижа барои ҷавонон маҳсуб ёфта, бахшҳои омӯзишӣ ва саргармкунандаро ба ҳам меорад. Он аз ҷониби Tcell ҳамчун масъулияти ширкат дар пешорӯи ҷомеъа тарҳрезӣ гардида, амалӣ хоҳад шуд. Ширкат бо дарки масъулияташ дар назди ҷомеъаи маданӣ ва ҳампову ҳамқадами замон, яке аз он сохторҳоест, ки навгониҳоро дар кишвар роҳандозӣ, ҷонибдорӣ ва татбиқ менамояд. Tcell мефаҳмад, ки дар ҳоли ҳозир бозори кор ба кадом касбу ҳунар талаботи бештар дорад ва аз ҷомеъа аз ҷавонони кишвар чӣ умедворӣ дорад. Ҳамин тавр, онҳое, ки дар олами диҷитол (рақамӣ) мутахассис ҳастанд, шахсоне, ки муҳтаво (контекст) таҳия менамоянд, дизайнерҳо ва донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, барномарезон ва ғайра дар рақобати бозори кор пешгом хоҳанд буд.

Tcell барнома таҳия кард ва беҳтарин мураббиёну сухангӯёнро ба ҳам овард, то ин мутахассисон баъдан донишу маҳорату худро ба ҷавонон дода тавонанд. Тамоми давраҳои таълимӣ (омӯзишӣ)-и лоиҳаи Tcell Parking барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон хоҳанд буд.

Рӯзи 25-уми май дар фазои креативии Parking дар Душанбе ҷавонони зиёде ҳузур доштанд: ҳамаи онҳо барои омӯзиш ва ёд гирифтани дониши нав ба ин ҷо омадаанд. Дар ин ҷо бахши аввал ва ё марҳилаи якуми лоиҳаи ширкат- курси такмили забони англисӣ оғоз гардид. Дар замони муосир донистани забони англисӣ барои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоъи дурусту воқеъӣ ниҳоят муҳим аст. Маҳз бо ин забон барномаҳои дигари таълимиро пайдо кардан мумкин аст; ихтисоси нав гирифтан, дар омӯзиши онлайн ширкат кардан, мустақиман бо ҳирфаиён кор кардану таълим гирифтан бо донистани забони англисӣ имконпазир аст.

Беш аз 170 нафар ба давраи муқаддамотӣ-санҷишӣ омада, дар ин ҷо аз забони англисӣ тест супориданд. Онҳое, ки натиҷаҳои беҳтарро касб менамоянд, барои омӯзиши чуқур (ҳаматарафа)-и забони англисӣ тавассусти тарҳи вижаи ширкати Tcell роҳ хоҳанд ёфт. Фотима Саломатшоева, муаллими калони ДДМ (МГУ), мураббии забони англисии ДОМ тайи 10 дарс (машғулият) ба ҷавонони ҷӯяндаву хоҳишманд нозукиҳои забонро омӯхта, онҳоро барои ёфтани мавқеъи устувор, ҷои кори нав, барномаҳои таълимии сатҳи ҷаҳонӣ тарғиб менамояд.    

Иштирокчиёне, ки натавонистанд ба марҳилаи омӯзиш роҳхат бигиранд ва ё онҳое, ки сабти ном нашудаанд, рӯҳафтода набошед! Дар оянда, пас аз анҷоми курси мазкур боз як давраи таълимӣ-омӯзишӣ барои омӯхтани забони англисӣ роҳандозӣ мешавад! Шумо фақат аз навгониҳо дар саҳифаҳои расмии ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозхабар бошед ва сари вақт сабти ном шавед!

Ин барномаи омӯзишӣ (курс) аз аввалин иқдомҳои омӯзишӣ дар ин самт маҳсуб меёбад. . Сабти ном (бақайдгирӣ)-и иштирокчиён барои ҳар як давраи таълимӣ-омӯзиши тавассути саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ имконпазир аст. Ширкат дар барномаҳои омӯзишӣ пас аз бақайдгирӣ барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон аст.

Шонси худро барои омодашавӣ ба оянда дар Tcell Parking аз даст надиҳед! Tcell – алоқа барои ҳаёт!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

 1.JPG

2.JPG

3.JPG

1354

Хабарнома барои гузаронидани музояда


ҶСП “Индиго Тоҷикистон” дар бораи гузаронидани музоядаи рақамҳои зебои мобилӣ тариқи онлайн равзана эълон менамоянд. Музояда тариқи электронӣ ба воситаи саҳифаи расмии ширкат www.tcell.tj гузаронида мешавад. Шартҳои асосии гузаронидани музояда чунинанд: 

- Дилхоҳ шаҳрванд метавонад худро дар саҳафаи музояда сабт намуда иштирокчии музояда гардад;
- Музояда бо усули англисӣ баргузор мегардад ва шахсе, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст  бурдкарда ҳисобида мешавад;
- Барои иштирок варзидан дар музояда, лозим меояд тариқи саҳифаи интернетии ширкат ба менюи Музояда дохил шуда, бақайдгириро гузашта нархи худро барои рақами зебо пешниҳод намоед;
- Барои дохил шудан ба портали ракамхо аз суратҳисоби муштарӣ 1 сомонӣ бо ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои иловагӣ гирифта мешавад;
- Дигар шартҳои гузаронидани музояда дар менюи Музояда, қисмати Шартҳои гузаронидани музояда нашр мегардад; 

Музояда барои хариди рақамҳои зебои дараҷаи “Бронза” ва боло аз санаи 25 июни cоли 2019 шуруъ мегардад. Ҳадди камтарини нархи рақам аз 15,00 сомонӣ шуруъ мегардад ва ҳадди камтаринӣ нархгузорӣ аз 20 сомони оғоз меёбад. Анҷоми раванди музояда барои ҳар як рақам аз нархгузории муштариён вобаста аст.

Дар онлайн музояда иштирок намоед ва рақами зеборо аз ширкати Tcell соҳиб гардед! 

Тамос: 935050000, Info@tcell.tj
1331

Видео-портали Tcell – манбаисинамо дар телефонишумо!

Tcell ҳамагонро ба синамодаъватменамояд! Пешниҳодинавиниширкати Tcell – «Видео-портал», яънеманбаи видео имконфароҳаммесозад, то муштариёниширкат аз тамошоибемаҳдудикинофилмҳо, намоишҳоителевизионӣ, силсилафилмҳовафилмҳоитасвирӣ, бехарҷи трафики мобилии худ баҳрабаранд!

«Видео-портал» Tcell дорои беш аз 1000 филм, 1200 силсилафилм, 1500 филмҳои тасвирӣ дар сифати баланд! Ин манбаишавқовардороифилмҳоикишварҳоимухталифванавъҳоигуногуниборатаст: филмҳоимазҳакавӣ, триллерҳо, тасвирӣвағайра. Бароидӯстдоронифилмҳоманбаест, кимувофиқитабъидил, филмҳоигуногунвуҷуддоранд.

Пардохтиякрузаиабонентӣтанҳо 1,3 сомонироташкилмедиҳадва трафики мобилиишумохарҷнахоҳадшуд! Истифодаи «Видео-портал»нисбат ба тамошоикинофилмҳо аз шабакаиинтернет ё онлайн муфидтараст.

Порталимазкурмундариҷоти бои филмҳоибачагонаро низ соҳибаст. Дар шабакаиҷаҳонӣҳангомиҷустуҷӯифилмҳоидӯстдошта, кӯдаконметавонанд ба маълумотиношоямдучоршаванд. Дар порталимазкурбошад, иттилоотимуфидвашавқоварҷамъовардашудааст.

Мӯҳтаво ба таври мунтазам ба портал илова карда мешавад. Одатан на камтар аз як маротиба дар як ҳафта.

Бохидмати «Видео-Портал», синамоимобилӣҳамешабошумохохадбуд – хоҳ дар смартфон, хоҳ дар планшет ё компютеришумо! Шумометавонед ин манбаро дар куҷое, кинабошедистифодабаред: дар нақлиёт, хангомисайругаштва он вақте, киниёздоредкудаконатонромашғулнамоед.

«Видео-портал» - и Tcell-робо пахши рамзҳои*4004#фаъолсозедва аз тамошоифилмҳоҳаловатбаред! «Видео-Портал” танҳобароимуштариёни Tcell дастрасаст.

Маълумотимуфассал дар сомонаи: www.video.tcell.tj

Tcell– бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1520

Замимаи «Tcell Chat» - мушовири инфиродии Шумо дар «дунё»-и Tcell!


Ширкати Tcell ба муштариёни худ барномаи нав- Tcell Chat-ро пешниҳод кард! Замимаи «Tcell Chat» - ин дар реҷаи мустақими вақт гирифтани посух ба пурсишҳои Шумо дар бораи алоқаи мобилии ширкати Tcell, дарёфти ҷавоб ба саволҳои мухталиф бе зарурати тамос ба марказҳои хизмтрасонӣ мебошад!

Барои Tcell аз ҳама муҳим ҳамеша дар иртибот будан бо муштариён аст: посух гуфтан ба ҳама гуна саволҳо, донистани мушкилоти муштариён, расидагӣ ба ҳалли онҳо, хоҳишҳои онҳоро иҷро кардан мебошад. Tcell як идда таҷҳизот ва фанновариро пешниҳоди муштариён кардааст, ки барои гирифтани ҷавоби мушаххас ба суолу дархостҳои мухталиф мусоидат менамояд.

Яке аз охирин роҳҳалҳои инноватсионӣ ва қулай, ки ширкат чанде қабл роҳандозӣ кард, замима (барнома)-и «Tcell Chat» мебошад ва он имконияти ҷадиди технологии иртиботи муштариро бо оператори мобилӣ фароҳам меорад.

Замимаи мазкур иртиботи катбӣ бо мушовирон/мутахассисони ширкатро ба роҳ андохта, онҳо дар реҷаи мутсақим (онлайн) ва сонияҳои башумор ба суоли шумо посух мегӯянд, мушкили техникии шуморо бартараф месозанд. Махсусияти дигари замима ин аст, ки ҳатто дар реҷаи offline (берун аз тамос) будани мутахассис барои ӯ суол додан мумкин аст ва пешниҳод ироа кардан имкон дорад!

Барнома барои одамони муосиру замонавӣ аҳамияти вижа дошта, манбаъи муҳими маълумотгирӣ аст, гузашта аз ин вақтро сарфа менамояд. Муштариёне, ки барномаи «Tcell Chat»-ро насб кардаанд, дигар зарурати занг задан ба маркази хизматрасонӣ ва ё рафтан ба идораҳои ширкатро надоранд, зеро дар гӯшии ҳушманд (смартфон)-и онҳо «Tcell Chat» – мушовири инфиродӣ аз Tcell пайваст аст.

Ҳамчунин, барнома барои ҳамватаноне, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва мехоҳанд, ки масоили хонаводагиро ҳал намоянд, муфид буда, барои насби замимаи «Чӣ Гап» ба кор меравад.

Барнома барои боргирӣ дар ҷустори Google Play бо ишораи «Tcell Chat» ва ё пайванди зер дастрас аст: http://bit.ly/2Gy8OcN  

Яке аз роҳҳои аслии рушду тавсеаи Tcell – рушди диҷитол (digital) дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо рушди фазои диҷитол дар ҶТ ширкати Tcell саъй менамояд, ки яке аз вазифаҳои худро дар мутобиқат ба замон ва технологияи муосир ба роҳ монад: пайванд сохтани Тоҷикистон бо фазои иноватсия ва технологияи ҷаҳонӣ.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

tj.jpg

1570

Tcell барои “Пардохти муваффақ” телефонҳои ҳушманд, телевизор, лаптоп ва мошин тӯҳфа мекунад!

Ширкати Tcell муштаракан бо намояндагии Hyundai иқдоми бузургмиқёси “Пардохти муваффақ”-ро пешниҳод месозанд. Ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”- телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), Smart TV, ноутбукҳо ва ҳатто мошинҳои сабукрав мебошанд! Дар иқдом ҳама муштариёни Tcell аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат карда метавонанд: барои ин фақат пур кардани тавозуни телефон кофист. Аксия аз 1 майи соли равон то 10 сентябри соли 2019 идома хоҳад кард.

Барои он ки иштирокчии иқдом гардед, зарур аст, тавозуни телефонатонро дар давоми 1 май то 10 сентябр ба 10 сомонӣ ва ё бештар аз он пурра намоед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо рамзи инфиродӣ (ID-рақам) ирсол мегардад, ки баъдан тавассути ин рамзҳо тӯҳфаҳоро бурд кардан мумкин аст.  

Аз 1 май то 10 сентябр Tcell ба муштариён 20 гӯшии ҳушманди Samsung Galaxy A30, 10 Smart телевизиони Samsung, 5 лаптопи MacBook Air 13 ва 3 сабукрави тамғаи Hyundai Accent 2019 тӯҳфа мекунад!

Иқдоми «Пардохти муваффақ» дар 3 давр сурат мегирад. Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14-уми июн, бахши дуюм аз 15 июн то 29-уми июл ва даври сеюм аз 30-юми июл то 10 сентябр давом меёбад. Қуръакашии ниҳоии ҳар давр мутаносибан рӯзҳои 15-уми июн, 30-юми июл ва 11-уми сентябр дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza баргузор гардида, ҷараёни он тавассути телевизион мустақиман дар саросари Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Дар рӯзҳои баргузории бозии бурдҳои ниҳоӣ Tcell ҳамаи хоҳишмандонро барои назорати шаффофияти қуръакашӣ ба ширкат даъват менамояд.

Ғолибони аксия тариқи телефонҳои расмии ширкати Tcell огоҳ карда мешаванд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» - бебохт аст, чунки муштариён барои иштирок дар он ҳеч гуна хароҷоти иловагӣ намекунанд. Аснои иштирок дар аксия муштариро фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонаш маблағ гузаронад ва онро бо назардошти худ- барои истифодаи интернет, ирсоли навору паёмак, гуфтугӯ ва ғайра истифода намояд.

Тавозуни худро бо 10 сомонӣ пурра намоед, ID-рамз (рақами шиносоии инфиродӣ) бигиред ва иштирокчии иқдом гардед! Шояд ҳамин пардохти Шумо бароятон мукофотро ба армуғон меорад!

Маълумоти муфассалро дар бораи иштирок дар аксияи «Пардохти муваффақ» дар суроғаи зер дарёфт карда метавонед: https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1790

Шартҳои гузаронидани аксияи «Пардохти муваффақ»


Тартиби иштирок дар аксия.

1.  Барои иштирок дар аксия муштарӣ бояд тавозунашро бо 10 (даҳ) сомонӣ ва ё бештар аз он пурра намояд. Барои ширкат дар иқдом аз тамоми намуди пардохтҳо- тавассути системаи пардохтҳо, кортҳои экспресс, маблағҳои нақдӣ қабул карда мешаванд.
2.  Ҳангоми пардохти 10 сомонӣ, барои ҳар як пардохт як рамз ирсол карда мешавад, аммо на бештар аз 10 рамз барои ҳар як муштарӣ дар як рӯз.
3.  Ҳамаи пардохтҳо ба тавозуни муштарӣ гузаронида мешаванд ва муштарӣ бо хоҳиши худ онҳоро сарф менамояд. Рақами шиносоӣ (ID) комилан ройгон аст.
4.  Пас аз пур кардани тавозуни телефон ба миқдори кофӣ, ба муштарӣ SMS-паёмак дар бораи иштирок дар озмун ирсол гардида, ҳамчунин ба ӯ ID – шумораи 9-рақама дода мешавад.Дар ин ҷо- рақами аввал марҳила (давра)-и ширкат дар озмунро нишон медиҳад, дар маҷмӯъ 3 давра (марҳила)-и иштирок дар назар дошта шудааст.
5.  Даври аввал аз 01.05.2019 то 14.06.2019, таҳти рақами тартибии «1» идома мекунад.
6.  Марҳилаи дуввум аз 15.06.2019 то 29.07.2019, таҳти рақами тартибии «2» давом меёбад.
7.  Бахши сеюми иқдом аз 30.07.2019 то 10.09.2019, таҳти рақами тартибии «3» доир хоҳад гашт.

8.   Масалан:

Сана
Рақами тартибии пардох
01.05.2019
100195489

Рамзҳои ID-ро муштарӣ метавонад ҳар рӯз, пас аз пур кардани тавозунаш бо 10 сомонӣ ва бештар аз он дарёфт намояд.

9.  Агар муштарӣ хоҳиши дар иқдом ширкат карданро надошта бошад, дар ин ҳолат метавонад бо рақамчинии *575*0# аз иштирок дар аксия даст кашад.
10.  Дар сурати бозгашт муштарӣ метавонад фармони *575*1# -ро иҷро намояд.
11.  ID (рақами шиносоӣ) дар сурати интиқоли маблағ тавассути SМS-маблағ ва интиқоли мобилӣ дода намешавад.
12.  Дар ҳолати ба қайд гирифтани интиқоли маблағ ва ё нақд кардани маблағҳо аз сӯи муштарӣ, ширкат ҳақ дорад, ки пардохт кардан ва ё бознагардонидани маблағҳоро ба муштарӣ бознигарӣ намояд.
13.  Кормандони ширкат, ҳамчунин фурӯшандаҳо ҳуқуқи иштирок дар аксияи мазкурро новобаста аз намуди SIM-кортҳое, ки истифода мебаранд, надоранд.
14.  Барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ихтилофот ҳангоми муайян кардани ғолибон, ба иштирокчиёни иқдом тавсия дода мешавад, ки дар давраи баргузории озмун SIM-кортҳояшонро ба номи дигар истифодабарандагон сабти ном (қайд) нанамоянд. Дар ҳолати баръакс, ширкат ҳақ дорад, ки бурдро бекор намояд

Масалан:
Муштарии 1 ду моҳ аз SIM-корти муайян истифода бурда, тавозунашро пурра мекард, аммо дар давраи охири баргузории аксия SIM-корташро ба номи Муштарии 2 номнавис кард. Яке аз    ID-рамзҳо (рақами шиносоӣ)-и Муштарии 1 рақами бурднок аст, аммо дар ин вақт SIM-кортро Муштарии 2 истифода мебарад. Дар ин ҳолат, муштариҳо бояд тасмим бигиранд, ки кадоме аз онҳо соҳиби мукофот мегардад.    

15.  Аснои додани мукофот иштироки муштарии ғолиб (пирӯз) ва доштани санади тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) шарту зарур аст.
16.  Дар ҳолати дар хориҷ аз кишвар қарор доштани муштарӣ (корбари Чӣ Гап), шахсони ваколатдор метавонанд тӯҳфаро дарёфт намоянд, дар ин сурат нусхаи шиносномаи муштарии ғолиб низ зарур аст.
17.  Агар муштарӣ (ғолиб) пас аз он ки барандаи иқдом эълон шуд ва дар муддати ду моҳ (60 рӯз) барои гирифтани мукофот наомад, ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надод, ширкат дар ин муддат (60 рӯз) интизор мешавад. Пас аз 60 рӯз (2 моҳ)-и наомадан барои гирифтани мукофот, бурди муштарӣ (ғолиб) бекор карда мешавад.
18.  Ғолиб тавассути занги телефон аз ширкат тариқи рақамҳои расмии 7070 ва 8080 огоҳ карда мешавад.
19.  Тариқи шумораҳои 7070 ва 8080 ба муштарӣ маълумот дода мешавад, ки кай, дар кадом муҳлат ва ба куҷо барои гирифтани мукофот биёяд. Аз ҷониби муштарӣ дар ин ҳолат ҳеч гуна пардохт ва маблағ талаб карда намешавад.
20.  Дар сурати интиқоли пул аз ҳамёни TezSum ба тавозуни мобилии ҳар муштарии дигар, ID-рамзҳо ироа намегарданд.

Қоидаҳои бозӣ.
Иқдом (аксия) ба се марҳала тақсим шудааст.

1.Даври аввали маърака аз 01.05.2019 то 14.06.2019 давом мекунад.Рӯзи ниҳоӣ (финол)-и давр 15.06.2019. Дар маҷмӯъ бахши аввал 45 рӯз идома меёбад.   

Мукофотҳо.

Мукофотҳо
Миқдор
Hyundai  Accent
1
Samsung Galaxy A30
5   
Smart TV Samsung
3   
Laptop Mac Book AIR13
1   

2.Қисмати дуввуми аксия аз 15.06.2019 то 29.07.2019 доир мегардад.Ҷамъбасти давр рӯзи 30.07.2019 сурат мегирад. Ин бахш низ 45 рӯз давом мекунад.

Мукофотҳо
Миқдор
Hyundai  Accent
1
Samsung Galaxy A30
5   
Smart TV Samsung
3   
Laptop Mac Book AIR13
1   

3. Марҳилаи сеюми иқдом аз 30.07.2019 то 10.09.2019 баргузор мешавад.Рӯзи 11.09.2019 ҷамъбаст (финол)-и давр сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, ин марҳила 43 рӯз давом мекунад.

Мукофотҳо
Миқдор
Hyundai  Accent
1
Samsung Galaxy A30
10   
Smart TV Samsung
4   
Laptop Mac Book AIR13
3

Тӯҳфаҳо давоми 10 рӯз (аз рӯзи ҷамъбаст) супорида мешаванд.

Барои иштирок дар иқдом (аксия) муштариро зарур аст, ки тавозуни худро аз 10 сомонӣ ва аз он боло пурра намояд. Дар давоми баргузории аксия, муштарӣ метавонад теъдоди муайяни ID-рамзҳо (рақамҳои шиносоӣ)-ро соҳиб шавад. Дар охири аксия (дар ҳар давр) тавассути қуръакашӣ (лототрон) ғолибони озмуни “Пардохти муваффақ” эълон мегардад.  

ID-рамзҳо (рақамҳои шиносоӣ) пас аз ҳар як даври баргузории иқдом таҷдид (нав) карда мешаванд.   

Дар сурати ҷамъ кардани ID-рамзҳо аз ҷониби муштарӣ, онҳо ба даври дуввум гузаронида намешаванд, ҳамин тавр ID-рақамҳо аз марҳилаи дуюм ба бахши сеюм интиқол намеёбанд.  

Ҳамаи бурдҳо дар охири ҳар як даври аксияи «Пардохти муваффақ» бозӣ карда мешаванд.

Дар зер тартиби бозӣ ва бурди аксия нишон дода мешавад:
1.  Як муштарӣ метавонад чанд дафъа ғолиби аксияи  «Пардохти муваффақ» гардад, ба ғайр аз аз барандаи ҷоизаи асосӣ- “автомобил”.
2. Рақами барандаи ҷоизаи асосӣ аз иштирок дар марҳилаҳои баъдӣ хориҷ карда мешавад (ID-рамз ба ӯ ирсол намегардад).
3.  Як ID – рақам танҳо як маротиба метавонад дар бозӣ иштирок намояд.
4. Мукофотҳо бо маблағи пулии ба он баробар ва ё бо туҳфаи дигар иваз карда намешаванд.

4105

FAQ


Оё рост аст, ки қарори тағйири нархҳо бекор гардид?



Муштарии муҳтарам! Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори афзоиши нархи интернет бекор гардид. Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 23 апрели соли 2019  № 54, фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ №31 аз 4 марти соли 2019 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз эътибор соқит дониста шуд.


Оё тарофаи қаблии маро бармегардонанд (ҳатто тарофаҳои куҳнашударо) ва кай?
Бале, муштарии муҳтарам! Ба тарофаи қаблӣ, ки то 18.04.2019 аз он истифода мебурдед, бо шарту шароити пешина баргардонида мешавед. Ҳамаи муштариён бо тартиб ва навбат дар муддати 3-4 рӯз ба тарофаҳои қаблӣ гузаронида мешаванд.


Оё пардохти муштарӣ, ки барои тарофаи нақшавии “Салом 1” буд, баргардонида мешавад ва кай?
Ҳа, муштарии муҳтарам! Баргардонидани пардохти муштарӣ (25 сомонӣ) ба тавозуни Шумо дар давоми 10 рӯз дар назар дошта шудааст.


Ба бастаҳои солона, ки дар давоми моҳи апрели соли 2019 пайваст карда буданд, чӣ мешавад?
Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки истифодаи “Бастаи солона”-ро идома диҳед.
Агар Шумо намехоҳед, ки дигар Бастаи солонаро истифода баред, пас зарур аст, ки барои бозпас гирифтани маблағ муроҷиат намоед. Маблағ ба тавозуни телефони Шумо бо назардошти масрафоти трафики интернет гузаронида мешавад (агар аз 10% бештар трафики интернетро истифода бурда бошед, маблағ баргардонида намешавад).


Акнун тарофаи ман дар “Бастаи солона” чӣ мешавад?
Шумо ба тарофаи қаблӣ, ки то 18.04.2019 истифода мебурдед, бо шартҳои пешинаи хизматрасонӣ баргардонида мешавед.


Ба тарофаи “Салом 1” чӣ мешавад?
Тарофаи “Салом 1” баста мешавад.


Оё ман метавонам бастаи интернетӣ ва хизматрасониҳоро пайваст намоям?
Ҳамаи опсияҳои интернетӣ/баста ва хизматрасониҳо барои фаъолсозӣ дастрас мебошанд.


Ба ТН “Next» чӣ мешавад?
Тарофаи нақшавии “Next» мисли пештара фаъол хоҳад буд.


Оё нархи зангҳо тавассути замимаи “Чӣ Гап” тағйир меёбанд, ё мисли пештара боқӣ мемонанд?
Ҳамаи нархҳо барои истифодаи зангҳои “Чӣ гап” мисли пешина мешаванд. Аз “Чӣ гап” ба “Чӣ гап”- ройгон, дар дохили шабака – 0,10 сомонӣ, ба дигар операторони мобилии ҶТ- 0,20 сомонӣ.


Арзиши зангҳо ба самти байналмилалӣ чӣ хел мешаванд?
Ҳамаи нархҳо ба самти байналмилалӣ чун пештара, мутобиқи тарифҳои стандартӣ  боқӣ хоҳанд монд.

1737

Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ


Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ №31 аз 4 марти соли 2019 “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз эътибор соқит дониста шуд.
1541



Tcell барои муштариён боз ҳам роҳаттар мешавад


Ширкати Tcell шабакаи фурӯши чаканаро тавсеа мебахшад. Маркази нави хизматрасонии мушатриёни Tcell дар шаҳри Душанбе бо нишонии кӯчаи Беҳзод 14 (рӯ ба рӯи боғи А.Навоӣ) дари худро боз кард.

Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell баргузор шуд.

Тарроҳии дафтари ҷадиди ширкат бо усули наву муосир ва роҳкорҳои замонавӣ анҷом ёфта, сабки тозаи тамғаи молӣ, ки инъикосгари хусусияти пешрафтаи Tcell мебошад, ба ҳусну қубҳи марказ афзудааст. Дар ин ҷо барои ҳар як муштарӣ фазои ором, роҳат ва хизматрасонии босифат муҳайё гардидааст.

Дар ин ҷо ва умуман дар марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, ба тарофаи писандидаашон пайваст шаванд, барномаи “Тезсум”-ро боргирӣ ва насб намоянд. Ин замима имкон медиҳад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маблағ интиқол бидиҳед ва ё пардохтҳои мухталифро анҷом диҳед.

Ба ғайр аз машварату хизматрасонӣ, дар маркази нави ширкат имкони харидани телефонҳои ҳушманд, роутер, таҷҳизоти гуногуни мобилӣ, армуғону маҳсулоти Tcell вуҷуд дорад.

«Бо ҷорӣ намудани сабк (тамға)-и нав, ширкати Tcell дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузорад: татбиқи фанновариҳои ҷадиди технологӣ дар ҳаёти кишвар, ки он Тоҷикистонро ба шабакаи глобалии ҷаҳонӣ пайваста, ҷумҳуриро ба пешрафт ва тараққӣ мебарад. Ва дафтари нав дар Душанбе мутобиқ ба меъёр (стандарт)-ҳои ҷаҳонӣ аст. Дар маркази технологӣ муштариён имкон доранд хизматрасонии босифат, зуд ва қулайро дарёфт намоянд, таҷҳизотҳои наву муосир бихаранд. Таъмини хидматрасонии бароҳат, муносиб ва оҷил барои ширкат муҳимтарин самти фаъолият маҳсуб мегардад»,- мегӯяд директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1708

Tcell ва Тайрон барои маркетологҳои тоҷик «Digital Marketing Day» баргузор намуданд


Бо ибтикори ширкати Tcell ва оҷонсии таблиғотии Тайрон дар пойтахти Тоҷикистон «Digital Marketing Day» сурат пазируфт. Мураббиёни ин анҷуман коршиносон дар бахши бозорёбӣ ва диҷитолу тарғибот аз Русия – Роман Пивоваров ва Денис Баталин буданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати Tcell – тавсеаи муҳити рақамӣ (диҷитол) ва татбиқи он дар шабакаи ҷаҳонӣ барои муаррифии гуногунии муҳтавои Тоҷикистон мебошад. Фазо ё худ муҳити Digital дар дунё ҳар як сония рушд мекунад, тағйир меёбад ва бо ин васила барои корбарони рақамӣ (диҷитол) истифодаи навгониҳоро осонтару роҳаттар месозад. Бо тавсеаи муҳити диҷитол Тсеll дар ҳоли анҷоми вазифаи худ аст: татбиқи роҳкору роҳбурдҳои технологиву коммуникатсионӣ дар кишвар, пайвастани Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонӣ, дастгирии рушди фанновариҳои ҷадид, ки боис ба даст ёфтан ба рушди технологӣ хоҳанд шуд.

Tcell ҳамоиши «Digital Marketing Day»-ро дастгирӣ карда, барои иштирокчиён шароит фароҳам овард, ки аз мураббиёни варзидаву шинохтаи Русия дар бахши бозорёбӣ (маркетинг) ва тарғиб дарс гиранд.

Зарурат ва муҳимияти «Digital Marketing Day» дар он аст, ки дар шароити кунунӣ фазои тиҷорат ва шеваи пешбурди бозори молу маҳсулот зуду босуръат иваз мешавад. Имрӯз бештари муштариён ба сурати мустақим (онлайн) маълумоти заруриро пайгирӣ мекунанд ва шарикони ҳамкори худро ба ин тарз пайдо кардан мехоҳанд. Ва агар ба ин роҳ онҳо маълумоти заруриро дастрас нанамоянд, ба суолҳои худ ҷавоб нагиранд, роҳи дигар, яъне ширкатҳои рақибро интихоб мекунанд, ки барояшон шароиту маълумоти даркориро таъмин менамоянд.

Рӯзи бозорёбии рақамӣ (диҷитол-маркетинг) беш аз 300 иштирокчӣ, шурӯъ аз роҳбарону бунёнгузорони ширкатҳои бузург то кормандони идорӣ, менеҷерҳо, маркетологҳо ва ҷавонони навроҳро, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалинро мегузоранд, гирди ҳам овард. Онҳо бо тарзу усул, шева ва равиши фаъолияти муассир дар бахши реклама, диҷитолу бозорёбӣ, тарғибот ва роҳкорҳои навин ошно шуданд.  

Роман Пивоваров ва Денис Баталин, мураббиёни «Digital Marketing Day» – сухангӯёни маъруф аз ширкати ADCONSULT аз шаҳри Маскав буданд. Дар ҳамоиши омехта коршиносони рус иштирокчиёнро бо навгониҳо ва роҳкорҳои навин дар муҳити digital-технология шинос карданд, ки онҳо минбаъд ин дониши худро дар Тоҷикистон татбиқ хоҳанд кард.

Tcell иштирокчиёни ҳамоиш ва коршиносонро бо иртиботи боэътимоду интернети босифат таъмин намуда, барои баргузории анҷуман кӯмак расонд. Қисми бештари форум ба кори амалии иштирокчиён бо интернет бахшида шуда буд, ки зимни он иштирокчиён бо намунаҳои мушаххаси фаъолият дар фазои диҷитол ошноӣ пайдо карданд.

Tcell ҳамчун ширкати инноватсионӣ дар фаъолияти худ фанноварию технологияҳои ҷадидро ворид сохта, мунтазам чорабиниҳоеро, ки марбут ба беҳсозии муҳити технологияи рақамӣ ва тавсеаи он мебошанд, баргузор ва дастгирӣ менамояд.  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

https://www.tcell.tj/
https://www.facebook.com/tcell.tj/

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

5.JPG

6.JPG

1435

Мусикихоро биёбед ва чоизахоро бурд намоед - Викторина Меломания!


Дар Викторина Меломания иштирок кунед, холхоро чамъ намоед ва бурд кунед.

  • Чоизаи харруза - 100 сомони
  • Чоизаи хармоха - смартфони махсус

Барои иштирок дар Викторина Меломания зарур аст, ки обунаро ба хизматрасони фаъол намуд.

1. Ба раками кутохи 303 занг зада ( Мусобикаи стандарти) ва аз дастурамали меню истифода бурда, пайваст намудан.
2. USSD-коди *303#-ро барои пайвастшави пахш намудан.

Дар холати бори аввал пайваст намудан, хизматрасони 1 руз РОЙГОН пешниход карда мешавад,  бааъдан 80 дирам дар як руз.

Шумо барои хар як чавоби дуруст сохиби 5 хол мегардед.

Лимити харрузаи бози дар раками 303 Мусобикаи стандарти - 120 дакика дар як руз.

ДИККАТ! Агар шумо хохед, ки пеш аз ракиб бошед ва ракибони худро бигузаред дар Мусобикаи Бонуси иштирок биварзед! Ба раками кутохи 0303 занг занед ва барои хар як чавоби дуруст шумо сохиби 50 хол мегардед! Арзиши занг ба раками 0303 дар як дакика 3 сомониро ташкил медихад.

Барои хомуш кардани обунаи Викторина Меломания зарур аст:

1. Ба раками кутохи 303 занг зада, аз дастурамали меню истифода бурда хизматрасониро хомуш намудан.
2. USSD-коди *303*0#-ро барои хомушкуни, ракамчини намудан.

Муфассал дар сомонаи: https://tcell.unifun.com/
1998


Страницы: Пред. 1 ... 14 15 16 17 18 ... 32 След.