Барои муштарии Tcell будан тӯҳфа бигиред!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell барномаи сипосгузорӣ аз муштариён - "Чархи тӯҳфаҳо" -ро оғоз менамояд. Акнун муштариёни ширкат барои истифодаи хизматрасониҳо имтиёз (хол) ба даст меоранд ва тӯҳфа мегиранд!

Ҳамаи инро дар замимаи Tcell-и Ман, дар бахши вижаи “имтиёзҳо” анҷом додан мумкин аст. Тоб додан (паймоиш)-и “Чархи тӯҳфаҳо” ба таври тасодуфӣ яке аз ҷоизаҳоро интихоб мекунад: бастаҳои бонусии мегабайтҳо, дақиқа ва SMS-паёмакҳо, тахфифҳо барои пардохтҳои муштарӣ ва маблағҳо дар тавозун! Барои шиносоӣ бо барномаи садоқатмандии “Чархи тӯҳфаҳо” ба муштариёни ширкат 10 имтиёз ва як имконияти ройгони тоб додани чарх дода мешавад.   

Барномаи миннатдории “Чархи тӯҳфаҳо”-ро оғоз намуда, Tcell ба ҳар як муштарие, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб кардааст, самимона изҳори  сипос мекунад. Tcell дар фаъолияти худ хостаҳои муштариён ва фароҳам овардани шароити бароҳатро барои ҳар кадоме аз онҳо дар авлавият қарор медиҳад.

2021-02-26 15.29.18.jpg

1399

Бозгашт ба рӯйхат