"Чӣ Гап" –и навро аз Tcell боргирӣ кунед ва дақиқаҳоро ҳамчун тӯҳфа бигиред!

Ширкат 50 дақиқа барои зангҳо аз замима ба телефонҳои мобилӣ бо рақамҳои Tcell тӯҳфа менамояд! Аз 15 июн то 15 июл ба версияи ҷадиди барномаи “Чӣ Гап” гузаред!

Ба шумо танҳо лозим аст, ки замимаи нави “Чӣ Гап”-ро тавассути Play Market (https://is.gd/ChiGap)  ва ё Арр Store (https://is.gd/ChiGapApp) боргирӣ ва насб кунед. Бастаи тӯҳфаи дақиқаи зангҳо ба рақамҳои Tcell 5 рӯз аз рӯзи бақайдгирӣ дар замимаи нав эътибор дорад.

Ширкати Tcell аз дубора фаъол гардидани нусхаи таҷдидшудаи замимаи “Чӣ Гап”, яке аз барномаҳои маъмул ва дӯстдоштатарини иртиботӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он хабар дод. Яке аз хусусиятҳои асосии замимаи нав, ин баланд будани сифати алоқа ҳангоми зангҳои овозӣ ба телефонҳои хонагӣ ва мобилӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Нусха(версия)-и пешинаи барнома ба наздикӣ ғайрифаъол ва хомӯш карда мешавад. Шитобед, замимаи “Чӣ Гап” аз Tcell-ро боргирӣ ва насб кунед.

Маълумоти бештарро аз ин нишонии сомона дарёфт карда метавонед: https://www.tcell.tj/internet/mobile-apps/chi-gap.php

«Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин замимаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву  мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард. 
1393

Бозгашт ба рӯйхат