Ширкати Tcell ва дастаи футболи “Хуҷанд” ба бозигарони “Хуҷанд-U13” либосҳои варзишӣ тақдим карданд

Имрӯз, ба истиқболи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва 20-солагии таъсиси ширкати Tcell, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" муаррифии либоси нави варзишӣ барои дастаи футболи кӯдаконаи “Хуҷанд-U13” баргузор шуд. Дар таҳия ва тарҳрезии либосҳои варзишӣ аз ранги вижа ва фирмавии ширкат- ранги бунафш истифода шудааст.

Дар чорабинӣ директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев иштирок намуда, қайд кард, ки дастгирии футболи кӯдакон яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти ширкат маҳсуб мегардад. Капитани дастаи футболи “Хуҷанд-U13” ҳамчун ҳадя- тӯб бо соядасти Озодхон Давлатшоев, мураббии тим чанд тӯби футбол ва бозигарони даста соҳиби тӯҳфаи хотиравӣ аз ширкати Tcell шуданд.

Директори иҷроияи клуби футболи “Хуҷанд” Муродҷон Умаров ба Озодхон Давлатшоев ва ширкати Tcell барои дастгирӣ ва сарпарастӣ ҷиҳати рушди футболи кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ кард.


1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg

4.jpeg

5.jpeg

6.jpeg

7.jpeg

8.jpeg

9.jpeg

10.jpeg

1427

Бозгашт ба рӯйхат