Нашр
Хабарҳо

“Tcell кино”– кинотеатри сайёр дар фазои боз

04.10.2017

Моҳи сентябр ширкати Tcell лоиҳаи васеъ -- “Tcell кино”–ро роҳандозӣ намуд, ки қисми зиёди минтақаҳо ва вилоятҳои кишварро фаро мегирад. Лоиҳа сокинони ҷамоат, шаҳракҳои дур аз пойтахтро барои тамошои филм дар фазои боз гирд меоварад. Алакай 20 намоиши филм зери фазои боз дар 14 деҳаҳои ноҳияи Варзоб ва 6 деҳаи шаҳри Турсунзода доир шудааст.

Дар ҳавои тоза, зери осмони пурситора, филми шавқовар, имкони дидор ва суҳбат бо дӯстон– Tcell ба минтақаҳои кишвар филми муосири тоҷикӣ “Арӯси замонавӣ 2”-ро мебарад. Дар маркази деҳаҳо ва шаҳракҳо кинотеатрҳои мобилӣ насб карда шуда, барои тамошои филм аз 50 то 500 нафар ҷамъ меоянд.

Пеш аз тамошои филм бозиҳо ва суҳбатҳо оид ба технологияи мобилии муосир миёни тамошобинон доир мегардад. Иштирокчиёни аз ҳама фаъолро “сюрпризҳо” аз ширкат интизор аст. Ҳамчунин замони тамошои филм мушовирон - мутахассисони ширкат меоянд, ки аз онҳо метавон ҳар кадом масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ ва пайваст намудани хизматрасониҳоро пурсон шуд.

Яке аз хадамоти маъмултарин ва муфид аз Tcell барои сокинони минтақаҳо - ариза мобилӣ ЧиГап аст, ки имкон медиҳад то истифодабарандагон бо наздиконашон дар хориҷи кишвар бо нархи арзон ҳамеша дар тамос бошанд. Ин нахустин нармафзори миллӣ барои муошират мебошад, ки барои осон шудани истифода аз он барои муштариён забони тоҷикӣ низ дорад. Мутахассисони ширкат барои хоҳишмандон ин нармафзорро насб мекунанд ва тарзи истифодаи онро мефаҳмонанд.Ҳамчунин мутахассисони ширкат дар ин маъракаҳо барои интихоби оптсияи интернетӣ дар қатори G+ вобаста ба талаботи истифодабаранда ё интихоби тарофаи мувофиқ мисоли “Осон” ва ё “Фасон”, ҳамчунин пайваст ва пур кардани тавозун ба ҷамъомадагон кӯмак мекунанд.

Тамошобинон бо истиқбол аз ташаббуси ширкат фаъолона лаҳзаҳои филмро баррасӣ карда, аз масъулини ширкат дархост доранд намоишҳои дигарро роҳандозӣ кунанд.

Лоиҳа ҳануз соли 2015 роҳандозӣ гашта, қисми аввали “Аруси замонавӣ” дар 50 шаҳраку деҳоти кишвар намоиш дода шуд.

Лоиҳа моҳҳои наздик идома карда, бисёре аз минтақаҳои кишварро фаро мегирад.

1.jpg

Фото00056.jpg

Фото00061.jpg

Ба забони русӣ

____________________

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


Возврат к списку

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед