Дафтар-фурӯшгоҳи вижа (флагман)-и Tcell Store

Дар муддати 20 сол ширкат бисёр тарҳҳои технологӣ ва навоваронаро роҳандозӣ кард, ки ба рушди бомароми бахши телекоммуникатсияи кишвар такони мусбат бахшиданд. Ширкат роҳи ҷалби фанновариҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистонро интихоб намуд ва барномаи оғозёфтаи “Қоидаҳои Нав” қолабҳои мавҷудаи собиқро ба нафъи муштариён иваз кард. Ҳамакнун, ширкати Tcell тамоюл (тренд)-и нав дар консепсияи ҷойгиркунии дафтарҳои хизматрасонии операторони мобилии кишварро эълон менамояд – идора ва ё марказу фурӯшгоҳҳоии инноватсионии Tcell Store. Нахустини он дар ошёнаи якуми дафтари марказии Tcell дар хиёбони Рӯдакӣ 34 дари худро ба рӯи муштариён боз кард.   

Дар маросими ифтитоҳ, директори генералии ширкат Озодхон Давлатшоев гуфт: «Дафтар-фурӯшгоҳи вижа (флагман)-и Tcell Store майдонест, барои доираи васеи пешниҳоду фурӯши маҳсулоти муҳим, ки тавассути гӯшии ҳушманд идора карда мешавад. Дар ин ҷо Шумо, дар баробари гаҷету лавозимоти муосир, барои хариди дастгоҳҳои гуногуни мобилӣ, ки ҳаёти моро боз ҳам бароҳат ва ҷолиб мегардонанд, имкон доред”. Ҳамчунин, директори генералӣ дар ин чорабинӣ аз оғози лоиҳаи TcellStyle хабар дод. Ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки дар он тавозун ва ҳамоҳангиро чӣ тавр метавон пайдо кард? Посух ба ин пурсиш- шурӯъи тарҳи TcellStyle аст! ТcellStyle – бахше аз тасвири ҷадиди сабки муносибат бо муштарӣ ва ҷаҳони рақамӣ(диҷитолӣ)-и муҳити он мебошад. Ин талошу кӯшиши ба зиндагии серғавғои ҳаррӯза эҳдо кардани эҳсоси мусбат, тарғибу дастгирии тарзи ҳаёти солим ва ҳамзистӣ мебошад! Нуқтаи авҷи пешниҳоди ҷадид-  изҳороти роҳбари ширкат дар мавриди бренди Tcell ин буд, ки аз ин ба баъд ширкат соҳиби "роиҳаи корпоративӣ" ё худ “хушбӯйӣ” аст ва он аз сӯи бахши атриёти Тсell Store  муаррифӣ шудааст!

Мо аз Шумо даъват мекунем, ки аз дафтар-фурӯшгоҳи вижа ва инноватсионии Tcell Store дидан намоед!

Tcell - алоқа барои ҳаёт!

1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg

4.jpeg

5.jpeg

6.jpeg

7.jpeg

8.jpeg

9.jpeg

10.jpeg

11.jpeg

12.jpeg

13.jpeg

14.jpeg

1340

Бозгашт ба рӯйхат