Лагери иқтисодии навбати дар шаҳри Қурғонтеппа.
Дар чаҳорчуби лоиҳаи “Тавсеаи имконоти ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон”, дар шаҳри Қурғонтеппа лагери иқтисодии навбати баргузор шуд. Ин ҷо ҷавонони синни аз 18 то 25 сола аз минтақаҳои гуногун имкони беҳамтои рушди маҳорати соҳибкории худ, ташкили бизнес-идея ва дарёфти гуруҳ барои роҳандозии он пайдо мекунанд. Ширкати Tcell баргузории лагерро дастгирӣ карда иштирокчиёни фаъолро қадрдонӣ кард.
Лоиҳа бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агентии кумаки байналмиллалии Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Чунин лагерҳо алакай дар чанд шаҳр баргузор шуд ва қарор аст тамоми вилоятҳои кишварро фаро бигирад.