Пайвандҳо
Дар бораи ширкат

Саҳмиядорони Tcell

Саҳмдори ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (рамзи молӣ Tcell) Ширкати нидерландии Central Asian Telecommunications Development B.V. (CATD) мебошад, ки бенефисиаронаш TeliaSonera UTA Holding B.V., ва инчунин Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ AKFED мебошанд.

AKFED - Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ 

Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст. Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) шабакаи оҷонсиҳои инфиродӣ оид ба тараққиёт мебошад, ки ҳадафашон дар беҳбуд намудани имконот ва шароитҳои зисти аҳолии кишварҳои мавриди тараққӣ аст. Оҷонсиҳои AKDN бар манфиати тамоми ҷамъият, новобаста аз миллат, ҷинс ва мазҳаб фаъолият мекунанд. Ҳадафи асосии AKDN дар этикаи ғамхорӣ ба табақаҳои камбизоат дида мешавад. Ҳадафҳои AKDN дар Тоҷикистон – гузоштани саҳм ба ташаккулёбии ҷумҳурии дар соҳаи иқтисод фаъол, дар соҳаи сиёсат устувор, дар соҳаи маданият гуногун ва тоқатпазиру мӯътадил. Бисёре аз лоиҳаҳои AKDN, ҳам дар соҳаҳои маданию маънавӣ, ҳам дар соҳаҳои иқтисодӣ ба тоҷикитониён маъмуланд.

Ахбороти муфассалтар оиди AKFED дар сомонаи: www.akdn.org/akfed

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед