Пайвандҳо
Ба мизоҷони хусусӣ

Пайвастшавӣ

Чӣ тавр бояд муштарии Tcell шуд?

Tcell – яке аз операторони пешсафи Тоҷикистон мебошад, ки хизматрасонии алоқаи телекоммуникатсиониро пешниҳод менамояд. Ширкат ба гуруҳи ширкатҳои TeliaCompany Group, ки дорои собиқаи кории садсола дар бозорҳои калонтарини Европпа мебошад, дохил шуда, собиқаи ҷаҳонии худро бо назардошти анъанаҳои маҳаллӣ истифода мебарад. Тули солҳои фаъолият дар бозори коммуникатсионии Тоҷикистон, Tcell тарофаҳои бисёр, маҳсулот ва хизматрасониҳои иловагии зиёдро баҳри муштариён пешниҳод намудааст, ки аз ҷиҳати истифодабарӣ қулай буда, барои мизоҷон имкониятҳои навро фароҳам овардаанд.

Муштарии мо шудан осон аст! Танҳо яке аз нақшаҳои тарофавии хизматрасоние, ки маҳс барои Шумо қулай аст, интихоб намоед. Бо нақшаҳои тарофавӣ Шумо метавонед дар ин ҷо ошно шавед. Агар интихоб бароятон мушкил бошад, операторони мо барои Шумо тарофаи аз ҳама қулай ва муфидтаринро пешниҳод мекунанд.

Ба шабакаи Tcell дар Марказҳои Хизматрасонии Ширкат ва нуқтаҳои дилерӣ пайваст шудан мумкин аст. Руйхат ва суроғаҳои Марказҳои Хизматрасонии Ширкат ва нуқтаҳои дилериро дар ин ҷо дидан мумкин аст.


printer.png

Чопи саҳифа