Пайвандҳо
Ба мизоҷони хусусӣ

Шартнома бо муштарӣ

Оммавии мазкур (минбаъд дар матн «Шартнома») шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ дар доираи шабакаи мухобиротии шабакаи мобилии Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» (минбаъд дар матн «Оператор») ки дар асоси Иҷозатномаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 11-025-ЧТ аз санаи 31.10.2011с. (минбаъд дар матн «Иҷозатнома»), ба шахсе, ки бо шартҳои Шартномаи мазкур розӣ ҳаст (минбаъд дар матн «Муштарӣ»), муайян менамояд. Муштарӣ ва Оператор дар якҷоягӣ дар матни Шартнома «Ҷонибҳо» номида мешаванд.

2. МАТЛАБИ ШАРТНОМА
2.1. Оператор хизматҳои сертификатсионидашудаи алоқаи барқиро дар шакли интиқол ва қабули нишонҳо, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ва ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптикӣ ё дигар системаҳои электромагнитӣ, ки онҳо минбаъд «Хизматҳо» номида мешаванд, мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи Шартномаи мазкур ва дар асоси Иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, дар ҳудуди доираи хизматрасонии хизматҳои иловагиро пешниход мекунад, аз он ҷумла хизматрасониҳои иловагӣ, яъне:
2.1.1. Дар муддати мӯҳлати эътибори Шартнома ба шабакаи алоқаи барқии Оператор васл намудани муштарӣ бо пешниҳодкунии (ҷудо намудани) раками мушаххаси муштарӣ;
2.1.2. Ба Муштарӣ пешниҳод кардани имконияти интиқод кардан ва ё қабул намудани иттилоот тавассути таҷҳизоти ниҳоии муштарӣ;
2.1.3. Хизматгузории Муштарӣ.
2.2. Муштарӣ аз хизматҳои Оператор истифоца намуда онро мутобиқи муқаррароти Шартномаи мазкур хаққи хизматҳоро пардохт менамояд.

3. ҲУҚУҚҲО ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
3.1. Оператор ҳуқуқ дорад:
3.1.1. Нав шавии шабакаи алоқаи барқиро бо истифода аз маҳдудкунӣ ва ё қатъ намудани Хизматрасонӣ ба Муштарӣ таҷдид намояд ва Муштариро дар ин бора на дертар аз 5 рӯз пеш аз оғози чорабиниҳои мазкур огоҳ намояд.
3.1.2. Барои манфиати Муштари, бо мақсади эмин доштани вай аз зарарҳо, ки дар натиҷаи нохост пахш намудани тугмачаи “Занг задан” ба амал меояд, давомнокии пайвастшавиро ба таври танаффуси муваққатӣ ки аз ҷониби Оператор муайян карда мешавад, маҳдуд созад.
3.1.3. Барои иҷрои фаъолияти худ дигар шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони воқеиро мутобиқи қонунгузории ҶТ ҷалб намояд.
3.1.4. Ҳангоми бо мақсади иваз намудани маҷмӯи хизматҳо, арз намудани шикоят ва инчунин гирифтани маълумоти иттилоотӣ муроҷиат намудани Муштарӣ ба Оператор, паёмҳои телефониро сабт ва ба қайд гирад.
3.1.5. Ҳангоми беамалӣ ё ғайриқаноатманд будани фаъолияти шабакаи Оператор, ки дар натиҷаи қувваи муқовиматнопазир ё амали ҷинояткоронаи Муштарӣ ё шахсони сеюм ба амал омадааст, ҳаққи пардохт барои Хизматҳо, пардохти ҷубронро аз нав ҳисоб нанамояд.
3.1.6. Оператор ҳуқуқ дорад ин ё он филтрҳо ё муҳосиранамоии суроғаи фазоӣ ва маҳдуд намудани дастрасии Муштарӣ ба ин ё он фирқаҳо, манбаъҳои иттилоотӣ ва хизматҳои шабакаи Интернетӣ (суроғаҳои интернетӣ, сайтҳо, серверҳо, телеконфронсҳо, номгӯи пайвандҳо ва ғайра) ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди он ҷорӣ намояд. Инчунин ҳангоми ғайри мутобиқи меъёрҳои истифодабарии шабакаи Интернет истифода намудани манбаъҳо дахлдор дастрасӣ маҳдуд карда мешавад.
3.1.7. На дертар аз 10 (даҳ) рӯз пеш ба Шартнома ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қувваи ҳуқуқи пайдо намудани чунин тағйиру иловаҳо, дар саҳифаи интернетии Оператор www.tcell.tj, ва марказхои хизматрасонии Оператор нашр мегардад, огаҳ намояд.
3.1.8. Дар ҳолати ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда (амалиётҳои ҳарбӣ, офатҳои табии, карантин ва ғайраҳо) ва аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ фармон шудани талаботҳо, Хизматҳоро маҳдуд ё қатъ намояд.
3.1.9. Мустақилона ҳаҷми воҳиди тарофагузории Хизматҳо ва тартиби пардохти воҳиди нопурраи тарофагузориро мукаррар намояд.
3.1.10. Ба Тарофаҳо, шартҳо, мӯҳлат ва низоми пардохтҳои Хизматҳо тағйиротҳо ворид намояд ва дар ин бора тавассути воситаҳои ахбори омма ва ё бо роҳҳои дигар (тариқи СМС‑хабарҳо, нашр намудани маълумот дар саҳифаи Интернетии Оператор www.tcell.tj, дар офисҳои фуруши Оператор) на дертар аз 10 (даҳ) рӯз пеш аз қувваи ҳуқуқӣ пайдо намудани чунин тағйиру иловаҳо, хабардор намояд. 
3.1.11. Аз лаҳзаи афзунгардӣ/расидани Муштарӣ ба ҳадди муқаррарнамудаи катъкунӣ то аз ҷониби Муштарӣ ворид намудани пешпардохт барои Хизматҳо пешниҳоди Хизматҳоро ба Муштарӣ боздорад.
3.1.12. Пас аз гузаштани 365 рӯз аз лаҳзаи фаъолияти охирини муштари, ташаккули қарздорӣ пешниҳоди хизматҳоро боздорад ва дар ин ҳангом Шартномаро бекор намуда, рақами Муштариро ғайрифаъол намояд. 
3.1.13. Дар сурати афзудани муҳлати боздошти пешниҳоди Хизматҳо, ки дар банди 3.2.4. Шартномаи мазкур, ки дар асоси шартҳои банди 3.1.12. Пешаки огоҳ намудани Муштарӣ оиди аз ҷониби Оператор бекор намудани Шартномаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳақ дорад Шартномаро бо тартиби якҷониба бекор намояд ва дар ин сурат пешакӣ хабардор намудани Муштарӣ дар бораи аз ҷониби Оператор бекор намудани Шаргнома зарур нест.
3.1.14. Ҳангоми зарурат, дар ҳолатҳои муқаррар гардидани ҳодисаҳои вайронкунии шартҳои Шартнома ва талаботҳои Оператор, пешниҳоди хизматҳоро ба Муштарӣ катъ намояд.
3.1.15. Оператор дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад бастани Шартнома ва ё пешниҳодкунни хизматҳоро мутобиқи Шартнома боздорад:
• ҳангоми набудани имконияти техникӣ барои пешниҳод намудани хизматҳои шабакаи Оператор, ки Муштарӣ дархост намудааст;
• дар сурати ба Оператор мавҷуд будани маълумот бобати қарздории шахси муроҷиаткарда барои истифода аз хизматҳои алоқаи баркӣ тибқи шартномаи дигаре, ки бо Оператор ба имзо расонида шудааст. Дар ҳолатҳои дигаре, ки бо қонунгузории ҶТ ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Оператор пешбннӣ шудаанд.
3.1.16. Дар сурати ташаккул ёфтани қарз аз рӯи ягон раками Муштарӣ вобаста ба пардохти Хизматҳо, новобаста аз накшаи тарофавии истифодашаванда, хизматгузории рақамҳои дигаре, ки ба номи Муштарӣ қайд гардидаанд, то тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оператор пурра бозпардохт намудани қарзҳо хизматгузорӣ аз рӯи ҳамаи рақамҳо боздошта мешавад.
3.1.17. Дар сурати аз чониби Муштарӣ аз рӯи рақамҳои дигар иҷро нагаштани ӯҳдадориҳои бо Шартномаи мазкур ба зимма гирифташуда расонидани Хизматҳо ба ӯ маҳдуд ва ё қатъ карда мешавад, инчунин то пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳое, ки тибки шартномаҳои дигар ба зиммаи Муштарӣ вогузор карда шудаанд, ҷиҳати маҳдуд кардан ва ё боздоштани пешниҳоди Хизматҳо чораҳо андепшида мешаванд.
3.1.18. Агар Муштарӣ аз рӯи пардохти Хизматҳои расониаи Оператор ва хизматҳои контенти иловагӣ қарздор бошад, пардохтҳои аз Муштарӣ тибқи Шартномаи мазкур воридгардида барои бозпардохти қарзҳои пештар ташаккулёфта истифода мешаванд.Дар ин ҳолат, дар Ҳисоби шахсии Муштарӣ маблағи баъди пардохти қарз ба ҳисоб гирифта мешавад.
3.1.19. Ба Намоянда дар асоси ваколатномае, ки ба номи вай дода шудааст, ҷиҳати имзогузорӣ дар Шартнома оиди пешниҳодкунии хизматҳои алоқаи барқӣ ҳуқуқи имзогузорӣ дода мешавад.
3.1.20. Маълумоти дар бораи Муштарӣ бадастовардашударо (маълумотҳои шахсии Муштарӣ, рақами Муштарӣ, маълумотҳо дар бораи хизматҳои ба Муштарӣ пешниҳодгардида, иттилоот дар бораи зангҳо ба Муштарӣ ва ғайраҳо) аз рӯи салоҳдид дар доираи фаъолияти худ ва мутобиқи қонунгузории ҶТ нигоҳ дорад ва истифода барад.
3.1.21. Дар сурати пардохт нагардидани қарз аз ҷониби Муштарӣ, ба суд барои аз Муштарӣ ситонидани қарзи бамиёномада муроҷиат намояд (дар ин ҳолат ҳамаи харҷҳои судӣ аз ҷониби Муштарӣ пардохт мегардад).
3.2. Муштарӣ ҳуқуқ дорад:
3.2.1. Тавассути хадамоти иттилоотӣ-маълумотӣ бо роҳи рақамчинии «7070» ва +992935050000 барои муштариёне, ки дар роуминг қарор доранд (ё аз рақамҳои шаҳрӣ ё дигар операторҳои мобилӣ), инчунин аз сомонаи расмии Оператор- www.tcell.tj, дар бораи Оператор ва хизматҳои пешниҳодкунандаи вай маълумоти зарурӣ ва зътимоднокро ба даст орад.
3.2.2. Мутобиқи талаботҳои Оператор, муқаррароти Шартномаи мазкур ва замимаҳои он барои гуфтуги радиотелефонӣ, интиқоли иттилоот тавассути воситаҳои техникӣ аз шабакаи Оператор истифода намояд.
3.2.3. Аз рӯи салоҳдиди худ ба маҷмӯи хизматҳои ба вай пешниҳодшаванда тавассути воситаҳои электронӣ ва ё роҳҳои дигар бо истифода аз рамзҳо, паролҳо, инчунин бо роҳи муроҷиати бевосита ба Оператор ё офисҳои ваколатдори фурӯш/марказҳои дилерӣ пас аз пур кардани ҳуҷҷатҳои марбутае, ки Оператор тасдиқ намудааст, тағирот ворид намояд.
3.2.4. Пас аз ба таври аризаи хаттӣ хабардор кардан Оператор истифодаи хизматҳоро ба муҳлати на беш аз 90 рӯз боздошт намояд.
3.2.5. Аз лаҳзае, ки Оператор шартҳои Шартномаи мазкурро вайрон мекунад, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ба Оператор даъво пешниҳод намояд.
3.2.6. Дар асоси аризаи хаттӣ ва бо шарти пешниҳод намудани ҳуҷҷати собитсозандаи шахсияти вай (шиносномаи шаҳрванди ҶТ инчунин пардохт намудани маблағи алоҳида метавонад дар бораи алоқаҳои телефонӣ, давомнокии алоқаҳо, рақамҳои муштариён, хизматҳои иловагии истифодакарда ва ҳолати суратҳисоби худ ҳисоботи муфассал гирад. Дар ин ҳангом давраи тавсилоти ҳисоботи ба Муштарӣ тибқи имконоти техникии Оператор пешниҳод карда мешавад.
3.3. Оператор ӯҳдадор аст:
3.3.1. SIM-кортро ба шабака пайваст намояд ва ба Муштарӣ мутобиқи нақшаи тарофавӣ ва номгӯи Хизматҳои интихобнамудаи вай, ки ба бастаи асосии хизматҳои ба Муштарӣ аз чониби Оператор пешниҳодшаванда ворид карда шудаанд, Хизматҳо расонад. Дар ин ҳангом тавозуни Муштарӣ бояд мусбӣ бошад.
3.3.2. Ба давраи амалкарди Шартнома ба Муштарӣ имкон диҳад, ки аз рақамҳои дар шабакаи Оператор хизматрасонишаванда истифода намояд.
3.3.3. Ҷиҳати бастану иҷро намудани Шартномаи мазкур дар бораи шартҳои васлкунии шахсони вокеӣ, инчунин ғайрирезидентони ҶТ иттилооти заруриро пешниҳод намояд. Иттилооти мазкур бо забонҳои русиву точикӣ дар шакли фаҳмову дастрас дар ҷойҳои махсусгардонидашудаи хизматгузории Муштариён ва дар сомонаи расмии Оператор – www.tcell.tj, тариқи ройгон ба Муштариён пешнҳод намояд.
3.3.4. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ маҳфияти маълумоти интиқолкунанда/қабулкунанда, инчунин иттилооти дигари Муштариёнро таъмин намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй шудаанд.
3.3.5. Аз рӯи дархости Муштарӣ дар шабакаи алоқаи барқӣ берун аз ҳудуди ҶТ хизмати Роумингро пешниход намояд.
3.3.6. Ба Муштарӣ дар бораи Хизматҳое, ки мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, маълумот дастрас намояд.
3.3.7. Дар сурати аз Муштарӣ ворид гардидани аризаи хаттӣ пешниҳод гаштани Хизматҳоро мувакқатан ба мӯҳлати на беш аз 90 (навад) рӯз мутобики банди 3.2.4. муҳосира намояд.
3.3.8. Алоқаи ройгони Муштариро бо хадамоти садамавӣ ва таъҷилии ҶТ тариқи рақамҳои «101», «102», «103», «104» ва «111» таъмин намояд.
3.3.9. Ҳангоми пайваст намудани Муштариён ба шабакаи алокаи барки, ба «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасонии вобаста ба онҳо», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тахти №207-7 дар 30 апрели соли 2016 тасдик шудааст, пайгири намояд.
3.4. Муштарӣ ӯҳдадор аст:
3.4.1. То оғози истифодаи радиотелефон дар шабакаҳои операторони дигар бо қоидаҳои пешниҳоди Хизматҳо аз ҷониби Оператор ва имкониятҳои (техникӣ, ташкилӣ ва ғайраҳо) истифодаи минтақаи дарбаргирандаи Оператор, номгӯи хизматҳои имконпазир ва тарофаҳои хизматҳои Роуминги байналхалкӣ шинос шавад.
3.4.2. Дар рафти истифода аз Нақшаҳои тарофавии дорои пардохти ҳармоҳаи муштарӣ то давраи нави ҳисоббаробаркунӣ ё дарҳол баъди ба шабакаи Оператор васлкунии рақами Муштарӣ пешпардохтро дар ҳаҷми пурра пардохт намояд.
3.4.3. Ҳаққи Хизматҳои Операторро дар ҳаҷми пурра ва мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур ва замимаҳои он пардохт намояд.
3.4.4. Дар рафти бастани Шартномаи мазкур бо мақсади дар Системаи автоматиконидашудаи ҳисоббаробаркуниҳо ба кайд гирифтани Муштарӣ ба Оператор маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои зайлро дар чунин ҳолатҳо пешниҳод намояд:
• дар ҳолати шахси воқеӣ будани Муштарӣ - маълумоти пурраро дар бораи худ, инчунин шиносномаи дохилии шаҳрванди ҶТ;
• дар ҳолати шахси воқеии ғайрирезиденти ҶТ будани Муштарӣ - шиносномаи шаҳрванди давлати хориҷӣ бо кайдгирии ҳатмӣ дар мақомоти ваколатдори ҶТ. Номгӯи маҳдуди нақшаҳои тарофавӣ ва хизматҳое, ки Опсратор муайян кардааст, қобили васлкунӣ мебошанд.
3.4.5. Дар бораи ҳодисаи гум шудан, ба ғорат бурдани SIM-корт ва ҳолатҳои дигаре, ки боиси номумкин гардидани иҷроиши шартҳои Шартномаи мазкур мегарданд, фавран Операторро тавассути аризаи хаттӣ хабардор созад. Дар ин сурат, Муштарӣ барои пардохти хизматрасониҳои аз ҷониби Оператор пешниҳодгашта, ӯҳдадор мебошад.
3.4.6. Ҳангоми такроран пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи мобилӣ маблағро барои ин васлшавӣ мутобиқи тартибу шартҳои муқаррарнамудаи Оператор пардохт намояд.
3.4.7. Хизматҳои пешниҳодкардаи Операторро барои татбиқи амалҳои ғайриқонунӣ истифода накунад:
• бе розигии пешакии хатии Оператор рақамҳои пешниҳодшударо барои гузаронидани бозиҳои лотерея, райпурсӣ, озмунҳо, викторинаҳо, таблиғот, пурсиш, интиқоли оммавии хабарҳо, барқароркунии дастрасӣ ба шабакаи алоқаи собит ё мобилӣ, Интернет-телефония ва чорабиниҳои дигаре, ки боиси корношоямии дастгоҳу таҷҳизоти алоқа ва ё халалдор намудани шахсони сеюм мегардад, истифода накунад.
3.4.8. Ҳамаи талаботҳои Операторро нисбати Муштарӣ, ки дар сомонаи Оператор нашр мегарданд, инчунин ӯҳдадориҳое, ки дар Шартномаи мазкур муқаррар гардидаанд, риоя намояд.
3.4.9. Хизматҳои Операторро барои гузаронидани трафики содиротии дигар операторҳои алоқа ва шабакаҳои алоқа истифода набарад.

4. ҲИСОББАРОБАРКУНИҲО БАРОИ ИСТИФОДАИ ХИЗМАТҲО
4.1. Чонибҳо барои Хизматҳо ва хизматҳои иловагӣ аз ҷониби Оператор муқаррар карда мешаванд. Нарху номгӯи Тарофаҳо барои Хизматҳо ва хизматҳои иловаг дар пешниҳодҳои тарофавии Оператор нишон дода мешаванд.
4.2. Баҳисобгирии давомнокии хизматҳои ба Муштарӣ расонидашуда, яъне алоқаи телефонӣ, давомнокии зангҳо, инчунин хизматҳои иловагие, ки дар асоси дархости Муштарӣ пешниҳод карда шуданд, аз ҷониби Оператор муқаррар ва бурда мешаванд.
4.3. Баҳисобгирии давомнокии хизматрасонӣ аз сонияи аввали ҷавоб додани муштарии даъватшаванда ва ё таҷҳизоти ниҳоӣ то лаҳзаи қатъи гаштани алоқаи муштарии даъватшаванда ё даъваткунанда ё таҷҳизоти истифодашаванда ҳисоб карда мешавад.
4.4. Ҳаҷми пардохти ҳаққи хизматҳои расонидашуда дар асоси давомнокии алоқаи телефонӣ, миқдори дархостҳо, ҳаҷми трафики гирифтаи маълумотҳо, миқдори хизматҳои иловагии алоқа ва дигарҳо, ки ҳар яке тибқи маълумотҳои Системаи автоматиконидашудаи ҳисоббаробаркунии Оператор тариқи алоҳида тарофагузорӣ мегарданд, муайян карда мешавад.
4.5. Ҳангоми ба имзо расонидани Шартномаи мазкур ба Муштарӣ ҳисобу китобе пешниҳод карда мешавад, ки он пардохтҳоро барои ба шабака васлкунии SIM-кортҳо, пешпардохтҳо ва пардохтҳои дигарро мутобиқи хизматҳои интихобгардида ва хизматҳои дар замимаҳои Шартномаи мазкур ишорашуда дар бар мегирад. Оператор хизматҳоро ба Муштарӣ баъди аз ҷониби Муштарӣ ба тавозун воридкунии воситаҳои пулӣ пешниҳод менамояд.
4.6. Ҳаҷми пардохти Муштарӣ аз ҷониби Оператор муайян карда мешавад. Муштарӣ ӯҳдадор мешавад, ки маблағро дар асоси шартҳои тарофаи интихобнамудааш пардохт намояд. Муштарӣ ӯҳдадор мешавад, ки барои хизматҳои иловагии фаромишдодааш тибқи муқаррарот ва тарофаҳои ҷории Оператор маблағи иловагиро пардохт намояд.
4.7. Дар ҳолати дар масъалаи арзиши хизматҳо ба миён омадани ихтилофҳо, барои бартраф намудани онҳо маълумотҳои Систеаи автоматиконидашудаи ҳисоббаробаркунии Оператор ҳамчун асос қабул карда мешаванд.                                  
4.8. Қабули пардохтҳо аз ҷониби Оператор ва ё шахси ваколатдори вай ба амал оварда мешавад. Воситаҳои пулӣ дар тавозуни Муштарӣ на дертар аз рӯзе, ки пас аз рӯзи кабули пардохт меояд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4.9. Қарзи умумии Муштарӣ бо маблағи қарзҳое муайян карда мешавад, ки аз рӯи тамоми маҷмӯи Хизматҳои ба лаҳзаи боздорӣ ва ё қатькунии хизматгузорӣ интихобнамуда ташаккул ёфтааст. Ҳакки хизматҳои ба Муштарӣ расонидашуда дар давраи амалкарди Шартномаи мазкур дар ҳаҷми пурра мутобиқи қоидаву тарофаҳои муқаррарнамудаи Оператор дар рӯзе, ки ҳисобкуниҳо ба амал оварда шудаанд, ҳисобу китоб карда мешавад. Агар қарзи Муштарӣ барои истифода аз хизматҳои Оператор аз ҳадди катъкунӣ бисёртар бошад, Оператор бе огоҳкунии пешакӣ то бозпардохти қарзҳо ва дар шакли пешпардохт ба суратҳисоб воридкунии воситаҳои пулӣ ба Муштарӣ пешниҳодкунии хизматҳоро бозмедорад.
4.10. Давраи ҳисоботӣ як моҳи тақвимӣ маҳсуб мегардад.
4.11. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии алоқа бо асъори миллии ҶТ – сомонӣ, ба амал оварда мешавад.

5. МАСЪУЛИЯТИ ҶОНИБҲО
5.1. Ҷонибҳо барои иҷро накардан ва ё тибқи талабот иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Шартномаи мазкур муқаррар гардидаанд, мутобиқи конунгузории ҷории ҶТ ҷавобгар дониста мешаванд.
5.2. Ҷониби гунаҳкор танҳо барои зарарҳои бевоситае, ки ба ҷониби дигар расонида шудаанд, масъулиятро ба зимма мегирад. Зарарҳои бавосита ҷуброн карда намешаванд.
5.3. Агар Муштарӣ қарзҳои бамиёномадаи худро бозпардохт накунад ва Оператор ба суд барои ситонидани қарз муроҷиат намояд, Оператор ҳак дорад подоши маблағ қарз ва хароҷотҳои судиро талаб намояд.
5.4. Муштарӣ барои ба ҷониби сеюм додани SIM-корт дар назди Оператор ё ҷониби сеюм ҷавобгариро ба зимма мегирад.
5.5. Оператор аз иҷрои ҷузъӣ ё иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои худ, инчунин иҷро накардан ё тибқи талабот иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар Шартнома муқаррарнамуда дар сурате озод карда мешавад, ки агар иҷро нагардидани ин ӯҳдадориҳо дар натиҷаи ҳолатҳои муқовиматнопазир ба миён омада бошад. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки амали Ҳукумат, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва/ё ташкилотҳо, ки боиси маҳдудкунии имконоти Оператор дар самти пешниҳодкунии Хизматҳо ва/ё боиси тағйир ёфтани шаклу тартиби пардохт, раванди насбкунӣ, озмоишҳо ва танзимкунии техникии таҷҳизот мегардад, ба ҳолатҳои муқовиматнопазир ворид намоянд.
5.6. Оператор аз масъулият барои иҷро накардан ва ё тибқи талабот иҷро накардани Шартномаи мазкур дар сурате озод карда мешавад, ки агар он бо ҳолатҳои зерин вобаста бошад:
• аз ҷониби Муштарӣ нодуруст истифода гардидани SIM-корт, таҷҳизоти мобилӣ ва таҷҳизоти дигари ниҳоии истифодашаванда. Ҳамаи харҷҳои моддӣ (хароҷотҳо) дар самти бартараф намудани корношоямие, ки дар натиҷаи истифодаи нодурусти таҷҳизот аз чониби Муштарӣ ба миён омадааст, ба зиммаи Муштарӣ гузошта мешавад;
• берун аз минтақаи амалкарди шабакаи алокаи мобилӣ қарор доштани таҷҳизоти мобилӣ, инчунин дар наздикӣ ва/ё дар даруни бинову иншоотҳои дохили таҳхонаҳо, ағбаҳо, мавзее, ки ба паҳн гардидани мавҷҳои радио имкон намедиҳанд, қарор доштани таҷҳизоти мобилӣ;
• релйеф ва вазъияти номусоиди обу хаво;
• корношоямӣ ва/ё кори бесифатии таҷҳизоти операторони дигари алокаи барқӣ, инчунин таҷҳизоти Оператор, ки дар ихтиёр ва истифодаи операторони дигари алокаи барқӣ карор доранд;
• бо сабабҳои аз Оператор новобаста сари вакт дастраси Муштарӣ нагардидани иттилоот роҷеъ ба тағйирот дар тарофаҳо, нархҳо ва ё дигар маълумотҳои муҳим, ки дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои Оператор ба амал меояд.
5.7. Оператор барои зараре, ки ба Муштарӣ дар натиҷаи амали муштариёни дигар ва/ё истифодабарандагони хизматҳои дигари Оператор расонида шудааст, инчунин барои муҳтавои иттилооте, ки аз ҷониби Муштарӣ бо истифода аз имконоти шабакаи алоқаи мобилӣ, инчунин шабакаҳои дигари алоқаи баркӣ интиқол ва/ё қабул карда шудааст, масъулиятро ба зимма намегирад.
5.8. Оператор барои сифати хизматҳои дигар операторҳои алоқа, аз он ҷумла, ҳангоми қарор доштани Муштарӣ дар роуминг, инчунин ҳангоми омезиши хизматҳои Оператор бо хизматҳое, ки ба дигар ҷонибҳо пешниҳод мегардад, масъулиятро ба зимма намегирад. Иловатан, Оператор барои зарарҳо ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи истифодабарӣ ё ғайриимкон будани истифодабарии хизматҳо аз ҷониби Муштарӣ ба амал меояд, ӯҳдадор намебошад.
5.9. Муштарӣ барои хавфҳои марбут ба истифодаи маводҳо, иттилооти хизматҳои маҳсулот дар шабакаи Интернет, ки ба вай вобаста ба хизматрасонӣ дастрас гардиданд, масъулиятро ба зимма мегирад.
5.10. Муштарӣ барои амалҳои ғайриқонунӣ, ки боиси зараррасонӣ ба Оператор ва Муштариён мегардад, масъулиятро ба зимма мегирад, аз он ҷумла барои фаъолкунии SIM-кортҳои мавҷуднабуда, истифодаи рақами Муштарӣ барои гузаронидани бозиҳои лотерея, райпурсиҳо, озмунҳо, таблиғот, пурсишҳо, интиқоли оммавиии хабарҳо ба Муштариён, барқароркунии дарвозаҳои дастрас ба шабакаи алоқаи собит ва алоқаи байналхалқӣ, IР-телефония бо истифода аз системаи зангзании дарвозаҳои (шлюз) дастрас ва хизматҳои дигари алоқа.
5.11. Ҷонибҳо тамоми кӯшишро ба он харҷ медиҳанд, то ин ки ихтилофҳои бамиёномадаро қатьиян бо роҳи гуфтушунид бартараф намоянд. Дар сурати бо роҳи гуфтушунид бартараф нагардидани ихтилофот онҳо тибқи тартиботе, ки бо қонунгузории ҶТ муқаррар гардидааст, ҳал карда мешаванд.
5.12. Муштарӣ розӣ ҳаст, ки бо мақсади пешниҳодкунии хизматҳои Роуминг Оператор интиқолу коркарди маълумотҳои шахсии (ба истиснои маълумотҳои шиносиома) Муштариро тавассути воситахои техникии ҷонибҳои сеюм ба амал орад, дар сурати дар минтақаи хизматгузории операторони алоқа, ки Оператор бо онҳо созишномаҳои марбутаи роумингӣ ба тасвиб расонидааст, қарор доштани Муштарӣ нигоҳ доштан, коркард ва интиқоли маълумотҳои шахсии (ба истиснои маълумотхои шиноснома) вай тибқи меъёрҳои қонунгузорие ба танзим дароварда мешаванд, ки онҳо аз меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории ҶТ фарқ мекунанд.

6. ШАРТҲОИ МАХСУС
6.1. Муносибате, ки байни Оператор ва Муштарӣ ба миён меояд, мутобиқи Қонуни ҶТ «Оид ба алоқаи барқӣ» ба танзим дароварда мешавад.

7. МУҚАРРАРОТИ ДИГАР
7.1. Шартномаи мазкур аз лаҳзаи онро имзо намудан қувваи амалӣ пайдо карда, то бекор намудани он аз ҷониби яке аз тарафҳо амал менамояд.
7.2. Муштарӣ ҳак дорад, ки бо шарти бозпардохти қарзҳо ҳар вақт баъди тариқи хаттӣ хабардор сохтани Оператор дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ Шартномаи мазкурро бекор намояд. Дар ин ҳангом Муштарӣ ҷуброни зарардидаи Операторро, ки дар натиҷаи радкунии хизматҳо ва бекор намудани Шартнома ба миён меоянд, инчунин бозпардохти қарзҳоеро, ки минбаъд марбут ба пардохти Хизматҳо, хизматҳои Роуминг, алокаи байналхалқиву байнишахрӣ, хизматҳо оид ба интиқоли маълумотҳо мукаррар карда мешаванд, ба зимма мегирад.
7.3. Оператор ҳак дорад, ки дар сурати пардохт нагардидани қарзҳои ташаккулёфта ва/ё аз ҷониби Муштарӣ иҷро нашудани муқаррароти Шартномаи мазкур, инчунин дар ҳолатҳое, ки бо қонунгузории ҶТ манъ нагардидаанд, Шартномаи мазкурро бекор намояд.
7.4. Ҳамаи дигар шартҳои Шартнома, ки Шартномаи мазкур дарҷ нагардидааст, мутобиқи қонунгузориҳои ҷории ҶТ сурат мегирад.Муштарӣ кафолат медиҳад, ки маълумотҳое, ки дар Шартнома ва замимаҳои он аз ҷониби Муштарӣ ишоранагардида, дуруст мебошад.
7.5. Ҳуқуқҳои Муштарӣ аз ҷониби Намояндае, ки дар асоси ваколатнома аз номи Муштарӣ фаъолият мекунад, амалӣ карда мешаванд. Ҳар гуна маълумоти марбут ба Шартномаи мазкур танҳо ба Муштарӣ ва ё шахсе, дода мешавад, ки дар асоси ваколатнома ҷавобгӯи талабот ва ё асосҳои дигари қонунӣ фаъолият мекунад.
7.6. Шаргнома дар ду нусха бо забонҳои тоҷикиву русӣ вобаста ба шакли интихобнамудаи Муштарӣ яктогӣ барои ҳар як Ҷониб таҳия карда шудааст. Ҳар ду нусха дорои кувваи баробари ҳуқуқӣ мебошан.



printer.png

Чопи саҳифа

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед