Tcell аввалин марҳилаи қуръакашии аксияи «Бурд намо - 2022»-ро баргузор намуд

Ширкати Tcell аввалин қуръакаши миёнадавриро дар марҳилаи якуми иқдоми «Бурд намо– 2022» баргузор кард. Оператор барандагони ҷоизаҳоро дар қуръакашии нахустин муайян намуд.
  
Сокинони хушбахти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби смартфонҳо гардида, ноутбукҳо насиби сокинони навоҳии Рӯдакӣ ва Айнӣ шуданд, ҳамчунин сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ашт ду LED-TV бурд карданд.

Рӯйхати ID-рақамҳои ғолиб:  
Смартфон: S0050747, N0066340. 
Ноутбук: S0005885, N0025795. 
LED-TV: S0095371, N0046957.

Сабти намоиши телевизионии қуръакаширо метавонед дар шабакаи YouTube-и Tcell Tajikistan бубинед. Ҳамакнун, қуръакашии дуюми миёнадаврии «Бурд намо» рӯзи 31 октябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар иқдом зарур аст, ки фармони *707#-ро иҷро карда, соҳиби ID-рамаз шавед ва он дар қуръакашӣ ширкат менамояд.

Соҳибони хушбахти ID-рақамҳо метавонанд ба марказҳои хизматрасонӣ муроҷиат карда,   шахсияти худро тасдиқ намоянд ва тӯҳфаҳои арзишманди худро гиранд. Барои иштирок дар иқдом шитоб кунед, имконияти худро аз даст надиҳед ва соҳиби яке аз 6 автомобили нави Skoda Rapid, ё шоҳҷоизаи Volkswagen ID.4 шавед.
 
Муфассал дар пайванд: http://www.tcell.tj/lu.php  ва ё бо рақами 257.

1303

Бозгашт ба рӯйхат