Бандҳои иловагӣ дар шартномаи обунавӣ

Муштарии мӯҳтарам, ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз 1 майи соли 2023 қисмати шартномаи обунавии ҷорӣ «Ҳуқуқи ширкат» бо бандҳои иловагии зерин пурра карда мешавад:
- Ҷамъият (ширкат) ҳуқуқ дорад ба Муштарӣ, инчунин шахсони сеюм, хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои контент-провайдерҳоро пешниҳод намояд;
- Ҷамъият (ширкат) ҳуқуқ дорад хизматрасониҳо, инчунин хидматҳои шахсони сеюм, аз ҷумла хидматҳои контент провайдерҳо ба муштарӣ бо тамоми шабакаҳои дастрас таблиғ намояд;
- Муштарӣ бо пайваст ё қатъ кардани ҳама гуна хизматрасониҳои ширкат ва шахсони сеюм, аз ҷумла хизматрасониҳои контент-провайдерҳо, ба ин васила ба иҷрои ин амалҳо розигии худро медиҳад.

642

Бозгашт ба рӯйхат