Эълони муҳим аз Tcell

Муштариёни муҳтарам, таваҷҷуҳи Шуморо ба ҳолатҳои ҳакерии зуд-зуд такроршаванда дар паёмрасонҳо, аз ҷумла Telegram ва WhatsApp ҷалб менамоем. Дар робита ба ин, ширкати «Tcell» пешниҳод менамояд, ки аз тавсияҳо барои ҳифзи маълумот истифода баред.

Дар зер чанд маслиҳатҳои оддӣ барои муҳофизат кардани худ аз хатарҳои ҳакерӣ оварда мешавад:  
 1. Аутентификатсияи дукарата: Барои тақвияти ҳифозати дукарата ин функсияро фаъол намоед. Ин як қабати иловагии амният (ҳифозат)-ӣ аст, ки аккаунти Шуморо бехатартар месозад.   
2. Замимаро бо рамз ҳифз кунед. Барои ҳар як аккаунт рамзи беназир (ягона) ва мураккабро истифода баред.   
3. Аз рамзи абрӣ истифода баред: Дар танзимоти бехатарӣ рамзи абрӣ ворид намуда, аккаунти худро аз ҳамлаҳои ҳакерӣ эмин доред. Ин боис ба ҳимояи иловагӣ низ мешавад.    
4. Таҷдид (навсозӣ)-и нармафзор: Системаҳои амалиётӣ ва барномаҳоро дар дастгоҳи худ мунтазам навсозӣ кунед. Ин барои ҷилавгирӣ аз осебпазирӣ, ки аз ҷониби ҳакерҳо метавонанд истифода шаванд, кӯмак мерасонад.   
5. Эҳтиёт бошед: Аз кушодани пайвандҳо ва файлҳои шубҳанок худдорӣ намоед. Агар чизе ғайриоддӣ ба назар расад, беҳтараш аз он канорагирӣ кунед.    
6. Сеансҳои фаъол ва дастгоҳҳои марбутаро тафтиш кунед: Ҳар ҳафта санҷед, ки кадом дастгоҳҳо ба аккаунти Шумо пайваст шудаанд. Агар ин Шумо набудед, сессияҳоро хотима диҳед.    

 Мо якҷоя фазои амни онлайниро эҷод хоҳем кард!

463

Бозгашт ба рӯйхат