Иди Ғалаба муборак!

Ҳамватанони азиз!

Ширкати Tcell бо камоли мамнуният ҳамаи Шуморо ба муносибати рӯзи 9-май, ки ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад, табрик менамояд!

Мо ба ҳамаи онҳое, ки ояндаи моро рӯшан кардаанд ва дар таъмини пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 саҳм гузоштаанд, ташаккур мегӯем! Ҳамватанони мо низ дар ин солҳои озмоишҳои бузург аз худ шикастнопазирӣ ва иродаи қавиро ба намоиш гузошта, дар баробари дигар мардумони шӯравӣ барои озодӣ, шараф ва осмони софе, ки мо ва фарзандонамон дар он ба сар мебарем, мубориза бурданд.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат аст!

Таманно менамоем, ки ҳамагон дар зери осмони софу осоишта ба сар баранд, ба қадри замону шодии ҳар рӯз бирасанд, Ватани азизи худро ҳифз кунанд.

Иди Зафар муборак, дӯстон! 
567

Бозгашт ба рӯйхат