Муштариёни муҳтарам!

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғ дар бораи қоидаҳои нави алоқа вобаста ба гӯш кардани ҳама гуфтугӯҳои телефонӣ, SMS-паёмакҳо, инчунин зангҳо дар шабакаҳои иҷтимоии WhatsApp, ҳамзамон мониторинги Twitter ва Facebook паҳн мешавад. Таъкид менамоем, ки ҳамаи ин дурӯғ буда, ҳақиқат надорад.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сару садоҳоро қатъиян рад карда, аз ҳамаи муштариён даъват менамояд, ки ба паёмҳои иттилоотии бардурӯғ бовар накунанд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иттилоъро танҳо дар саҳифаҳои расмии операторҳо – провайдерҳои хизматрасонии ширкат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ намоед.

Tcell хизматрасониро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати маъмулӣ идома медиҳад.
243

Бозгашт ба рӯйхат