Мавсими 10-уми ҷашнӣ (юбилей)-и Лигаи футболи кӯдакон «Tcell – Футбол ба назди Шумо меояд» оғоз шуд

Лоиҳа бо сарпарастии расмии ширкати Tcell амалӣ шуда, маъмулан дар ду марҳила сурат мегирад. Дар давраи аввал иштироки шумораи номаҳдуди дастаҳо дар назар аст ва 12 дастаи беҳтарин дар чор категорияи синну сол ба даври ниҳоӣ (финалӣ) роҳ меёбанд.

Лигаи футболи кӯдакон “Tcell – Футбол ба назди Шумо меояд” тайи 10 сол 80 ҳазор навраси  аз 6 то 12-соларо ба футбол ҷалб кардааст. Яке аз аҳдофи аслии лоиҳа дар кӯдакон бедор кардани муҳаббат ба футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Конфедератсияи футболи Осиё лоиҳаи "" Tcell – Футбол ба назди Шумо меояд" -ро ба қатори мусобиқаҳои намунавии футболи оммавӣ дар қитъа шомил карда, онро “Беҳтарин лоиҳа” мешуморад.

627

Бозгашт ба рӯйхат