Tcell ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамкории стратегиро оғоз карданд

31 октябри соли 2022 маросими имзои Ёддошти ҳамкории Tcell ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба тавсеаи муштараки лоиҳаҳои иҷтимоӣ- таълимӣ ва мутахассисони ҳирфаӣ баргузор гардид.

Санади ҳамкориро директори филиали ширкати Tcell дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Юсупов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмонзода Аюб Ислом ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илм, таълиму омӯзиш ва фаъолияти иҷтимоӣ фаро мегирад

Бар пояи ин ёддошти ҳамкорӣ, мутахассисони ҷавони донишгоҳ ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ-омӯзишии ширкат дар байни ҷавонон ҷалб карда мешаванд. Дар навбати худ, мутахассисон ва коршиносони бахши телекоммуникатсия ба шарики нав дар таҳияи барномаҳои амалии таълимии донишгоҳ мусоидат намуда, инчунин барои донишҷӯён вобаста ба ихтисос ва фаъолияти роҳбурдии онҳо дар ширкат ҷой ҷудо мекунанд.

Дар ҳошияи ҳамкориҳо, Тсеll дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ гӯшаи нави донишҷӯёнро ифтитоҳ намуд. Ширкат як синфхонаи наву муосирро барои донишҷӯён муҷаҳҳаз кард, то ин ки мутахассисони ҷавон имкон дошта бошанд, донишҳои назариявии худро дар ин ҷо амалӣ созанд.

«Барои Tcell татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои кушодани уфуқҳои нав барои ҷавонон муҳим аст. Бо имзои санади мазкур, ширкати Tcell ва донишгоҳ ба пешрафту тавсеаи ҳирфаии мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, лексия ва дарсҳои амалӣ мегузаронанд. Оператор барои рушду нумӯъи алоқачиёни ҷавон дар минтақа шароити мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом барои ҷалби таваҷҷӯҳи кормандони ҷавон ва рушди нерӯи касбии онҳо нигаронида шудааст”, - мегӯяд Аҳмадҷон Юсупов, директори филиали Tcell дар вилояти Суғд.

«Ёддошти тафоҳум бо ширкати Tcell - ин як қадами нав барои донишгоҳи мо дар баргузории тадқиқоти мустақиму зинда аст ва аз ҷониби мо, мутахассисони мо ва ҳам неруву зарфияти донишҷӯён ҷалб карда мешаванд. Мо аз сӯи худ тамоми талошро ба харҷ медиҳем ва иқтидори илмии худро баҳри рушди ҳамкориҳои стратегӣ истифода хоҳем кард», - иброз дошт Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Шурӯъ аз соли 3-юми таҳсил ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар бахшҳои иқтисод, молия ва телекоммуникатсия таҳсил доранд, инчунин онҳое, ки ихтисосҳои ба ҳамин соҳа наздик мехонанд, метавонанд дар ширкати Tcell давраи таҷрибаомӯзиро гузаронанд.


1022

Бозгашт ба рӯйхат